МАМЛАКАТ АЗ ДАСТИ ЗАН ГУЛЗОР ШУД (ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ” АЗ 28.12.2023с.)

0 9

    Чун яке аз рукнҳои асосии давлати демократӣ ҳамасола даҳаи охири моҳи декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат Паёми солонаи  худро ироа менамоянд. Маҳз ироаи Паёми Президенти мамлакат имкон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, акторҳои байналмилалӣ ва шаҳрвандон аз дастовардҳо ва ҳадафу мақсадҳои минбаъдаи мо ба таври комил огоҳӣ пайдо намоянд.

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳуҷҷати стратегӣ таъмини суботи кишвар, волоияти қонун, иҷрои талаботи қонунҳои амалкунадаи кишварро меҳвари асосии давлатдорӣ ва суботи ҷомеа унвон карда, пайваста фаъолияти сохторҳои қудратии мамлакатро самаранок арзёбӣ мекунад ва ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон дастурҳои саривақтӣ ва зарурӣ медиҳанд.

     Яке аз масъалаҳое ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт мебошад. Пешвои миллат пайваста зимни суханрониҳои худ ба масъалаи дастгирӣ ва фаъолнокии занон, эҳтиром ба зан — модар таваҷҷуҳи хосса доранд. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки имрӯз дар мамлакат нақши занон сол то сол дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ боризтар гашта, мавқеи онҳо дар пешбурди равандҳои иҷтимоию сиёсӣ фаъолтар гашта истодааст.

     Аз ҷумла Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ қайд намуданд, ки “мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”. Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ҳатто дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмати давлатиро адо менамоянд. Зан-модар офаранда ва тарбиятгари аҳли башар аст. Набзи зиндагии башар дар тамоми тӯли таърихи инсоният бо набзи зан-модар ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамоҳанг мебошад. Бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф карданд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Аз ин рӯ, сарвари дурандеши мо таъкид менамоянд, ки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону бонувон ғамхору меҳрубон бошем.

     Дар баробари арҷгузорӣ ба зан-модар роҳбари хирадманду дурандеши Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа унвон медиҳанд ва ин нуктаҳоро ба таври васеъ дар Паёми соли 2021 чунин баён доштаанд: “Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.

      Натиҷаи заҳматҳо ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат аст, ки дар 21-соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.

     Воқеан ҳам, нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Раҷабова К.Н. — декани факултети кори дандонсозӣ, тиббӣ- ташхисб ва тиббӣ-профилактикӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.