ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

0 13

    Бояд хотиррасон намуд, ки Артиши Миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии мо ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар давраи ниҳоят ҳассос ва вазнин, ки бақои давлати мустақили тоҷикон зери хатари ҷиддӣ монда буд, таъсис ёфтаанд.

    Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳила ҷудо кардан мумкин аст. Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда Қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳимми ташкилӣ қабул карда шудаанд.

   Сарвари ботадбир бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳо тавонистанд, ки тамоми неруҳои солими ҷомеаро дар атрофи худ гирд оварда, Тоҷикистони навинро аз вартаи фано наҷот бахшанд. Роҳбари ҷавони давлат бо назардошти сабақҳои талхи таърихи бостонӣ ва солҳои аввали Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини сарварии худ ба бунёд, таҳкиму тақвият ва омодасозии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамаи сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекарданд, то барои таъмини бақою устувории давлати навини тоҷикон неруи дифоии аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаю озмоишдида дошта бошем.

      Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо нӯги қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфи умри худро то дами марг барои ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,

Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.

     Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷваонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.

    Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно ғайриимкон мебошад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо аз рӯзҳои аввали истиқлолият дарк мекард.

    Вале маҳз дар ҳамон айём, яъне дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизи мо бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллати тоҷик ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа баррасии чунин масъалаи муҳимтарини давлатдорӣ, яъне таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таъхир афтод.

       Танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба миён гузошта шуд ва мо ин ниҳоди муҳимми давлатиро дар як муддати кутоҳ амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем.

     Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ.

   Ин дар ҳоле буд, ки дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад ва хавфи аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллат ба воқеияти талху даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд.

    Табиист, ки танҳо бо қабули қарор тамоми масоили вобаста ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ яку якбора ҳал намешуданд. Зеро дар он рӯзҳо дар назди Ҳукумат вазифаҳои зиёде қарор доштанд, ки дар шароити бисёр мушкили молиявӣ, яъне холӣ будани хазинаи давлат иҷрои онҳо хеле вазнин буд.

     Бо вуҷуди ҳама мушкилоти иқтисодиву молиявӣ Ҳукумати мамлакат ба бунёди инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, воҳидҳои алоҳида, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ва таъмин кардани ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

    Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли 31 сол аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, тавре ки мебинем, имрӯз ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва нерӯи қодир ба ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

  Сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои аввали истиқлолият — дар шароите, ки сару либос ва силоҳу лавозимоти дуруст надоштанд, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҷонбозиҳои зиёде карданд ва ҳазорон нафари онҳо дар ин роҳ қурбон шуданд, ки хотираи неки муборизони роҳи озодиро халқи сипосгузори тоҷик ҳеҷ вақт фаромӯш намекунад.

     Бо мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдорӣ таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ бо техникаву таҷҳизот ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ тадриҷан беҳтар гардид ва маҳорату малакаи ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ низ тақвият пайдо кард.

     Ҳарчанд ки Артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тӯлонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти мамлакатамон омода гардиданд.

    Халқи тоҷик дар тӯли беш аз ҳазор сол барои эҳёи суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва арзишҳои миллии худ пайваста талош варзидааст.

    Танҳо дар охири асри гузашта ба мардуми матиниродаи мо муяссар шуд, ки ормони чандинасраи худ, яъне бунёди давлати мустақили миллиро амалӣ гардонад.

     Бояд ёдовар шавем, ки расидан ба ин дастоварди бузурги таърихӣ ва ормони деринаи аҷдодамон барои мо ба осонӣ муяссар нагардидааст, зеро бадхоҳони миллати тоҷик дар роҳи арзи ҳастӣ кардани давлати тозаистиқлоли мо монеаҳо эҷод мекарданд ва манфиатдори дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ нобуд сохтани давлати ҷавону соҳибихтиёри Тоҷикистон буданд.

    Хушбахтона, ба шарофати хираду заковати азалии миллати тоҷик ва ҷонбозиву фидокориҳои фарзандони далеру шуҷои халқамон, аз ҷумла афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи навтаъсиси кишварамон мо тавонистем, ки аз вартаи фалокатбор раҳоӣ ёфта, ба хотири эъмори давлати ҷавони миллиамон нахустин қадамҳои устувори худро гузорем ва минбаъд онро пойдору устувор гардонем.

     Дар он айёми мушкил мо инчунин фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сохторҳои милитсия ва амниятро барқарор карда, сипас Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, сохторҳои мубориза бо маводи мухаддир ва дигар сохтору мақомотро таъсис додем, ки барои таъмин намудани суботи сиёсӣ ва амнияти давлат ва ҷомеа саҳми бузург гузоштанд.

     Аз ин рӯ, имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлолият ба ҳайси яке аз рукнҳои асосии давлат дар роҳи ҳифзи дастовардҳои он ба камол расидаанд.

 Муовини  директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.