ТАЪРИХИ ПАРЧАМДОРИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АЗ ЗАМОНИ КУРУШИ КАБИР ТО СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

0 32

     Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошанд«

                                                                  (Эмомалӣ Раҳмон)

 

   Парчам яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ба таҳкими иттиҳоди миллат ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ мусоидат мекунад.

       Аз сарчашмаҳои таърихӣ медонем, ки парчамҳо таърихи 3000-сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони қадим пайдо шудаанд. Дар Авасто дар бораи парчамҳои Бохтари қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст. Дар парчами ҳар давлат нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги он миллат ва роҳи таърихии тайкардаашон таҷассум меёбад.

    Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Дирафши Ковиёнӣ яке аз ривоятҳои машҳури тоҷикон ва тамоми қавмҳои ориёинажод аст, ки дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст. Дирафши Ковиёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрони қадим буд.

     Ниёгони мо тӯли ҳазорсолаҳо зери ливои хеш саф кашида, ватану миллат, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он аст.

   Таърихи парчамдории мо аз замони Куруши Кабир сарчашма гирифта, маъмултарини он парчами Коваи оҳангар мебошад, ки дар таърих бо номи Дирафши коваёнӣ машҳур аст. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиштагӣ ва мубориза барои озодии Истиқлолият маҳсуб меёбад.

      Пас аз фурӯпошии Аморати Бухоро соли 1921 Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро таъсис ёфт. Парчами Аморати Бухоро аз ду ранг — сабзу сурх ва тасвири моҳу ситора, ҳамчунин дар канори чапи рӯйи хати сабз навиштаҷот бо хати арабиасос: «Султон сояи Оллоҳ дар замин аст» иборат буд. Баъд ба ҷои он навишта БНСР, яъне «Бухарская Народная Советская Республика» пайдо шуд. Бо таъсиси ҷумҳурии автономӣ (1924) ва сипас Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929) ранги парчам сурх шуд ва дар канори чапи он акси досу болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хати форсӣ «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» ҷой гирифт. Парчам соли 1953 тағйир ёфт. Он аз боло то поён сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз ва дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача дошт.

       Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 ноябри 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора қабул шуд.

      Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, 24 ноябрро рӯзи Парчами миллӣ эълон кард.

    Ҳамасола, санаи 24-уми ноябр дар кишвари маҳбубу соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатӣ дар руҳияи баланди ватандӯстонаву садоқат ба арзишҳои миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

      Дар замони пеш ҳамин ҷилваи парчам дар болои кохи шоҳон дида мешуд, ки пойдор будани давлатро хабар медод. Агар дар ҳолати ҷангӣ парчами яке аз тарафҳо афтонда мешуд, ин маънои онро дошт, ки лашкари бепарчам ҳуқуқи ҷангиданро надорад.  Имрӯз он нишонаҳое, ки дар парчами мо дида мешавад, ифшогари тавоноии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст.

       Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девон маншаъ

      мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри  сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёгони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр” буда, барҳақ нахустин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҳост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат  қарор бигирад.

Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми хал қ и тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳа қ қ и давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, эҳтиром ба рӯҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон гузаштагони мост. Тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва ин худ далели маърифати баланду нишони дорои анъанаҳои кишваророӣ будани онҳо аст. Парчам аз аҳди қадим барои тоҷикон рамзи иттиҳоду пирӯзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ будааст. Халқи тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби  Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда дирафшро ба миён овард. Имрӯз ҳеҷ давлатеро бе парчам наметавон тасаввур кард. Бино ба достони «Заҳҳок ва Коваи оҳангар»-и «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки морон, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар 17 писари ӯро низ туъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, ба рағми ин шоҳи хунхор шӯрида, пешбанди чармии худро ба сари найза кашида, хал қ ро ба шӯриш даъват кардааст ва ба пирӯзӣ расидааст. Ба ин васила, шоҳ Фаридун ба тахт омада, он пешбанди Коваи музаффарро «Ковиёнӣ дирафш» (дурафш) хондааст. Дирафш аз муродифҳои бостонии парчам аст. Фирдавсӣ ин ҳикоятро ба риштаи назм кашидаст. Баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ парчам ба рамзи пирӯзӣ ва баъд ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфтааст. Бояд гуфт, ки дирафш аз муродифҳои бостонии парчам аст. Таърихнигорон овардаанд, ки дирафши ковиёнӣ солҳои сол мояи ифтихору гурӯҳ ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст.

    Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

     Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами давлатӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд. Дар ҷаҳони муосир доштани парчами давлатӣ ин нишони Истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад, яъне, давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

  Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳои муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

 

Ҷонишини директор оид ба таълим-и
МДТ Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи

Раҳмонзода Раҳматулло Азиз                                      Нуруллоева С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.