ТАЪРИХИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ”

0 123

Таърихи муассиса аз соли 1953 оғоз мегардад. Мутобиқи фармони шуъбаи тандурустии вилояти Кӯлоб аз 14.10.1953с. № 01\10 мактаби тиббии ш.Кӯлоб таъсис дода шуд. Коллеҷи тиббӣ, муассисаи таълимиву тарбиявӣ аз сентябри соли 1953 ҳамчун мактаби тиббии Кӯлоб барои тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурусти ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Соли таҳсили 1953-1954 омӯзишгоҳи тиббӣ 60 нафар довталабонро аз рӯи ихтисоси ҳамшираи тиббӣ қабул кард. Аввалин директори муассиса Г. Чеботарёва буд. Дар он омӯзгорон ва пизишкон Денисов А.Д., Кадюшкин Ю.А., Карачевский Е.М., Лопатина Р.И., Ефтсиева, Бобоҷонов Т., Шулятев В., Пулатов Т.П., Сталштейн, Ш.Қурбонов кору фаъолият намудаанд. Омӯзишгоҳ соли 1956- 48 нафар., соли 1957-50 нафар., соли 1958-85 нафар., соли 1959-116 нафар ., соли 1960-112 нафар., соли 1964-240 нафар мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи тиббиро омода намудааст. Аз ҷумлаи хатмкардагони Омӯзишгоҳи тиббии Кӯлоб олимон, докторони илми тиб Н.Ф. Файзулоев, С.Сафаров, Ҷ.Азонов, А.Ѓоибов, намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Қ. Валиев, раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Афѓонов ва дигарон мебошанд.

Асосгузор ва аввалин директори мактаби тиббӣ  Г.Чобатарёва буд. Бо фармони Вазорати тандурустии РСС Тоҷикистон аз 8.07.1954 № 112 мактаби тиббӣ ба омӯзишгоҳи тиббӣ ба муҳлати сесолаи таҳсил табдил дода шуда буд. Г.Чобатарёва то соли 1954 роҳбарии омӯзишгоҳро бомуваффақият пеш бурда, дар ташкили бисёр сохторҳои таълимию тарбиявии он саҳми назаррас гузошт. Солҳои минбаъда ба Омӯзишгоҳи тиббӣ мутахассисони варзида Пулатов Т.П., (солҳои 1954-1955), Шмегевский С.А., (1955с.), Постников М.В., (солҳои 1955-1958), Доррадж М.М., (1958с.), Валиев Д.С. (солҳои 1959-1961), Г.Чобатарёва (солҳои 1961-1962), Пулатов Т.П., (солҳои 1962-1964), Расулов Нурулло Расулович (солҳои 1964-1967), Пулатов Т.П., (солҳои 1967-1970), Хасанова И. (солҳои 1970-1980), Содиқова Ҳалима Содиқовна (солҳои 1980-1983), Алиева Дилором Нуралиевна (солҳои 1983-1990), Гадоев Бахшибек Шифоевич (солҳои 1990-1999), Холназаров Сафархон аз 17.09.1999с. то 20.03.2011с. ва Назарзода Ҷумахон Шамс аз 06.04.2011с. то 28.08.2020с. роҳбарӣ намуданд. Феълан роҳбарии коллеҷро н.и.т. Азиззода Зубайдулло Абдулло ба уҳда дорад. Соли 1956 хатмкардагони нахустин, ки 48 нафар буданд, соҳиби дипломи омӯзишгоҳ гашта, ҳамчун корманди касбии тиббӣ ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба кор фиристода шуданд. Солҳои минбаъда баробари тараққӣ ёфтани иқтисодиёти ҷумҳурӣ,  раванди  таълими  донишҷӯён  дар  Омӯзишгоҳи  тиббӣ  рӯ  ба пешравӣ ниҳод. Омӯзишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои фелдшерӣ, момодоягӣ, ҳамшираи  тиббӣ мутахассисонро омода мекард. Дар Омӯзишгоҳи тиббӣ шаклҳои таълими шабона, инчунин  гурӯҳҳои мақсадноки омӯзишгоҳи тиббӣ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Данѓара, Темурмалик, Ховалинг, Муъминобод дар назди беморхонаҳо ташкил ёфтанд. Ҳамин тавр, пояи моддиву техникии омӯзишгоҳ тадриҷан беҳтар шуда, барои донишҷӯён шароити хуби зисту таҳсил  муҳайё  мегашт.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.1996, №91 ва фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.12.1966с., №799 омӯзишгоҳи тиббии ш. Кӯлоб ба Коллеҷи тиббӣ табдил дода шудааст.

Имрӯзҳо Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»  яке аз калонтарин  таълимгоҳи  миёнаи  тиббӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар он бештар аз 3800 нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Дар коллеҷ зиёда аз 187 нафар омӯзгорони асосӣ ва зиёда аз 200 нафар омӯзгорони ҳамкор фаъолият менамоянд. 12 нафар кормандони Коллеҷ бо медали “Аълочии тандурустӣ” ва 32 нафари онҳо бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шудаанд.

Дар  Коллеҷ 5 номзадони илм, аз ҷумла 2 нафар номзади илмҳои тиб,  1 нафар номзади илмҳои филологӣ, 1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 1 нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент фаъолият менамоянд.

Коллеҷ  дорои  зиёда  аз  100  кабинету  лабораторияҳои  таълимии фаннӣ мебошад, ки аксарияти онҳо бо маводди зарурӣ, асбобҳои аёнӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошанд.  Дар  коллеҷ  Марказҳои  таълимӣ-табобатии «Стоматология»,   Маркази таълимӣ — истеҳсолии «Дорусозӣ»,  китобхона бо қироатхона (барои 60 ҷойи нишаст), китобхонаи электронӣ, толору майдонҳои варзишӣ,  2 нуқтаи тиббӣ фаъолият менамоянд. Дар коллеҷ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва асосҳои информатика фаъолият менамояд.

Коллеҷ дорои 1 хобгоҳ мебошад, ки дар он айни замон зиёда аз 350 нафар донишҷӯён истиқомат менамоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.