ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН

0 14

       “Дар таърихи халқи тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони санади сарнавиштсоз асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд, чунки он дар ҳаёти кишвар гузариши куллиро ба вуҷуд овард”.

                      Эмомалӣ Раҳмон

      Агар ба саҳифаҳои таърихи пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, моҳи ноябр дар таърихи миллати навини мо нақши хеле муассир дорад.

       Маҳз 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд то 2-декабри ҳамон сол баргузор гардид. Дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 23 масъалаҳои гуногуни давлату давлатдорӣ вобаста ба марҳилаи нави таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, 74 қонуну қарор ва фармон ба тасвиб расидааст, ки минбаъд дар эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар нақши бузург гузошт. Воқеан, Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти сиёсии тоҷикон дигаргуниҳои куллиро ба миён овард.

       Ҳадафи асосии баргузор намудани Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон таҳкими авлавиятҳои стратегӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлату миллати тоҷик дар марҳилаи нави ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон волотарин ормонҳои давлатдорӣ, аз ҷумла роҳи сиёсии интихобкардаи миллати тоҷик, таҳкими арзишҳои дунявият дар рушди давлатдории миллӣ, истиқлоли сиёсӣ, тамомияти арзии кишвар, аркони давлатдорӣ, дахлнопазирии ҳудуди давлат, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва муқаддасоти дигари миллӣ таҷассум ёфт.

       Агар истиқлолият барои мо мустақилияту озодиро оварда бошаду ваҳдати миллӣ барои пешрафту бунёдкорӣ заминаи воқеӣ эҷод карда бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии бо тақозои таърих натанҳо тифли дар гавҳора будаи истиқлолиятро наҷод дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд.

     Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомўш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаҳои таърихӣ роҳбари худро пайдо намуда, фазои нави сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.

     Воқеан, дар ин иҷлосияи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас вогузор карда шуд. Ба уҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми масъулияти давлатдории навин вогузор гардид.

      Бaъди бaргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ қaдaм бa қaдaм, мaрҳилa бa мaрҳилa тaмоми соҳa вa сохторҳо aллaкaй бa худ хусусияти созaндaгиро кaсб кaрдaaнд. Дaр як мaрҳилaи кутоҳи тaърихӣ бо ҳaдaфҳои созaндa вa мaқсaдноки Сарвари миллат тамоми соҳаҳои кишвар рушду пешрафт карданд. Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти мaҳбуби кишвaр муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дар бораи аҳамияти таърихӣ доштани ин рӯйдод тaъкид кaрдaaнд: “Бaрои хaлқ, ҳукумaт вa дaвлaти мо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон aҳaмияти бузурги тaърихӣ дорaд. Он ҷомеaро aз муқовимaти сиёсии фоҷиaбор, aз ҷaнги тaҳмилии бaродaркуш, aз оворaгиву дaрбaдaрӣ нaҷот дод”.

       Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва мо, маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, тақдири истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Талабова М.Н., Декани факултети кори ҳамширагии МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.