МАҚОМ ВА ҶОЙГОҲИ ЗАН АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛА

0 12

    Набояд фаромӯш сохт, ки солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину басо мураккаб буд ва имтиҳони сахти рӯзгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби худ кашид. Бо вуҷуди ин ҳама монеаҳо, занон аз оғози дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ аз ҷараёни иштирок дар идоракунии кишвар дур намонданд ва дар як зумра рӯйдодҳои кишвар, аз ҷумла муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти кишвар, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамчунин дар масъалаҳои халъи силоҳ, оштӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ, таъмини покизагии маънавию ахлоқии ҷомеа ва ғайра нақши созанда ва ибратбахш бозиданд.

    Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад.

     Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ беш аз 30 ҳазор нафар, таҳсилоти олии касбӣ зиёда аз 53 ҳазор нафар, аз ҷумла дар хориҷи кишвар қариб сеюним ҳазор нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда ҳоло ҳам нокифоя аст.

    Илова бар ин, таъсиси грантҳои президентӣ мусоидат намуд, ки фаъолияти соҳибкории занон хеле густариш ёфта, онҳо баробари беҳтар намудани шароити оилавии худ ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири бевосита расониданд.

     Ҳамин иқдом боис шуд, ки ҳазорҳо нафар бонувони мо ба соҳибкориву тиҷорат рӯ оварданд ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис доданд.

   Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, тавре мебинем, ба фаъол гардонидани нақши онҳо дар муносибатхои ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодӣ равона гардидааст, ки дар натиҷа, имруз занон дар тамоми самтҳои гуногуни иҷтимоӣ фаъолият менамоянд.

   Боиси зикр аст, ки масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон аз рӯзҳои аввали ба ҳайри Раиси Шӯрои олӣ интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи ин марди хирад қарор дошт.

      Бо саъю кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии модару кӯдак, таъмини иштироки ҳарчӣ бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарангӣ ва идоракунии давлат ба яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт ва чораҳои мушаххас андешида шуд. Пеш аз ҳама дар назди Ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои онро таъсис дод.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, ҳануз 27-уми декабри соли 1993-юм “Созишнома оид ба барҳам додани ҳама гуна намудҳои маҳдудияти ҳуқуқи занон”-ро имзо кард.

    Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар давраи соҳибихтиёрии Тоҷикистони азиз ягон самти фаъолияти сохторҳои давлатиро бидуни иштироки фаъолонаи занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Имрӯз занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, ки идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин аст, таъкид карданд, ки «Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд».

     Дар Паёми Пешвои муаззам зикр карда шудааст: « ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш дода шавад, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем»

   Дар асоси Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳамаи намуди зӯроварӣ ва хушунат нисбати занҳо Нақшаи миллии амалиёти беҳтар намудани вазъи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Мутобиқи он баҳри баланд бардоштани мақом ва мавқеи занон ташкили марказҳои бӯҳронии расонидани ёрии рӯҳиву психологӣ ва дастгирии занони ба шаклҳои гуногуни зӯроварӣ дучоршуда, таъсиси системаи таҳсилоти ҳуқуқии занон оид ба муаммоҳои зӯроварӣ, гузоштани «телефонҳои боварӣ» баҳри пешгирии хушунат, гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани ҳаҷм ва сабабҳои муаммоҳои хушунат нисбати занҳо ба роҳ монда шуданд.

     Ҷаҳони муосир беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал ёфтаанд.

     Ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.

      Бахусус, модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзанди бо ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шавад.

      Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.

       Дар ақсои олам низ сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамоянд.

    Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.

   Ҳудуди 32 соли соҳибитстиқлолии Тоҷикистон дар мамлакат даҳҳо тадбирҳое роҳандозиву амалӣ гардиданд, ки ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва мақоми занҳоро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин ва баланд бардошт.

      Таҳия, қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти беҳдошти вазъи занон, аз ҷумла Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020 ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 барои беҳтар намудани сатзи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намуданд.

Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Нуруллоева Сарвиноз Аҳматуллоевна

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.