ҶАВОНОНРО ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ТАРБИЯ МЕНАМОЕМ

0 21

          «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».

                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

           Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва Паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат оиди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа изҳори нигаронӣ намуда, мубориза бар онро вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватандӯст ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ медонанд.
Коррупсия дар қатори терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун таҳдид ба давлатдории миллии мо ҳисобида мешавад. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шарҳу тавзеҳ дода шудааст: Коррупсия-кирдоре (ҳаракат ё иҷрои беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

           Муқовимат бо коррупсия- таъмини талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия, таҳия, қабул ва амалисозии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба корупсия, ошкор ва бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсия ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва таъмини иштироки фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия мебошад.
Созмони Миллали Мутаҳҳид барои пешгирӣ намудан аз ҳама гуна ҷиноятҳо ва мубориза бурдан бо кирдорҳои коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 Конвенсияеро оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда, рӯзи 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмиллалии мубориза бо коррупсия» эълон карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар баробари дигар давлатҳои узви Созмони миллали Муттаҳид ин рӯзро бо баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсиву оммавӣ таҷлил менамояд.

           Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти муқовимат ба коррупсия ин Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 10-уми январи соли 2007 таъсис дода шудааст. Ҳамзамон якчанд санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ҳам дар сатҳи байналмиллалӣ ва ҳам дар сатҳи давлатӣ амал менамоянд, ки аз ин омили хатарзо ҷилавгирӣ менамоянд. Хулоса, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони соҳаи илму маорифи кишварро зарур аст, ки муқовимат бо коррупсияро вазифаи аслии худ дар назди ватану миллат донанд. Ҷавонон, ки созандагони фардои ватананд, аз паёмадҳои номатлуби ин хатар огоҳ бошанд, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои давлату миллатро аз манфиатҳои шахсии худ авлотар дониста, дар сарсабзу хуррам гардонидани як гӯшаи Тоҷикистони азиз ҳиссагузор бошанд.

Талабова Моҳира

Декани факултети кори ҳамширагӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.