НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИЛМИ ТИБ

0 16

     Зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асосӣ ва муҳим мебозад. Покдоманӣ, хоксорӣ ва донишмандӣ хоси зани тоҷик аст. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тарбияи занону духтарон, хусусан соҳибмаърифатии онҳо таваҷҷуҳи хоса дода мешавад, саъйу кӯшиш карда мешавад, ки занону духтарон пешвоёни ҷомеа гарданд, пешраву маърифатпарвар бошанд, зеро онҳо метавонанд сатҳи маънавии оила ва ҷомеаро боло баранд. Аз маъхазҳои таърихӣ аён аст, ки занони тоҷик, дар баробари тарбияи фарзандон, дар лаҳзаҳои душвор паҳлуи мардон истода, мардонагиву қаҳрамонӣ, шуҷоату далерӣ нишон додаанд. Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар, олиму тадқиқотгар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст. Маҳз, ҳамин таҷриба нишон медиҳад, ки ҳангоми бунёди ҷомеаи соҳибистиқлолӣ ба тарбияи занону духтарон, донишманду фаъол гаштани онҳо аҳаммияти калон дода мешавад.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳо, суханрониҳо ва паёмҳои солонаи худ масъалаи беҳтар намудани мавқеи занону духтаронро дар ҷомеа ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил дода, бо василаҳои ҳавасмандгардонии занону духтарон онҳоро водор менамоянд, ки дар рушди илми муосири тоҷик саҳми арзанда гузоранд.

    Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ибтикори роҳбари хирадманд, Ҷаноби Олӣ – Эмомалӣ Раҳмон олимаҳои тоҷик имконият ёфтанд, ки дар озмунҳои байналмилалӣ дар ҷодаи илм қувваозмоӣ намоянд. Аз 1 сентябри соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассосиатсияи занҳои илми Тоҷикистон амал мекунад, ки аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Аъзоҳои ассосиатсия олимаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар соҳаи илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ, тиб, забон, адабиёт, таърих ва ғайра кору фаъолият мекунанд.

           Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз ҳазор занҳои олима фаъолияти босамари илмӣ менамоянд. Масалан, Биҳамида Маҳкамова номзади илми кимиё дар соҳаи тиб, дар намоишгоҳи занҳои ихтироъкор, дар Кореяи ҷанубӣ барои ихтирои дорувории «Фитосуман» соҳиби медали тилло гардид.

    Дар IХ-умин намоишгоҳи занҳои ихтирокор дар Кореяи ҷанубӣ соли 2014 доктори илми тиб ва кимиё Мубашира Раҳимова барои ихтироот дар соҳаи кимиё 4 медалро ба даст овард, ки 1 – тоаш тилло буд. Чунин занҳои олима хеле зиёданд. Тибқи Маркази Миллии итиллооту патентӣ зиёда 140 зани тоҷик дар соҳаи тиб патент гирифтанд.

    Мансурова Ирина (1925-1992) яке аз олимаҳои сермаҳ-сулест, ки ҳам дар соҳаи тиб ва ҳам дар соҳаи биохимия ба муваффақиятҳои калоне ноил гардидааст. Ӯ соли 1948 Донишкадаи тиббии Самарқандро хатм намуда, то соли 1959 дар вазифаи ординатори клиникаи кафедраи бемориҳои сироятии ДДТТ ба номи Ибни Сино фаъолият намудааст. Профессор Мансурова И. маротибаи аввал дар ИҶШС усулҳои таҳлили микрохимиявии пунктатҳои ҷигар (унурҳои бофтаи ҷигар, ки бо сӯзани махсус гирифта мешавад), инчунин типҳои конселят-сионии ферментҳоро тадқиқ кардааст. Бо роҳбарии бевоситаи ӯ сабабҳои музмин гаштан ва роҳҳои пешгирии бемориҳо ва инчунин, таъсири растаниҳои доругӣ ба мубодилаи модда дар организми зинда омӯхта шудаанд.

    Ҳакимова Саъдинисо (тав. 1924) асосгузори мактаби акушеру гинекологии Тоҷикистон ва инчунин, аввалин тоҷикзанест, ки соли 1969 узви вобастаи АИТ ИҶШС интихоб гардидааст. Ҳакимова С.Ҳ. аз ординатори одӣ сар карда, то ба вазифаҳои директори Институти илмию тадқиқотӣ ва роҳбари Раёсати тандурустии вилоят расидааст. Ӯ яке аз нахустин докторони илми тиб (аз байни занҳои Осиёи Миёна) буда, тадқиқоти илмиаш ба масъалаҳои танзими эндокринии функсияи бачазоии зан, фаъолияти гармонии комплекси машимаю ҳамл ҳангоми ҳомилагию муътадил ва вазниншуда, фаъолияти усоравии тухмдон ва қабати қишри ғадудҳои болои гурда дар шароити баландкӯҳ, камхунии занҳои ҳомила равона карда шудаанд.

    Як нуқтаи муҳими дигарро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 қайд гардида буд, зикр кардан ба маврид аст, ки дар соҳаи тандурустии 71-дарсади кормандонро занону бонувон ташкил медиҳанд.

      Хулоса занони тоҷик дар баробарии саҳмгузорӣ дар дигар соҳаҳои илм дар илми тибби муосир ҳам ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд ва бо умеду боварии комил гуфта метавон, ки дар оянда ҳам бо муваффақиятҳои назарраси худ ҳиссагузор мегарданд.

Раҷабова К.Н. декани факултети кори дандонсозӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.