ОМӮЗГОР- ЧАРОҒИ ҶОМЕА

0 21

     Агар Данко дар тирагии ҷангал дили худро чароғ карда, пайравонашро ба маҳалли мақсуд расонида бошад, метавон омӯзгорро ба ӯ нисбат дод. Зеро дар ҳақиқат омӯзгор чароғест, ки роҳи насли наврасро рӯшану пурнур мегардонад. Омӯзгор аст, ки фардои ҷомеа мунаввар, босаодат ва ободу зебост. Агар ободии диёр аз дараҷаи саводу маърифат ва ҳунари мутахассисон вобаста бошад, пас, нақши муаллим ва мураббии онҳо дар ин роҳи неку масъулиятнок ва бошараф хеле бузург аст.

     Таърих гувоҳ аст, ки аз қадим дар ҷаҳон қадри омӯзгор хеле баланд ва тараннуми бузургии ӯ кори бошрафе буд. Дар адабиёти ҷаҳон, ба хусус, дар адабиёти форсу тоҷик дар сифоти устоду муаллим суханҳои олӣ ва хотирмоне суруда шудаанд.

«Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор»- фармудааст устод Абдураҳмони Ҷомӣ.

    Хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо қадру манзалати омӯзгор дар сатҳи даркорӣ қарор дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста мекӯшанд, ки дар пешбурди соҳаи маорифи кишвар ба дастовардҳои беназире ноил гардем. Ташкили дурусти низоми фаъолият дар соҳаи маориф, бунёди як қатор мактабҳои замонавӣ, ифтитоҳи факулта ва донишкадаҳои нав, фароҳам овардани шароити беҳтарини таҳсили донишҷӯён, сафарбар кардани хоҳишмандони таҳсил ба хориҷи кишвар, баргузории як қатор озмунҳои фаннӣ гувоҳи он аст, ки пешрафти маорифи кишвар яке аз самтҳои асосии сиёсати дурандешона ва хирадпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурист.

   Мо омӯзгорон хушбахтем, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият дошта, худро ҳамчун шахсони боэҳтироми ҷомеа эҳсос менамоем. Ва дар айни ҳол масъулияти худро дар назди давлату ҷомеа дарк намуда, пайваста кӯшишу талош меварзем, ки дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон софдилона заҳмат кашида бошем. Зеро медонем, ки:

«Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд…» (Ҷалолуддини Балхӣ)

    Мо омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.», ки имрӯз сарварии онро доктори илмҳои тиб муҳтарам Азиззода Зубайдулло Абдулло бар уҳда дорад, солҳо боз ба таълиму тарбияи насли ҷавон машғулем ва худро хушбахттарин шаҳрвандони Тоҷикистон эҳсос мекунем. Бовар дорем, ки ин ҳисси фараҳбахш тамоми омӯзгорон ва мураббиёни Ватани азизи моро фаро гирифтааст. Зеро таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо — омӯзгорони наслҳо беназиру беҳамтоянд.

     Бо шукргузорӣ аз неъмати истиқлол, фазои орому осудаи диёри аҷдодӣ масъулияти худро дар тарбияи ояндасозони ҷомеа ба дурустӣ дарк намуда, дар алоқамандӣ бо дигар сохторҳои ҷомеа, ба хусус, волидайни таълимгирандагон худро вазифадор медонем, ки дар андешаи ояндаи аз ин ҳам дурахшони Ватан бошем. Шогирдони худро тарзе таълиму тарбият диҳем, ки онҳо як каф хоки Ватанро ба сандуқи зару зевари бегонагон ҳаргиз иваз накунанд. Ҳамин аст вазифаи пуршараф ва мақсаду мароми олии Омӯзгор!

«Як санги Ватан ба кӯзаи зар надиҳам,

Гарди раҳи ӯ ба фунту долар надиҳам.

Як қатраи оби ӯ ба Кавсар надиҳам,

    Зеро ки Ватан азиз аз ҷони ман аст.»- гуфтааст устод Ашӯр Сафар.

   Бо арзи эҳтиром ва самимият тамоми омӯзгорон ва собиқадорони ин соҳаи пуршарафро ба муносибати иди касбияашон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, барори кор ва бахту саодати ҷовидонро таманно дорам.

Қумриннисо Маҳмудзода,

номзади илмҳои педагогӣ,

муовини директори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.» оид ба илм

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.