НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

0 10

    Тоҷикон яке аз миллат ва халқиятҳои соҳибтамаддуни дорои таърих ва фарҳанги куҳан маҳсуб меёбанд, ки инро илми таърих ва сарчашмаҳои таърихӣ исбот намудаанд. Аммо баъди салтанати бузурги Сомониён, ки тоҷикон давлати мустақили худро доштанд.
Аввалин сухани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон ин буд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам… Мо ҳама бояд ёру бародар бошем». Ин паёме рӯшан аз хираду заковати халқи тоҷик буд, ки дар фитрат ва дилу нияти поки фарзанди арҷманди баргузидааш таҷассум ёфта буд. Дар ин иборати софу сода, ки дар фазои ғуборолуди ноумедиҳо бо ихлосу муҳаббат, бо имону эътиқод садо дод, як ҷаҳон маънӣ ва калиди кушоиши ҳама уқдаву мушкилот нуҳуфта буд. Фарҳанги сулҳ дар ниҳоди маънавӣ, ҷаҳоншиносӣ ва иродати ахлоқиву инсонии Эмомалӣ Раҳмон асли зиндагисозе аст, ки дар рисолат ва сиёсати давлатдории ӯ мувозинату оромишро дар вуҷуди ҳар инсон, дар ҳастии ҷамъият ва дар муносиботу муомилот бо қавму миллатҳои дигар ҳамчун меҳвари ҳама пирӯзиҳо ва пиндорҳои нек ба вуҷуд меоварад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар ёдовар шуданд, ки пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Замоне, ки намояндагони мардуми кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба маснади роҳбари Тоҷикистон пазируфтанд, ӯ ҳамагӣ 40 сол дошт ва дар миёни роҳбарони кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва ҷаҳон ҷавонтарин чеҳраи сиёсии тирози аввал буд. Зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро, ки қаблан ёд кардем, дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд. Бо ҳидояти хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба масобаи арзишҳои аслии башарӣ ва бо ҳадафи демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари хеш асос гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалӣ ба сари қудрат омаданашон танҳо ба хотири ояндаи неки давлату миллат саю талош намуданд, ки ин хислатҳои наҷибш онро маҳбуби дилу азизи ҷонашон гардониданд. Ва ҳар сухане, ки намегуфтан дар ҳол баҳри амалӣ гаштанаш камари ҳиммат мебастанд. Аҳамияти дигари таърихии Иҷлосияи XVI – Шурои Олӣ дар он буд, ки вакилони даъватшуда боварии ояндаи неки Тоҷикистонро ба ин санат гумонбар набуданду умед надоштанд. Вақто, ки Пешвои миллатро дар ин иҷлосия ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб карданду бо тариқи овоздиҳии пинҳони ба вай вакилон овоз доданд, ки дар толори вакилоне буданд, ки ба қудрату тавоноӣ ғаюрию ҷасорати ин абадмарди тоҷик бовар надоштанд, ҳатто худ ба худ мегуфтанд, ки аз уҳдаи ин давлати пароканда баромада наметавонад, гӯён аз канор назорат карда қувваи нетралитет амали хеш меҳисобиданд.
Бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳукмфармост, дар ҷумҳурӣ як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, стратегияҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, инчунин, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қабул гардида, барои татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ зиёда аз 100 барномаи соҳавӣ ва 47 барномаи минтақавӣ таҳия гардидаанд. Таҳия ва қабули барномаҳои болозикр дар шароити ислоҳоти иқтисодӣ ва гузариш ба муносибатҳои нави бозорӣ яке аз тадбирҳои муҳим дар рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсии мамлакат таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ба шумор меравад.
Ба шарофати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ҷаҳониён, ташкилотҳои байналмилалӣ шинохтанд ва эътироф намуданд.
Бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, арзишҳои башарӣ, ҳадафи демократисозии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва марҳилаи тозаи қонунгузорӣ дар кишвар асос гузошт.
Дар саргаҳи ин ибтикорот қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дорад, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар он андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуданд ва аз ин хотир буд, ки санади олӣ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътироф шуд.
Маҳз хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз як кишвари ба пораҳо тақсимшуда Тоҷикистони ягона бунёд гардида, халқи шарифи он дар партави як сиёсат бо ҳам омаданд ва пуштибонӣ аз сиёсти пешгирифтаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуданд. Пешвои миллат дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолӣ шароити хубу арзандаро барои мардуми шарафманди тоҷик муҳаё сохтанд ва ҳамин аст, ки имрӯз шаҳрвандони кишвар бо шукургузорӣ аз оромиву осудагӣ ва тинҷию амонӣ дар фазои ваҳдату якдилӣ умр ба сар бурда, баҳри пешрафти босуботи ояндаи кишвар азму талош мекунанд. Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавонони ояндасози миллат бо ташаббусҳои созанда баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо гузоранд.
Маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як ҷавон имконият фароҳам овард, то аз фарҳанги гузаштаи хеш ҳимоят карда тавонанд.
Бақои миллат ва пешравии давлат аз роҳбари сулҳпарвар ва инсондӯст вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат дастггирии халқ ва хусусан тинҷиву амонии халқу давлатрро дар афзалияти сиёсати худ қарор додаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва дар тӯли 30 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва аз худгузаштанҳо борҳо бо мухолифини сиёсии кишвар дар ваъзиятҳои бениҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ мулоқот намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳему сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо намоем ва ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон расиданд. Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст.
Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.
Нақши Президенти кишвари маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик, пеш аз ҳама, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳёи тамаддун, илму фарҳанг ва мактабу маориф, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва варзиш, бунёди роҳу нақбҳо, берун баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, боло бурдани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ, бунёдкорӣ ва ободонии шаҳру деҳоти мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат басо афзалиятнок аст.
Хизматҳои пураризшу қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1999, №923 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (14-уми ноябри соли 2016, №1356) қабул карда шуд, ки ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Маҳмудзода Қумринисо – ҷонишини директор оид ба илм

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.