ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ- ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ

0 10

     Тоҷикистони соҳибистиқлол дар даҳсолаи навбатии бунёди давлати миллии хеш қарор дорад, ки ҳамакнун вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои харобиовар ва буҳронҳои шадиди иқтисодиву молиявии пешгӯинашаванда рӯ ба рӯ гардида, тамоми мардуми оламро ноорому осебпазир гардонидааст.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири ин хатарҳо канор буда наметавонад. Балки, зарур аст, ки дар муқобили онҳо истодагарӣ намуда, бо иқтидори қавӣ худро ҳифз намуд.

   Айни замон барои нигоҳдошти сулҳу оромӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, тараққиёти кишвар, рушди иқтисоди миллӣ масъулиятшиносии беандоза зарур аст. Гиромидошт ва пойдор нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, иқтисоди муқтадир ва дар заминаи он нигоҳ доштани некӯаҳволии мардум дар ҳолест, ки ба вазъи давлатдорӣ ва сулҳу осоиштагӣ хатарҳои мухталиф таҳдид мекунанд. Мувофиқи таҳлилу пешгӯии мутахассисону коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекорӣ, камбизоатӣ, норасоии ғизо, болоравии нархҳо, хатарҳои террористию ифротгароӣ вазъият дар ҷаҳонро боз ҳам мушкил мегардонад.

     Дар ин росто, зарур аст, тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон ба хусус ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳад. Арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад. Ҷавонон бояд муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳои ояндаи кишвар бошанд.

     Маҳз ҷавонон дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад бо садоқати бепоён ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Ҷавононе, ки воқеан Ватани худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Барои он, ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо пеш аз ҳама бояд аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёдамон бархурдор гарданд. Ҳамчунин моҳияти истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта бошанд. Маҳз дар ҳамин сурат Ҳукумати кишвар аз амнияти давлату миллат ва рушду ободии Ватан дар оянда хотирҷамъ буда метавонад.

    Лозим ба зикр аст, ки арзишҳои миллӣ дар давоми садсолаҳо ба баробари мо ба зиндагӣ ворид шуда, чун меҳвари муттамаркази пешбаранда оини давлатдории тоҷиконро дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммул, шеваи хоси тадбирандешӣ, талоши фарҳангӣ, рисолати маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ пуштибонӣ намудаанд. Аз ин хотир, нодида гирифтани дастовардҳои ҳазорсолаи таърихию фарҳангӣ аз ҷониби баъзе ҷавонони кӯтоҳандешу бегонапараст оқибати ногувор дорад. Он афроде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти оламшумул, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст. Арзишҳои инсондӯстонаи миллию фарҳангии мо аз қабили дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва калонсолон, меҳнатқаринию накӯкорӣ, пуштибонӣ аз инсофу адолат, дастгирии ятимону муҳтоҷон, ҳамеша дурӣ ҷустан аз ҳасудӣ, кибру ғурур, кинаю адоват, хиёнаткорӣ табиатан ба ғояҳои умумибашарӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ тавъам буда, даҳҳо чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг ва фарзандони фарзонаи миллат дар ин рӯҳияи нек ба камол расидаанд. Бинобар ин шаҳрвандони кишвар ба хусус ҷавононро лозим аст, ки рисолати шаҳрвандии худро ба ҷо оваранд ва арзишҳои миллии худро ҳифз намоянд.

    Боиси фараҳмандист, ки дар кишвари азизамон ба яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арҷгузорӣ гардида, ҳамасола халқи сулҳдӯсти тоҷик санаи фархундаро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ дар фазои сулҳу дӯстӣ ва оромӣ онро ботантана ва шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “… истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст. Дар зарфи 30 соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот мо ҳама якҷо таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд”.

    Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки шуҳрати Тоҷикистони биҳиштосоро дар ақсои олам муаррифӣ намуда, аз Пешвои муаззами миллати тоҷик, ки наҷотбахши халқ аз вартаи нобудшавӣ мебошад, ифтихори беандоза намоем. Зеро обрӯву нуфузи Пешвои миллати тоҷикон давлати моро дар сархати кишварҳои бонуфуз қарор додааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гашт, ки муносибатҳои дӯстона бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон барқарор шаванд. Бо шарофати Пешвои миллат, аз рӯзҳои нахустини давлатсозии миллӣ, мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.

    Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд.

     Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

    Барои нигоҳдошт ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бояд ба худшиносиву ҳуввият ва асолати таърихиамонро таҳким бахшем, ки хоси ташаккул ва таҳаввули инсоният боиси пайдоиши садҳо миллату халқиятҳо гардидааст. «Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошад.

      Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ карда, бароямон роҳи душвори пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад. Худшиносӣ насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад»- таъкид менамоянд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

       Имрӯзҳо бо ташаккул ёфтани равандҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир сатҳи худшиносии миллии ҷавонон аҳамияти хосаро касб менамояд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бисёре аз арзишҳои аслии инсонӣ аз байн рафта, ҷойи онҳоро арзишҳое мегиранд, ки сунъию сохта ва фалаҷкунандаи мафкура, фарҳанг ва ахлоқ мебошанд. Ин раванд боиси коста гардидани сатҳи худшиносии миллии мо гардида, дар ин замина барои пойдории давлату миллат хатар эҷод мекунад.

   Мо бояд фаромӯш насозем, ки миллати мо тамоми арзишҳои моддию маънавӣ, адабию ахлоқӣ ва фарҳангию таърихиеро, ки барои як миллати комил хос мебошад, дорост.

     Дар дунё кам миллатҳое ёфт мешаванд, ки соҳиби чунин арзишҳо бошанд. Мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки арзишҳои миллиро нодида гирем ва ноогоҳона ба фарҳанги бегона пайравӣ намоем. Мо эҳтиёҷ ба фарҳанги бегона надорем. Аз тамаддуни ҷаҳонӣ бештар техника ва технологияи замонавиро бояд омӯхт. Ихтироъкору навовар бояд буд.

    Хулоса, миллати соҳибтамаддуни тоҷик тамоми арзишҳоро дорост. Имрӯз ҷомеаи мо танҳо ба техника ва технологияи навин эҳтиёҷ дорад. Мо бояд такя ба асолати миллӣ намоем. Сарчашмаи хушбахтии мо асолати миллиамон мебошад.

       Маҳз ҳамин арзишҳо ҳисси миллӣ, ватандорию ватансозӣ ва озодиву истиқлолхоҳии моро то ба имрӯз нигоҳ дошта, моро соҳибватан ва ягонагиву муттаҳидии миллати моро абадӣ намудаанд.

       Худшиносии миллӣ ҷавҳари асосии эҳтироми шахс нисбат ба гузаштаву имрӯз ва ояндаи миллати худ аст. Мо танҳо дар заминаи хотираи таърихии худ метавонем аз хатоҳои роҳи давлатдорию давлатсозӣ воқиф бошем ва бо хираду заковати аслӣ ба пеш огоҳона қадам гузорем. Имрӯз таҳкими раванди худшиносӣ ва худогоҳӣ дар кишвари мо барои густариши тафаккури навини миллӣ замина фароҳам овард, ки ҷавҳари онро ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ва сарҷамъиву ваҳдати миллӣ дар пояи андешаи миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳифзу нигаҳдошти онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар соҳибватан аст.

Симои Ҳотамбек, ассистенти кафедраи “Забони англисӣ”-и МДТ-и “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.