9 МАЙ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

0 106

     Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад.

    Рӯзи Ғалаба бар фашизм, ки имрӯз дар миёни мардуми сулҳпарвар ва тараққихоҳи ҷаҳон бори шастучорум таҷлил мегардад, аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои фаромӯшнопазир аст.

   Ин санаи таърихӣ дар қатори собиқадорони ҷанг ва одамони калонсол барои наслҳои имрӯза ҳам гиромиву муқаддас аст, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мост.

        Ғалаба бар фашизм ва аз зулму асорати он раҳо ёфтани аҳли башар бори дигар собит сохт, ки агар дар байни халқҳо ва давлатҳо дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад, ягон қувваи бадхоҳу аҳриманӣ аз болои онҳо пирӯз намешавад.

     Ба ибораи дигар, ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон маҳз ба шарофати дӯстии халқу миллатҳои собиқ Шӯравӣ муяссар гардид, ки ин нуктаро ҳеҷ кас ҳаққи фаромӯш кардан ё нодида гирифтан надорад.

    Дар айёми пуртазоди мо низ, яъне замоне, ки ба суботу оромии ҷаҳон хатарҳои азим, аз қабили терроризми байналхалқӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ ва монанди инҳо таҳдид мекунанд, ин сабақи бузурги таърихӣ маънии торафт муҳим касб менамояд.

    Дар ин рӯз ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари  ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ бархоста буданд, халқи Тоҷикистон низ саҳми ба худ муносиб гузоштааст.

    Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд.

    Дар он давраи мудҳиш дар Ватани мо кам хонадонеро дучор омадан мумкин буд, ки доғи он ҷанги хонумонсӯзро надида бошад. Нӯҳуми май моҳиятан рӯзи шодиву нишот аст, вале ҳамчунон санаи ёдбуди онҳоест, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд.

    Ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон – даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башар, ҳамаи онҳое, ки дар он солҳои фоҷиабор дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати ғалаба бар фашизм самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадони Тоҷикистон сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи баланд ва рӯзгори осудаву босаодат орзу менамоям.

    Нуҳуми май барои мардуми мо санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг, пос доштани хотираи неки онҳое, ки дар майдони набард ба ҳалокат расидаанд ва арҷгузорӣ ба заҳмати халқамон мебошад, ки дар ақибгоҳ чандин сол барои таъмин намудани ғалаба аҳлона кор кардаанд.

    Аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар соли 1941 беш аз 300 ҳазор нафар – бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо, яъне қувваи асосии корӣ ба майдони ҷанг сафарбар гардида, беш аз сад ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

     Хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд. Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати бобарори иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд. Дар рӯзҳои иди ғалаба ва дигар ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба онҳо кумакҳои моддӣ расонда мешавад.

н.и.п. Мањмудзода  Қумнирисо  Нурали

муовини  директор  оид  ба  илм  ва 

муносибатҳои  байналмилалӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.