ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САРЧАШМАИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ ВА РУШД

0 57

   Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992— дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Иҷлосияи мазкур барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

    Иҷлосия замоне доир гардид, ки тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гашта, хатари парокандагии давлат мавҷуд буд.

      Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои мардуми тоҷик мактаби бузурги ҳаётӣ, ҳодисаи ибратомӯз барои ноил гаштан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва заминаи бузурги ояндасоз арзёбӣ карда мешавад.

   Дар иҷлосия як қа­­­­тор санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки ба таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд. Дар арафаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶТ “Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ”, ки 26 ноябри соли 1992 қабул гардид, мардуми Тоҷикистонро барои расидан ба сулҳу амонӣ умедбахш намуд.

   Дар изҳорот зикр гардида буд: «муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи Қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалҳои тезу тунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд».

   Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯ­зи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кар­дани 26 ноябри соли 1992», Қонунҳои Ҷумҳурии То­ҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчам ва Ни­шони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи сохтори Шӯ­рои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил на­мудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Ин қонунҳо ва санадҳо иқдомҳои аввалини роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафтанд, ки имкон доданд мамлакат ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам гузорад.

   Дар иҷлосия лоиҳаи қа­роре пешниҳод гардид, ки ваколатҳои мансуб ба Президент мин­баъд ба ӯҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба ӯҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда ша­вад. Бинобар ин моддаи 99-и Конститутсия дар таҳрири нав пешниҳод гардид. Тибқи моддаи 109 Конститутсия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

   Барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ дар Тоҷикистон Парлумони ҷумҳурӣ ба Шӯрои Олии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба Тоҷи­кистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро фирис­танд.

   Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи гурезагон», ки заминаи ҳуқуқӣ барои кафолати амният ва расонидани ёрии моддӣ ба онҳо ба шумор мерафт аз он шаҳодат медод, ки Ҳукумати Тоҷикистон тарафдори сулҳу осоиш дар ватан мебошад.

   Дар ин Иҷлосияи таърихӣ намояндаи мардумӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо кӯшишу суханрониҳои пурмуҳтавояш аз ватандӯстӣ ва шердилии худ дарак дод бо дастгирии пурраи вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ӯ тавонист бо қобилияти сиёсию иродаи қавии худ дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷан­ги дохилиро хомӯш намояд. Тартиботи ҷамъиятӣ тадриҷан барқарор гашта, бо кӯшишҳои зиёдаш гурезаҳоро ба Ватан баргардонад.

   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ҷавон ва тозатаъйин дар пеши Ҳукумати Ҷумҳурӣ вазифаҳои асосиро гузошт, ки аз инҳо иборат буданд: дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ; таъсис додани Артиши миллӣ; пурзӯр намудани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тамоми чорабиниҳо асосан барои таъмин намудани амнияти давлат, мустаҳкам намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла, милитсия, куми­таи амнияти миллӣ равона карда шуданд.

   Қабули санад оид ба ҳалъи силоҳ дар миёни гу­рӯҳ­ҳои силоҳбадаст, мустаҳкам намудани ҳайати кадрӣ ва заминаи моддию техникии Вазорати корҳои до­хи­лӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ ва ниҳоди марзбон имкон дод, ки мунтазам амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар мамлакат барқарор гардад.

   Масъалаи муҳими дигар дар он рӯзҳои вазнин таъмини аҳолӣ бо маводи хӯро­ка, аз ҷумла орду равған, шакар ва ғайра буд. Бинобар сабаби фалаҷ гаштани равобити иқтисодӣ тамоми корхонаҳои саноатӣ қариб аз кор монда буданд. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ таъҷилан муносибатҳои дипломатиро бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барқарор намудан лозим буд. Ҳаммаи ин масъалаҳо ба таври оҷилӣ ҳаллу фасли худро меёфтанд. Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва ҳамчунин зимни сафару вохӯриҳояшон ба шаҳру навоҳии кишвар пайваста иброз менамуданд, ки барои барқарор намудани сулҳу осоиштагӣ, баргардонидани гурезаҳо ва барқарор намудани иқтисодиёту хоҷагии қишлоқ тамоми чораҳо андешида хоҳанд шуд. Мардуми Тоҷикистон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварӣ ҳосил намуданд ва умед доштанд, ки ӯ аз ӯҳдаи ваъдаҳои дар назди халқу миллат додааш мебарояд.

   Ҳамин тариқ бузургтарин дастоварди халқи тоҷик пас аз Иҷлосияи таърихӣ барқарор намудани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Таҷрибаи Тоҷикистон, яъне бо ҳам сари мизи гуфтушунид ҷамъ овардани мухолифин, аз сангарҳои ҷанг берун овардан ва тақсимоти вазифаҳои давлатӣ барои сиёсати ҷаҳонӣ бесобиқа ва ибратомӯз ба шумор меравад.

   Дар мамлакат дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёдкорӣ оғоз гардиданд: сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, нақбҳои Истиқлол, Хатлон, Шар-Шар, роҳи автомобилии Душанбе – Айнӣ – Хуҷанд – Чанок, роҳи автомобилии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон, роҳи автомобилии Айнӣ – Панҷакент, сохтмони ГЭС -ҳои Сангтӯда – 1 ва 2, конҳои гази Хоҷасартез, Хоҷабоқирғон, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, азнавсозии фурӯдгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, барқароркунии роҳи оҳани Вахш-Ёвон, роҳи оҳани Душанбе Ваҳдат – Евон, таъсиси даҳҳо корхонаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумлаи инҳо мебошанд.

   Ҳамин тариқ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ заминаи устувор гузошт. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллии нав гардид. Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол садҳо давлатҳо қабул карданд ва он ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд, пули миллӣ ба муомилот баромада, шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Ҳоло бошад раванди рушди Тоҷикистон идома дорад ва мардуми сарбаланди тоҷик умед аз он дорем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ дар ватани мо пойдор бимонад.

    Соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро ҷашн мегиранд ва таърих барои рушди минбаъдаи устувори давлати мо саҳифаҳои навро боз менамояд. Ҷашни Иҷлосияи тақдирсоз муборак бошад ҳамватанони азиз!

Азиззода Зубайдулло Абдулло,

доктори илмҳои тиб, директори

МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.