МАРЗИ ДАВЛАТӢ — ҲАДАФИ БОЗИҲОИ СИЁСӢ ШУДА НАМЕТАВОНАД

0 13

        Дар тули таърих ҳодисаву воқеоти зиёде гузаштааст, ки натанҳо ба корҳои дохилию берунӣ, балки ба марзу буми давлатҳои ҷудогона дахл доштаанд. Аммо мутасифона ин руйдодҳо дар ҷои хушку холӣ не, балки дар асоси нақшаҳои таҳрезишуда ба дахолати шахсияту гурӯҳҳо, ҳатто ташкилотҳои пурқудрати манфиатдор амалӣ мешаванд. Чунин фурсати ҳассосро ҷумлаи нафароне, ки дар пайи ҳадафҳои носозгори хешанд истифода мебаранд. Замони пассошуравӣ чунин омилҳои манфӣ хеле зиёд буданд, маҳз дар ҷумҳуриҳои аъзои ИҶШС, аммо ба хотири узви як иттиҳод будан ба сиёсати ҳамон давраи иттиҳоди Шуравӣ чунин нофаҳмиҳо тез хомуш мегаштанд. Дар асл ин хомӯшӣ нишонаи омодагӣ ба низою муноқишаҳои доманадор буд.

         Акнун биёем сари асли мақсад, ки ин ҳам бошад “Баҳси марзӣ” миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон. “Баҳси марзӣ” миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ин баҳси нав набуда, балки тули даҳсолаҳот, ки давом меёбад. Аммо гап сари он аст, ки кадоме аз тарафҳо дар ин баҳс амали дурӯст мекунанд. Агар ба таърих руй биорем воқеият ин аст, ки миллати тоҷик аз азал ҳамчун миллати соҳиби тамаддун ва фарҳанги ғанӣ, нияти ғасби ҳеҷ марзу буми бегонаро надошт ва нахоҳад дошт. Чун аз азал тоҷик муносибати инсондӯстонаро тарафдор аст, ва ин анъанаро замони муосир давом медиҳад. Осори гаронбаҳои мутафакирону донишмандон; намояндагони ин миллати тамаддунофар тасдиқи гуфтаҳои мост.

                  Шайх Саъдии бузургвор бо дубайтии хеш

       Бани одам аъзои якдигаранд,

       Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

       Чу узве ба дард оварад рӯзгор

       Дигар узвҳоро намонад қарор.

         Ҷаҳониёнро ба андешаҳои мусбӣ водор сохт.

         Агар мо ба маънии ин гуфтаҳо чуқуртар фуру равем, дарк мекунем, ки дӯстиву рафоқат, ҳамраию якдигарфаҳми даст додан ба якдигар, таҳаммулгароию таҳамулпазирӣ аз он хислатҳост, ки ба миллати соҳибфарҳанги тоҷик мансуб мебошад. Имрӯз, дасисаю бухтони бархе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯй, расонаҳои иғвоангезу дуруябоз талош доранд, ки баҳси марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистонро ба як проблемаи на танҳо минтақа балки сатҳи байналмилаллӣ табдил диҳанд.

         Хотирасон бояд кард, ки “Баҳси марзӣ” миёни Тоҷикистону Қиргизистон инак таи 90-сол идома дорад, ки ин ҳам на байни мардумони баҳскунанда имрӯз, балки бо айби нафароне, ки ҳанӯз миёнаи солҳои 20-уми асри гузашта марзҳоро муайян кардаанд. Манфиатҷӯйиҳо ва дурӯст ба инобат нагирифтани ҷузъиёти ин масъалаи барои миллатҳо муҳим, имрӯз боиси ташвишҳои халқу миллатҳои ҷудогона гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳое, ки ин баҳс идома дорад, ҳамеша аз роҳи мусолиҳатомези ҳалли ин масъала ҷонибдор буд ва ҷонибдори мекунад, аммо дурнамои ин раванд нишон медиҳад, ки ҳоло давлат ва ҷомеаи мо барои вазъияту бӯҳронҳои печидатаре бояд омода бошад.

         Имрӯз бо чунин пешниҳодҳо, зарур аст, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз моҳияти низоъ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин баҳс огоҳ бошанд. Аз фазои иттилооти маълум аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ барои ҳимоят аз марзу буми хеш омода ҳастанд. Аммо мутаасифона на ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар бораи худи моҳияти низоъ, сабабҳои он ва мавқеи Тоҷикистон нисбати ин масъала маълумоти аниқ надоранд. Бинобар ин зарур аст, ки мавқеи коршиносони асили ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тамаддуни, ҷуғрофӣ нисбати ин баҳс ба кулли тағйир дода шавад ва онҳо ҳар кадом дар самти хеш ба аҳли ҷомеа моҳияти аслии ин масъаларо фаҳмонад.

         Тибқи назари коршиносон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин баҳс ҳеҷ амалӣ ғайриқонунӣ ва даъвои беасос надорад. Моҳияти соддаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳадии байни ду давлат, имрӯз 211000 га замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёрии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Ин рақам дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ 23,09,2022 садо дод.

         Ин қитъаҳои баҳсӣ, тибқи санадҳои расмӣ 84000 га дар мавзеи Бобоҷон Ғафуров асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё собиқ Қистақуз, 56000 га дар ноҳияи куҳистони Мастчоҳ, 56000 га дар ҳудуди шаҳри Исфара.

         Ин миқдор заминҳое, ки номбар шуд, қонунан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таалуқ доранд. Пас саволе ба миён меояд, ки мо ба воқеияти таърихӣ бовар дошта, бошем ё ин, ки ба маълумотҳои аз воқеият дури расонаҳои иғвоангез. Бинобар ин зарур аст, ки сари ин масъала масъулини тамоми идораҳои дахлдор дурӯст муносибат дошта бошанд ва ба мардум воқеиятро ба пуррагӣ дастрас намоянд.

         Заминҳои дар боло зикршуда қаламравӣ қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд. Дар тули 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун, ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло аз тарафи ин кишвар идора мешаванд. Ҷузъи ҳудудии Тоҷикистон будани ин заминҳо дар замони Шуравӣ низ маълум буд ва дар ин замина баҳсҳои маъмурӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд меомаданд. Аммо дар замони Шуравӣ баҳсҳо то ин сатҳ намерасид. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз танҳо, такя ба ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади ду давлат, аз Қирғизистон талаб дорад, ки заминҳои аз ҳисоби ҳудуди Тоҷикистон дар ихтиёри худ доштаро баргардонанд.

         То имрӯз вобаста ба масъалаи мазкур байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯҳои сатҳои гуногун сурат гирифт. Мутаасифона ҳамаи ин тадбирҳо вазъияти печидаро то ҳанӯз ба эътидол наовард. Чун амалҳое, ки аз ҷониби Қирғизистон нишон медиҳанд бар хилофи қарордодҳои имзошуда мебошанд.         Масалан: ба як амали роҳбарияти Қирғизистон таваҷӯҳ медиҳем соли 1999 Ҷумҳурии Қирғизистон бо фарогирии аксари “қитъаҳои баҳсӣ” вилояти нави Боткандро таъсис дод. Ин вилоят имрӯз ба ҳавзаи махсуси ҳарбиву мудофиавӣ табдил шудааст, роҳбарияти кишвари ҳамсоя, ҳатто саросар мусалаҳ гардонидани сокинони ин деҳаҳои ғайриқонуниро дар нақша дорад.

         Чунин ҳолат, вазъияти мавҷудбударо на хуб, баръакс шидатноктар мегардонанд. Ин вазъият ба низои мусалаҳонаи васеъ ва байнидавлатӣ табдил ёфтани баҳсро рӯз аз рӯз зиёдтар мекунад. Пас имрӯз вақти он аст, ки ҳамаи масъулини мақомоти давлати ба моҳияти масъалаи мазкур баҳои дурӯст дода, вобаста ба самти кории хеш ба аҳли ҷомеа онро баррасӣ кунанд. Бахсус дар чунин шароит кормандони Васоити ахбори омма масъулияти хеле баланд доранд. Моро зарур аст, ки чун вобаста ба ин масъалаи мубрами рӯз дахл мекунем, талош кунем, ки ба санаду ҳуҷҷатҳои асоснокшуда такя дошта бошем. Ин хеле муҳим аст. Мо бояд он суханеро бигӯем, ки ба аҳли ҷомеа воқеияти аслиро ошкор созад.

         Дар тамоми давраи Шуравӣ, пас аз истиқлоли давлатии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон яъне баъд аз соли 1932 то имрӯз ягон ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ин ду давлат дар сатҳи байниҷумҳуриявӣ ва сатҳи ИҶШС қабул нашудааст.        Ҷумҳурии Қирғизистон то 15 – уми апрели соли 1927 ҳамчун вилояти мухтор ва то 05 – декабри соли 1936 ҳамчун вилояти мухтор ба таркиби Россия дохил мешуд. Бинобар ин ҳангоми гирифтани мақоми ҷумҳурии иттиҳодӣ (1936) ин ҷумҳури дар ҳамон сарҳадҳои тасдиқгаштаи солҳои 1924-1927 ва соли 1932 ташкил шудааст.

         Ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара, ки яке аз минтақаҳои баҳсии имрӯз аст, ҳануз соли 1925 ҳамчун ҷузъи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда буд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо, тарафи Ҷумҳурии Қирғизистон такя ба он ҳуҷҷатҳое дорад, ки солҳои 1958-1959, соли 1989 баррасӣ шуданд, аммо чӣ тавре, ки маълум аст, ин ҳуҷҷатҳо мадрақи қонунӣ шуда наметавонанд. Мақсад аз қабули ин ҳуҷҷатҳо муайян кардани хатти сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон нест, балки ин ҳуҷаатҳо танҳо ба масъалаи истифодаи обу замин дахл доранд.

         Ҷониби Тоҷикистон, маҳз ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927-1932 такя карда, заминҳои қонунан ба Тоҷикистон таалуқ доштаро, ки тайи даҳсолаҳо аз ҷониби Қирғизистон ихтиёрдори мешаванд талаб дорад, ки дар ин баҳс ҳуқуқ дорад. Бинобар ин тибқи нишондоди коршиносон маҳз ҳуҷҷатҳои соли 1924-1932 метавонанд мариди баҳс қарор дода шаванд, чун муайянкунандаи марз миёни ин ду кишвар ҳамин ҳуҷҷатҳо шуда метавонанд.

         Танҳо ҳамон сарҳаде, сарҳади воқеи шуда метавонад, ки бо санадҳои қонунии сатҳи давлатӣ ва бо тартиби муқараргардида тасдиқ шуда бошанд. Бинобар ин сарҳади байни Тоҷикистон бо Қирғизистон танҳо ҳамон сарҳадҳои муайяншуда дар доираи санадҳои солҳои 1924-1927 ва соли 1932 мебошанд, ки расмияти қонунӣ барои муайян кардани сарҳадро доранд. Умуман факту рақамҳои ҷойдошта вобаста ба ин “баҳси марзи” исбот мекунанд, ки 211000 га замин қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар ин баҳс Тоҷикистон ба сифати соҳиби ҳақиқии замин баромад мекунад. Яъне ҳақиқати таърихӣ ва адолати ҳуқуқи пурра дар ҷониби Тоҷикистон аст.

         Тоҷикистон ба ғайр аз заминҳои қонунии хеш, ба ягон порча замини ҷумҳури ҳамсоя талабгор нест. Тоҷикистон дар ин баҳс на кишвари таҷовузгар, балки чун кишвари зарардида баромад дорад. Зарур аст, ки дар муносибат бо ин масъала хеле эҳтиёткор бошем. Аз ин лиҳоз ҳар як сокини кишвар шунидаю дидаи худро бо дарки аниқи воқеият баҳо диҳад. Мо набояд ба маълумотҳои нодурусту аз воқеият дури бархе аз расонаҳо бовар дошта бошем.

         Чун ин воқеиятро ҳар нафар ва гурӯҳҳои аз ҳақиқат ноогоҳ барои манфиатҳои хеш истифода бурдани мешаванд. Ҳатто дар чунин вазъият ташкилоту созмонҳои пурқудрати байналмилалӣ, ки ҳадафашон ором шудани вазъият нест, балки боз ҳам шиддатнок гардонидани он аст, бархилофи ҳама гуна қонуну қоидаҳо ва ахлоқи инсонӣ амал мекунанд.

         Бинобар ин, мо чунин гуфтани ҳастем, ки бошад, баҳси мазкур дар доираи муносибатҳои байни ду давлати ҳамсоя бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро ёбад. Мо ба ҳама нафароне, ки мехоҳанд барои манфиатҳои хеш ин баҳси марзиро миёни ду кишвари ҳамсоя, ҳамчун ҳадаф қарор диҳанд, гуфтанием, ки “марзи давлати ҳадафи бозиҳои сиёсӣ шуда наметавонад”.

Омӯзгори калони кафедраи фанҳои

гуманитарӣ МДТ-и Колеҷи тиббии

 ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.            Абдураҳмонов Карим

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.