ДИРАФШИ КОВИЁН

0 17

    Ҳар як давлати мустақил ва соҳибистиқлол ба воситаи парчаму мудаддасоти  давлаташ  худро   муарифи менамояд.

    Аз ин лиҳоз  парчам дар баробари конститутсия, нишон ва суруди миллӣ аз ҷумлаи мукаддасоти милливу давлатдори буда,  Конститутсия шиносномаи давлату миллат ҳисобида шуда, парчам ва парчамдорӣ яке аз суннатҳои кадими давлатдори ва рамзи ватандорию ватандӯстӣ мебошад.

  Мардуми точик зери ин парчами вахдату якдили устуворона кадам гузошта ба хотири сохтани ҷомеаи мутамаддин дар қатори  дигар муқаддасоти Ватан, Парчами давлати  худро, ки ормони ҳар як  миллати озодихоҳ аст, ба таври ҷовидона муқаддас нигох медорад.

  Агар мо дар бораи ин  муқаддасоти миллӣ  гарчанде,  сухан гӯем хело ҳам кам аст, зеро Парчам матои  одди набуда дар он гуфтаҳои зиёду пурмазмун дарҷ гардида, бо ранго рангии худ мазмунашро   пурҷилло ва парафшон мекунад.  Парчам таърихи сиюнимхазорсола дошта аввалин бор дар Эрон, Чин ва Мисри қадим ба вучуд омадааст.

     Парчамро Алам, Дирафш, Байрак, Ливо ҳам мегуянд.

    Мардуми Ориёи парчамро «Дирафш» меноманд, аввалин дирафше,ки мо аз таърихи он огахи дорем, «Дирафши Ковиён» ё «Дирафши Кова» аст. Вожаи «Дирафш» точикасл ва кухнатарин аст, ки хануз дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ифода ёфтааст.

   Дар бобати пайдошудани Парчам хикояти басо ҷолиб омадааст, ки тавассути «Шоҳнома»-и безаволи А.Фирдавсӣ то ба мо омада расида аст.

    Агар мо сахифахои таърихро варақгардон намоем, огаҳи пайдо мекунем,ки «Шоҳи Тӯрон Арчосп бо шоҳи Ориён Гуштосп ҷанг эълон кард. Ҷанг се рӯз давом ёфта, бо ғалабаи лашкари Тӯрон хотима ёфт. Сарлашкари Тӯрон бе дирафш сипаҳбанди Ориён Зарриро кушта, Дирафши Ковиёнро гирифта назди Арчосп бурд. Тӯрониён аз ин ғолибият шодмони карданд, аммо Ориёниҳо  бошад на танҳо аз маѓлубият балки замми он аз мотами сипаҳбанд ва Дирафши худ ғамгин нишастанд. Баъдтар Гуштосп писари худ Исфандиёрро ба чанги Арчосп фиристод. Исфандиёр бо сарбозони худ ба Турон лашкар кашида ғалаба ба даст овард ва Дирафши Ковиёнро боз пас гирифта ба Ватан баргашт, ки ин рамзи ѓолибиятро нишон медод».

   Аз ибораҳои  дигар гирем лашкаре,ки  ғолибият ба даст меовард   рамзи  ғолибияти худ парчамро дар пешвоӣ лашкари худ парафшон мекунад.

   Коваи охангар, ки аз зулму бедодгарии Заҳҳоки хунхор ба дод омада буд, лашкари худро ба самти Заҳҳоки аждаҳосар равона карда пешдомани чармини худро чун ба сари силоҳи худ рамзи Дирафш афрӯхт ва болои cap бардошта мардумро зери он ба ягонагию муттахиди даъват намуд.

  Аз мазмӯни ҳикоя бар меояд, ки «Коваӣ оҳангар»  дар  баробари  лашкаркашиҳо ба муқобили душман бо парафшонии парчам мардумро ба шӯриш даъват намуда, ин пешбандро «Диравши Коваён»- ном гузоштаанд.

  Ҳамаи подшоҳоне, ба сари кудрати шоҳи меомаданд, дирафшро хамчун рамзи нерую тавоноӣ ва лашкаркашию кишваркӯшоӣ зебу зинат мебахшиданд. Хар яке аз пахлавонону лашкаркашон байни дирафши худ накшеро мегузоштанд, ки ин  далерию часорат ва зурию нотарсиро ифода мекард.

 Пайваста бар ин дар  парчами  Тоҷикистон нақши  хафт ситора  бо  тоҷи  заррин  тасвир ёфта, бо рангорангии пурмазмунаш  тавонист миллати точикро муарифи намуда ҷои махсуси худро дар харитаи ҷаҳони ишғол намуд.

   Тамоми мардумони олам ба парчами давлати худ садоқат ва эҳтиром доранд.

 Боиси ифтихори  ҳар яки мост,ки баъди гузашти асрхо аз нав сохиби Парчами миллат, рамзи давлати мустакилу сохибихтиёр гардидем.  Бояд куфт, ки миллати тоҷик аз қадим дороӣ рамз ва Парчами миллӣ мебошанд. Парчам рамзи давлату давлатдори буда бо дидани он эхсоси Ватадори дар дили хар як шахе ҷуш мезанад   ва   масъулияташро зиёд мегардонад.

 Фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддуни мо точикон аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Точикистон ва заҳмати  шабонарӯзии  Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвоӣ миллат,  Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  24-уми ноябр рӯзи Парчам эълон гардидааст.

   Мардуми  кишвар  ҳамчун  ҷашни умумимиллӣ ҳар сол ин рӯзи таърихиро бо шукӯху  шабоҳати  воло ҷашн мегиранд,ки ин ҳам сарбаландии  миллат ва парафшонии парчами Ҷӯмҳурии Точикистон мебошад.

Эхтиром кардану арҷ гузоштан ба парчам маънии эхтиром ба арзишхои деринаи таърихист ва арҷгузори  ба давлату миллати хеш буда, карзи фарзандӣ ва вазифаи шахрвандии хар як фарди ҷомеа  мебошад, ки ин ҳам сарбаландии миллат ва парафшонии парчами давлат аст.

 «Парчамат парафшон бодо, Тоҷикистон»

 

    Сардори шуъбаи илмӣ-методии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Давлатова  Сайлонби 

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.