ТАДБИРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СПИД

0 5

   Шуруъ аз 1-декабри соли 1988 ҳамасола рӯзи умумиҷаҳонии СПИД доир мегардад, ки мақсади он огоҳ намудани аҳолӣ аз беморӣ ва пешгирӣ намудан аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам барномаҳои мухталифи иттилоотию маърифатӣ, ҳамоиш, машварат, барномаҳои телевизиониву радиоӣ, намоиши аксҳо ва ҳафтаи ташхиси ВНМО баргузор карда мешаванд.

     Бемории СПИД — ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-уми асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ, ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз Вируси норасоии масунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50 фоизро ҷавонони аз 14 то 20-сола ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 млн нафар одамон ба он сироят шуда, 20 млн нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.

     Дар Тоҷикистон аввалин маротиба соли 1991 бемории ВНМО (ВИЧ/СПИД) ба қайд гирифта шудааст.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати иҷтимоӣ солимии шаҳрвандонро ба назар гирифта, 28 декабри соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният” аз 28 декабри соли 2005 қабул намуд.

     Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии амалӣ намудани маҷмўи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуниятро танзим намуда, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои асосии инсонро дар бар мегирад. Он барои пешгирии паҳншавии сироятпазирии Вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар кас ва тамоми ҷомеа  нигаронда шудааст.

     Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 1 маркази ҷумҳуриявӣ, 4 маркази вилоятӣ ва 62 маркази шаҳрию ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО(СПИД) фаъолият доранд, ки мунтазам таҳлили ҳолати сироятёбии ВНМО(СПИД)/БПНМ, расонидани ёрии амалӣ оид ба такмили назорати эпидемиологӣ, ташкил ва гузаронидани маҷмўи чорабиниҳои пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, расонидани тамоми намудҳои ёрии ташхисию табобатӣ ба беморони сироятёфтагони ВНМО(СПИД) ва гирифторони бемории пайдошудаи норасоии масуният (бистарикунонӣ, табобат, назорати диспансерӣ, муоина, пешгирӣ)-ро дар ҷумҳурӣ амалӣ менамоянд.

     Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 320 адад ташхисгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла 42 дастгоҳи замонавии ташхиси иммуноферментӣ фаъолият намуда, дар назди 9 маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дастгоҳҳои муайянкунии таҷзияи занҷираи полимеразӣ (ПЦР) ва дар назди 7 марказ муайянкунии ҳуҷайраҳои СД4 арзи вуҷуд доранд.

     Имрӯз  тамоми дорувориҳои зиддиретровирусӣ дар Тоҷикистон  дастрас буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ройгон тақсим карда мешаванд. Ғайр аз ин, тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба  шахсони бо ВНМО зиндагикунанда  ройгон ба роҳ монда шудааст.   Дар сурати истифодаи саривақтии доруҳо ва ҷиддӣ риоя намудани беморӣ ВНМО идорашаванда  мебошад. Дар ҳолати  табобати  саривақтӣ ва истеъмоли дору нафарони гирифтори ин беморӣ метавонанд фарзандони солим ба дунё оранд.

   ШАРИПОВА К., Декани факултети кори ҳамширагии синфи 9, фарматсевти синфи 9

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.