КОНСТИТУТСИЯ КАФОЛАТИ УСТУВОРИ ҲАЁТИ СИЁСИИ МАРДУМИ ТОҶИК

0 11

    Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҷмӯи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои обрӯманди байналмилалӣ эътироф гардид. Бинобар ин мардуми тоҷик эътимод бар он доранд, ки ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими шохаҳои асосии ҳокимият ва низоми давлатдорӣ дар оянда низ нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид. Аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал пайвастанд.

     Бояд зикр намуд, ки Конститутсия маҳсули тафаккури инсонӣ буда, дар давраҳои муайян ба тағйиру иловаҳо эҳтиёҷ пайдо мекунад. Ин ҳолат дар таҷрибаи давлатдории навини мо ба мушоҳида расид.

      Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

     Мавриди зикр аст, ки бо назардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон се маротиба — солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

    Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.

    Конститутсия, пеш аз ҳама, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт. Конститутсия ҳамчунин санади бунёдиву созандае гардид, ки имрӯз дар асоси он ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳуқуқҳои қонунии худро мешиносад ва аз онҳо баҳравар мешавад. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 4 апрели соли 2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки соли 1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд». Ҳамин буд, ки як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус баромад намуданд.

       Аҳамияти таърихии ин санади асосии меъёрию ҳуқуқӣ, ки сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст, ниҳоят бузург аст. Руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватанпарастии ҳар як шаҳрванд нахуст дар эҳтироми ӯ ба Конститутсия муайян карда мешаванд. Зеро туфайли ҳамин санади муқаддас ба низоми давлатдории миллӣ асос гузошта шуда фардои дурахшони Тоҷикистон таъмин гардид.

     Арзиши олӣ эътироф гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон принсипи башардӯстӣ доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунад. Ин санади ҳуқуқӣ бори дигар исбот кард, ки давлату миллати тоҷик соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёданд.

    Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таҳия шуда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи 1-и боби якуми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст. Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.

   Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд.

     Имрӯз мо ҳаёти худро бе арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул шудаанд, тасаввур карда наметавонем. Конститутсияи нав рӯҳу фалсафаи муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро тағйир дода, арзишҳои умумибашариро бо дарназардошти хусусиятҳои миллии кишвар ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Дар заминаи он асосҳои ҳуқуқии низоми сиёсии ҷамъият ва муносибатҳои мутақобилаи миёни давлат ва шахс муқаррар гардиданд.

     Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ба принсипи озодӣ ва демократия устувор аст. Бо дарназардошти ин воқеият мазмун, моҳият ва истифодаи қонунҳо, инчунин фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста ба ҳуқуқ ва озодии инсон муайян карда шудааст. Барои фароҳамоварии муҳити конститутсионӣ дар давлат, тақвияти чаҳонбинӣ ва маърифату рафтори конститутсионӣ омӯзиш ва таҳқиқи асосҳои назариявию таърихӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии конститутсия зарурияти беш аз пешро ба миён овардааст, ки олимону муҳаққиқони тамоми донишгоҳҳову колеҷҳо аз оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли миллӣ то имрӯз ҷанбаҳои гуногун ва мубрами Конститутсияро мавриди омӯзиш қарор дода, ба якчанд дастоварди илмӣ ноил гардидаанд.

      Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, Сарвари давлат соли 2022 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».

     Лозим ба ёдоварист, ки таҳияи Конститутсия бо ҷалби нерӯҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд.

     Аксарияти мутлақи ҳамватанони мо дар раъйпурсии умумихалқии соли 1994 ба тарафдории қабули Конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуданд.

      Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.

       Конститутсия дар баробари эътирофи як қатор арзишҳои давлатдории ҷаҳони муосир, аз қабили сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои таъсис ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ заминаҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овард.

     Таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолият дар Конститутсия вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи мамлакат, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид. Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

     Раванду рӯйдодҳои замони муосир тақозо мекунанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дар маҷмӯъ, меъёрҳои қонунгузории кишвар ва дарки амиқи моҳияти онҳо ҳамчун воситаи муҳимми таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробар­ҳуқуқӣ ҳамеша кӯшиш намояд. Зеро дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ва таъсири торафт афзояндаи равандҳои ҷаҳонишавӣ мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгириф­таи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин кунем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем.

    Хулоса, миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта аст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад.

Бобоева Дилафрӯз сармутахассиси шуъба иаълими МДТ

“Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.