ВОХӮРӢ БО САРДОРИ ГУРӮҲИ ФАВРИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

0 28

      Санаи 20-уми декабри соли равон вохӯрии сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” доир ба мавзӯъи “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, зиракии сиёсӣ, ватандӯстӣ — вазифаи муқаддаси ҳар яки мост” баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, полковник Халилзода Сафаралӣ Ҷума ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ ширкат доштанд.

     Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса доктори илмҳои тиб Азиззода З.А. кушода меҳмононро барои ташкил ва иштирок дар чорабинии мазкур хушомадед гуфт. Сипас, сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковник Халилзода Сафаралӣ Ҷума ба сухан баромада, оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, терроризму экстремизм, корҳои фаҳмондадиҳӣ барои дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки гурӯҳҳои мамнуъ ва барои ҷомеа хатарнок аз хориҷи кишвар тариқи шабакаҳои интернетӣ имрӯзҳо мутаасифона як қатор ҷавонони дорои дониши пасти сиёсӣ, таърихи ва фарҳанги миллатро ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ҷалб карда истодаанд. Ӯ саҳми омӯзгоронро дар тарбияи ҷавонон басо муҳим арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки танҳо паст будани дониши касбӣ, ноогоҳ будани ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллӣ ҷавонононро офиятпазир намуда, онҳоро ба гумроҳӣ мебарад. Ҷавонон бояд донанд, ки мақсади асосии он гурӯҳҳое, ки тариқи шабакаи интернетӣ байни мардум тафриқаандозӣ мекунанд танҳо халалдор намудани ҷараёни зиндагии осоиштаи мардум дар ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

     Новобаста аз корҳои зиёди таблиғотию фаҳмонидадиҳӣ мутаасифона имрӯзҳо ҳолатҳои даст задани як қатор шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандони ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба хариду фурӯши маводи нашъаовар мушоҳида карда мешавад. Гарчанде, ки имрӯзҳо ҳама ҷавонон аз оқибати нохуши хариду фурӯш ва истифодаи маводи мухаддир ба саломатии инсон, вобаста ба ин даст задани онҳо ба ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳо ва паси панҷара қарор ёфтани онҳо хабар доранд вале як қатор шаҳрвандони гумроҳ то ҳол даст ба ин гуна ҷинояти мудҳиш даст мезананд. Агар ҷавонон аз таъсироти манфии маводи мухаддир маълумоти кофӣ дошта бошанд, онҳо ҳеҷ гоҳ ба он сару кор намегиранд.

     Яке аз муаммоҳои барои ҷомеаи мо хатарнок имрӯзҳо таблиғоти ақидаҳои динӣ, ки характери ифротгароӣ доранд боқӣ мемонад. То имрӯз ҳолатҳои пинҳонии даст задани як қатор шаҳрвандон ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳол он, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амалҳо манъ карда шудаанд. Ҷавонон ба ҷойи ру ба мактабу таълим ва касбомӯзӣ овардан ба таълими динию мазҳабӣ машғул гашта рӯҳияи онҳо вайрон мешавад. Гурӯҳҳои террористию экстремистии динӣ аз хориҷи кишвар тариқи шабакаҳои интернетӣ имрӯзҳо бо истифода аз номи дини муъмини Ислом низ кӯшиш карда истодаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои нопоки худро байни ҷавонон паҳн намоянд. Шумо шоҳиди ҳодисаҳои солҳои охир аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бартараф гаштани як қатор гурӯҳҳои силоҳбадасте, ки сарҳади Тоҷикистонро убур намуда, мехостанд дар ҷумҳурӣ амалҳои террористӣ анҷом диҳанд тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастед. Яъне то ҳол низ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чунин гурӯҳҳои террористӣ, ки як қатори онҳо собиқ шаҳрвандони Тоҷикистонанд амал намуда, мақсади дар ҷумҳурӣ халалдор намудани сохти давлатдориро доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксарияташон мусулмонанд метавонанд озодона рукнҳои дини исломро озодона риоя намоянд, лекин бо истифода аз ақидаҳои динӣ байни мардум тафриқаандозӣ албатта боиси халалёбии зиндагонии осоишта дар ҷомеа мегардад ва аз чунин зуҳуроти номатлуб бояд фаъолон ва органҳои дахлдор пешгирӣ намоянд. Мо чунин ҳолатҳоро дар як қатор давлатҳое, ки аксари аҳолиашон мусулмонанд имрӯзҳо мушоҳида карда истодаем.

    Мардуми тоҷик дорои фарҳанги баланди либоспӯшӣ мебошад, ки барои мо аз қадим боқӣ мондаанд. Солҳои охир фарҳанги либоспӯшии мо, аз ҷумла атласу адрас ва чакан хеле хуб таблиғ карда мешаванд ва ҳатто онҳо аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамчун ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд. Вале аз чи бошад, ки духтарон имрӯзҳо аз миллатҳои бегона тақлид намуда, либосҳои онҳоро ба бар мекунанд. Тақлиди фарҳангу либоси бегона ба ҷомеаи ҷаҳонии имрӯзаи мо албатта хатар дорад.

      Аз ин рӯ омӯзгорони муҳтарам аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки имрӯзҳо ҳарчи беҳтару хубтар таълими фанҳои таърихи халқи тоҷик, фарҳангшиносӣ, ҳамчунин фанҳои тахассусиро байни донишҷӯён ба роҳ монед, зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳеҷ як ҷавони соҳиби дониши таъриху фарҳанги бойи миллати худ ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва соҳиби эҳтиром ба касби интихобнамудаи худ даст ба қонунвайронкунӣ намезанад.

     Дар охир роҳбари муассиса Азиззода З.А. ба Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои ташкили чунин вохӯрии судманд ва ҳамкории пайваста дар тарбияи ҷавонон изҳори сипос намуд.

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.