ПАРЧАМИ МИЛЛИ НИШОНАИ БАҚОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

0 14

      Инсоният дар таърихи худ рамзҳои гуногунро офаридааст. Дар байни онҳо рамзҳои сиёсӣ мақоми назаррас дошта, он нишони истиқлолият, иттиҳоду ягонагӣ ва қудрату тавоноии миллатро инъикос менамояд. Рамзҳои сиёсӣ аз қабили парчам, нишон, суруди миллӣ хоси давлатҳои муосир буда, он барои ҳар давлат эътибори қонунӣ ва соҳибистиқлолии онро инъикос менамояд.

       Рисолати парчамдории миллати куҳанбунёду сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дошта, аҷдодони мо ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардаанд. Парчами давлатӣ дар ҳақиқат нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад ва моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдорӣ, истиқлолияти Ватан ва чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷой орем.

    Пос доштан ва ҳифз намудани муқаддасоти миллӣ вазифаи мо – шаҳрвандон буда, дар ин замина пояҳои давлатдорӣ устувор хоҳад гашт. Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ дар баланд бардоштани ҳиссу ифтихори миллӣ нақши муҳимро касб менамояд.

    Парчами миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.    Ниёгони мо аз қадимулаём соҳиби парчам буданд, ки он бо номи дравш машҳур буд. Дравши давраи сосониён чор ранг дошт; сурх, сафед, сабз ва зард. Ҳар як ранг рамзи Хешро дошт. Паҳлавонони номӣ ба монанди Рустам, Гударз, Тус, Гев, Сиёвуш ва ғайраҳо дравши хешро доштанд.

     Тоҷикон дар тӯли асрҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале дар хусуси парчамҳои давлати Сомонӣ ва давлатдориҳои сонӣ маълумоти дақиқ нест.

       Ҳатто соли қабули парчами Аморати Бухороро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти заррин иборат буд ва дар канори чапи он рӯйи хатти сабз ҷумлаи «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин» ҳаккокӣ шуда буд.

       Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷои навиштаҷоти «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» чор ҳарф «БНСР» дар рӯй нақш гардид, ки мухаффафи «Бухарская Народная Советская Республика» аст. 16 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва 5 декабри соли 1929 бевосита ба ҳайати ИҶШС шомил карда шуда. Моҳи апрели ҳамон сол парчам дар таҳрири нав қабул шуд. Баъди қабули парчам аз соли 1929 то соли соли 1953 ба он ҳафт маротиба таҳрир ворид карда шуд аз соли 1953 бе таҳрир то соли 1991 арзи вуҷуд кард.

     Бояд зикр намуд, ки «Дирафши Кавиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, ки рамзи абадӣ, бардавомии таърихии давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

     Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари  арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Дар атрофи рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи 16-ум баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро доранд.

      Ранги сурх дар Парчам ифодагарӣ ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи покиву озодагӣ ва ранги сабз бошад, нишона аз неъмати бебаҳои ин миллати куҳанбунёд – фарҳанг ва дониши ҷаҳонгири ӯст.

     Тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам таърихи тӯлонӣ доранд. Хотирнишон бояд намуд, ки дар таърихи 29-уми октябри соли 2009 дар ҳамоиш бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва  ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад. Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми неки Сарвари давлат идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи  ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ  ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад.

    Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Чунончӣ, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад.

     Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида мешавад. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.       Муқаддас донистани парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният дар ҳар давру замон онро барои ҳаёти осоишта ва пирӯзии  адолат баланд мебардорад. Парчам ҳанӯз давраи қадим ҳамчун рамзи  давлатдорӣ,шукӯҳу ифтихор ва ифодагари нангу номуси ватандорӣ эътироф шудааст.

      Лоиқ ба таъкид аст, ки мардуми тоҷик нисбат ба парчам эҳтироми самимӣ ва эътиқоди хоса дорад. Вобаста ба ҳукумронии сулолаҳо аз замони қадим то имрӯз метавонем парчамдории тоҷиконро чунин шарҳ диҳем:

-Дирафши ковиёнӣ

-Штандарти империяи Ҳахоманишӣ

-Дирафши давлати Ашкониён

-дирафши давлати Сосониён

-Дирафши давлати Сомониён

-Дирафши суслолаи Ғӯриён

-Парчами Аморати Бухоро

– Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

— Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

– Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳанӯз дар китоби “Авесто” аз номи Аҳуромаздо чунин омадааст,ки : “Чаҳорумин кишвари неке, ки ман- Аҳуромаздо офаридам Баҳдии зебои афроштадирафш буд.”

   Аҷдоди шарафманди мо на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён таъсис додаанд, балки яке аз давлатҳоие мебошанд,ки соҳибпарчам буданд.

   Доир ба суннати парчамдории давлатҳои абарқудрати гузаштагони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: “ Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нируманди замона ба ҳисоб мерафт.

     Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами шарафу ифтихор ва созандагию бунёдкориро баланд бардошта, барои фардои дурахшон аз сидқи дил меҳнат менамоянд. Мову шуморо лозим аст, ки ҳар лаҳза бо ифтихор аз соҳибдавлатию дастовардҳои замони Истиқлол, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллиро ба ҷой оварда, фарзандону пайвандони худро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ тарбия намоем.

Назирмадова Рисолат ҷонишини декани факултети “Кори табобатӣ”  МДТ Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи  Раҳмонзода Раҳматулло Азиз

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.