ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — КАФИЛИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

0 10

                             На ҳар марде, чу ӯ аз ҷон гузар кард,

                              Тани худро ба халқи худ сипар кард.

                              Хатар меомад ҳар ҷо пеши рӯяш,

                              Валекин боз ҳам азми сафар кард.

          Аз таърих   ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеа ҳамеша ба сарвар, пешвои оқилу доно, сиёсатмадори касбӣ, матинирода, адолатпарвару сулҳпарвар ниёз дошт, онҳоро аз вартаи ҷанги бародаркуш ва парокандагӣ нигоҳ дорад. Дар симои Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик маҳз анна ҳамин гуна сарварро дарёфт, ки имрӯз мардум ӯро ҳамчун як шахси таърихию нотакрор мешиносанд.

        Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба майдони  сиёсат омад, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябр дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд ва ӯ барои иҷрои ин вазифаи бар дӯш гирифтааш тавонист содиқ бимонад.

           Баъд аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввалин дар роҳи сулҳ гузошта шуданд. Аммо душманони дохиливу хориҷӣ намехостанд, ки тоҷикон дар як фурсати кӯтоҳ ба сулҳ бирасанд. Онҳо зиндагии осоиштаи мардумро пайваста халалдор мекарданд.

          Дар он лаҳзаи тақдирсоз, ки Тоҷикистон  дар вартаи нобудӣ қарор дошт, Худованд фарзанди фазонаеро роҳбари давлати тоҷикон сазовор донист, к ибо нахустин суханронияш дар ин Иҷлосия дар дилу дидаи мардум ҷо гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чун нишони садоқат ба халқу Ватан парчами мамлакатро бӯсида, савганд ёд карда буд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона, ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам».

       Воқеан ҳам замоне, ки ин суханон баланд садо доданд, мардуми овораю бенавою раҳгумзада дар симои ӯ наҷотбахши худ, ситораи роҳнамои  Ватану миллати худро  диданд.

   Сарвари давлат пайваста ҷаҳду талош мекард. Замоне ҷони худро ба хатар гузошта, декаби соли 1996 ба Хусдеҳи Афѓонистон парвоз кард, бо мақсади  ба Ватан боз овардани гурезагон ва бо роҳбарони мухолифин мулоқот кардан. Бори дигар исбот намуд, ки ӯ ба ваъдааш: «Ман  ба Шумо сулҳ меорам! То гурезаи охирин ба Ватан бар нагардад, худро осуда тасаввур карда наметавонам», устувор мемонад. Сафари Сарвари давлатро ба Афѓонистон ҷуръати хос ва фидокории нодире номиданд.

                Ин марди боҷуръатро дар андак муддат тамоми олам чун шахсияти серѓайрати дар сар андешои поки ватандӯстонадошта ва ташаббускору сулҳпарвар шинохт Тарсу ҳарос аз ӯ дурр шуда буд. Тайёр буд, ки барои ба савганди худ содиқ  мондан ҷон ба хатар гузорад.Дар ҳар куҷо, ки мерафт, тухми Ваҳдат кишт менамуд. Ҳамаи монеаҳоро паси сар кард. Нуфузу обрӯяш дар олам боло гашт.

              Барқарор намудани сулҳ дар саросари кишвар, фурӯ нишондани ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба оштии миллӣ хизмати бузург ва қаҳрамони беназири хурду калони халқи тоҷик буда, самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ақлу заковати  бемисл ва ҷоннисориву роҳнамоии Сарвари кишвар  аст.

             Дар фазои орому осуда ҳаёти шаҳрвандони кишвар рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва бо шукргузорӣ аз суботи мавҷуда шаҳрвандони кишвар баҳри зиндагии арзанда дар ҷомеа ва мустаҳкамии давлатдории миллатамон камари ҳиммат мебанданд.

Хушвахтова Гулангез – ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.