Ин санади олӣ манфиатҳои миллии мардуми бошарафи Тоҷикистонро дар худ таҷассум намуда,аз конститутсияҳои қаблӣ, ки дар таърихи низоми идоракунии давраҳои мухталифи кишварамон солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 қабул гардиданд тафовути куллӣ дорад. Бинобар он, ки арзиши Конститутсияи имруза дар пойдори давлатӣ мустақили мо беҳамто мебошад ва бо гузашти солҳо мазмуну моҳияти навро касб мекунад,мувофиқи мақсад аст, ки баъзе тафовутҳои муҳими онро аз Конститутсияҳои қаблӣ, хусусан аз Конститутсияи соли 1978 таҳлил намоем, ки онҳо барои рушди Тоҷикистон соҳибистиқлол ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд.
Арзишҳои демократӣ табиист, ки бо дарназардошти шароити Тоҷикистон, дар робита бо фарҳангӣ миллии тоҷикон, осори таърихи, анъанаҳои милли амалӣ мешаванд. Демократияи Тоҷикистон дар асл демократияи милли бояд бошад,ба анъанаҳо ва фарҳанги миллии тоҷикон такя намояд. Тоҷикон дар масири таърих аз анъанаҳои демократи бархурдор буданд.Чеҳраҳои шинохтаи фарҳангй форсу тоҷик Сино, Рудакӣ, Фирдавсӣ, Абуҳанифа, Ҷомӣ, Дониш, Айнӣ ва дигарон ҷонибдори ҳаёти демократи буданд, ҳадафи асосии давлатро дар хизмат ба раъият медиданд, андешаҳои шоҳи адолатпеша, давлатӣ адолатпеша, ахлоќи ҳамидаи шоҳи одилро тарғиб менамуданд. Аз ҷумла, Абуҳанифа бо андешаҳои демократии худ дар олами ислом шуҳрати бузургро касб намудааст. У ҷонибдори озодии баён буда, ҳама гуна фатвои беадолатонаро мамнуъ эълон мекунад, аз истифодаи азоини давлат ба манфиати одамон, аз ҳақи мардум муқобили золимон пуштибонӣ мекунад.
Пеш аз ҳама, тафовути муҳим аз конститутсияҳои қабли дар он аст,ки орзуву омоли гузаштагони мо, ки солҳои тулони мустақилияти комил ва рамзҳои давлати миллиро интизор буданд, ҷомаи амал пушид.Зеро барои расидан ба истиқлоли комил халқи мо роҳи тулонии таърихиро паси cap намуда, ба роҳи ин фазоили шукуҳманди таърихӣ бо чашми умед нигарон буд ва имруз ҳодисаҳое, ки дар ҷаҳони мутамаддин рух дода истодаанд, шаҳодати онанд, ки дар ин масири таърих вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як халқу миллати худшинос ин ҳамаҷониба эмин нигоҳ доштани падидаи муқаддас ба ном истиқлол ва давлати милли мебошад.
Дигар ин, ки ин санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ аввалин ҳуҷати сатҳи олии кишвар мебошад, ки на аз номи халқ балки аз ҷониби худи халқ ба тариқи райпурсӣ эълон ва қабул гардидааст ва ин ифодаи орзую ормонҳои мардуми дар муқаддимаи Конститутсия мустаҳкам гардидаанд.
Сеюм, дар Конститутсия давлатӣ демокративу дунявӣ ва ягона будани Ҷумхурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, дар заминаи он принсипҳои демократи ба монанди эътирофи халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, иштироки бемамониати ҳар шахсе дар идоракунии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар падидаҳои нодири демократия таҷассуми худро пайдо намудаанд.
Чорум, дар қонуни асосии кишвар меъёри муҳим, яъне арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои у (мод. 5) мустаҳкам карда шудааст, ки ин меъёри умумипазируфташудаи ҷомеаи башарӣ ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки имруз таърихи зиёда шаст сола дорад, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ такя мекунад. Дар ҳамин ҷо бояд зикр намуд,ки дар Конститутсия ҳамзамон меъёрҳое инъикоси худро пайдо намудаанд,ки ҳануз зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл дар Эъломияи Куруши Кабир дарҷ ёфта буданд, аз қабили ҳуқуқ ба озодии виҷдон. Дар ин замина имруз дар Конститутсия (мод. 5) ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эътирофшуда, муқаррар гардидааст, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд(мод. 26), ки меъёри мазкур ифодакунандаи моҳияти демократии давлат буда,шароити мусоидро барои инкишофи озодонаи инсон фароҳам меорад.
Панҷум, дар Конститутсия аввалин маротиба шакли идораи ҷумҳурии Президенти якдилона пешбини карда шуд ва интихоби ин шакли идоракуни дар тули даврони соҳибистиқлолии мамлакат борҳо собит сохт, ки он ҷавобгуи мақсаду мароми халқи кишвар буда, пешбаранда ва ташаккулдиҳандаи ѓояву ақидаҳои миллӣ ва ҳифзкунандаи арзишҳову дастовардҳои мардумӣ мебошад.