ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАҶАССУМГАРИ ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲАҲОИ МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ

0 68

     Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, ки санаи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида,  зимни он Роҳбари давлат соли 2024-ро ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд. Соли мазкур ба он хотир эълон карда шуд, ки соли 2024 аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.

     Давлат падидаи ҷамъиятӣ аст. Он дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар давраи муайяни таърихӣ арзи ҳастӣ кардааст. Аз нигоҳи онтологӣ, давлат дар марҳилаҳои пайдоиш ва ташаккули хеш зинаҳои ниҳоят мушкил ва пуртазоди таърихиро аз сар гузаронидааст.

    Муҳимтарин вазифаҳои давлат, дар ҳама шаклҳои он, таъмини истиқлолият, тамомияти арзӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон маҳсуб мегардад.

   Мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад.

    Миллат бе доштани сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ – ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ — сиёсӣ наметавонад аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳамчунон фарҳангӣ, забонӣ, анъана ва урфу одат, ки аз нишонаҳои муҳимми миллат маҳсуб мегарданд, инкишоф ёбад, тараққӣ кунад, ормонҳои худро амалӣ созад. Халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти сиёсӣ эътироф мегардад, агар соҳибдавлат бошад. «Дар чаҳорчӯбаи давлат рӯҳи халқ – маънавиёт, қонунҳо — ҳукмфармоанд. Дар ин муҳит инсонро ҳамчун таҷассумгари ақлу хирад эътироф менамоянд. Ба ӯ ҳамчун мавҷуди озод ва шахсият муносибат мекунанд.

    Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини сиёсии хеш аз ибтидои солҳои 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид мегардад. Маҳз тадбирҳои дар ин давраи трансформатсинӣ андешидашудаи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла оғози ислоҳоти сиёсиву конститутсионӣ, барқарор сохтани фаъолияти фалаҷшудаи давлатӣ, ташкили низоми ягонаи ҳокимияти иҷроя, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судӣ, таъмини қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кафили пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ гардиданд.

   Дар Паёми навбатӣ таъкид карда шуд, ки амалисозии барномаҳои қабулгардида дар се самти рушди миллӣ, се ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ боиси рушди Тоҷикистон дар ин самтҳо гашт. Вобаста ба ин Президенти мамлакат як қатор рақамҳо ва далелҳоеро овард, ки воқеан ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидани кишвари азизамон шаҳодат медиҳанд.

    Соҳиб гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат буда, дар ин ҷода азму талоши  қавӣ дорад, ки аз он маҳсули кори Ҳукумати кишвар ва халқи меҳнаткаши Тоҷикистон дарак медиҳад.

     Ҳадафи дигари стратегии Тоҷикистони азизамон ин бурун баромадан аз бунбасти коммуникатсинӣ маҳсуб меёбад, ки дар ин ҷода низ дастовардҳо назаррасанд. Натиҷаи комёбиҳои коммуникатсионӣ бунёди фазои ягонаи иқтисодӣ, фазои ягонаи сиёсиву ҷуғрофӣ буда, дар ин замина аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни манотиқи мухталифи кишварамон ва мамлакатҳои ҳамсоя раҳо гардидем ва «қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба кишвари воҳид табдил додем».

    Президенти мамлакат дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ доштани масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашариро таъкид фармуда, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоиро вазифадор кард, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд. Дар ҳақиқат дар шароити муосири олами рушдкардаи техника ва технологияи иттилоотӣ, дар замони таҳоҷуми фарҳангӣ, бархўрди тамаддунҳо ва муборизаву  набардҳои иттилоотӣ, зарба задан ба пояҳои ахлоқии ҷомеа ва паҳну пахши иттилооти ғайриахлоқӣ ва дар ин замина пиёда сохтани сиёсати ғаразноки абарқудратҳо ва барпо намудани моҷароҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандӣ воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, беш аз пеш, ҳамчун василаи таъсирбахши неруҳои ғаразнок мавриди истифода қарор мегиранд, ки ташвишовар аст. Мушкил он аст, ки объекти таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии ба ном озод бевосита ҷавонон қарор мегиранд ва натиҷааш ба ҳамагон маълум аст. Пешвои миллат ба ин табақаи иҷтимоӣ таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавононро аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дод.

    Пешвои муаззами миллат дар баромади худ аз пешравиҳои соҳаҳои маорифу тандурусти чунин қайд намуданд.

    Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

    Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.

     Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.

     Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.

     Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.

     Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст.

     Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.

    Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

    Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.

    Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

    Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад.

   Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд.

   Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст.

    Муҳимтарин ҷанбаи Паёми навбатӣ, ки мавриди истиқболи гарму самимии мардуми кишвар ва тамоми қишрҳои ҷомеа қарор гирифт, фарогирии масоили куллии ахлоқи инсонӣ, пешгирӣ аз офатҳои замони муосир тавассути сабзу хуррам гардондани муҳити зист, такмили маърифат ва андешаву ахлоқи башарӣ мебошад. Андешаву афкори санҷидаи Сарвари давлат дар иртибот ба масъалаи ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, хоса шинохти қадри модар, хидмат ба ин офаринандаи инсон бо шеваи хоси ҳакимонаву донишварона моро ба ёди каломи бузургону мутафаккирони барҷастаи адабиёти гузаштаамон мебарад. Ин ҳикмат ва андеша бори дигар собит месозад, ки таҷрибаҳои  ҳосилшуда аз мулоқоту суҳбатҳо бо мардум дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба тамоми манотиқи кишвар Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти ватандӯст, инсонпарвар, соҳибназару соҳибфазилат муаррифӣ менамояд ва ин андешаву афкор дар оянда ба хазинаи ҳикмати ҷовидони миллати тоҷик ворид шуда, дар такмили ахлоқи башарӣ чун андарзи абадӣ ҳазорсолаҳо  хидмат хоҳад намуд.

Муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Нуруллоева Сарвиноз Аҳматуллоевна

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.