АҲАМИЯТИ ЭЪЛОНИ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

0 22

          Санаи 27 уми декабри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ҳамоиш доир ба мавзӯи “Аҳамияти эълони соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ташкилу баргузор гардид. Дар ҳамоиш омӯзгорони фанни экология ва география доир ба мавзӯъҳои вобаста ба сабабҳои гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо ва таъсири эҳтимолии манфии он ба табиат ва инсон маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

         Дар ҳамоиш қайд карда шуд, ки 3-юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Чорабинӣ таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обу ҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президети Маҷористон Янош Адер, Президенти хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод кардаанд. Таъкид гардид, ки мутаасифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Аркитика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин тағйироти ҷидди дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.

       Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

           Пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомидани зиёд аст. Аммо раванди тағйирёбии иқлим имрӯз барои ҳифзи пиряхҳо монеа гардида боиси аз меъёр зиёд об гардидани онҳо шудааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз шумораи зиёди пиряхҳои дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтаанд. Ин дар ҳолест, ки то 60% -и захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии навбатии худ дар Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид аз зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бори нахуст дар ҷалласаи нахустини сатҳи баланди гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардида буд, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби бештари таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Ба андешаи коршиносони соҳа пешниҳоди ташаббускоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии пиряхҳо дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Мудири кафедраи химия ва биология Саъдуллоева С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.