ОБ-МЕҲВАРИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОР. Саҳми бузурги Пешвои тоҷикон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба оби дунё назаррас аст
Рӯзи дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 ҷараён дорад. Конференсияи мазкур ба масъалаи об, истифодаи он ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда бахшида шудааст.
Мушкили об, ки дар пешорӯи сайёраи мост, солҳои охир бо сабаби гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо инсониятро ба изтироб овардааст. Яке аз он сарвароне, ки дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ ин масъалаи сахт изтиробангези инсониятро гузоштаву бонги хатар аз фоҷиаҳои имкондошта задаанд, Пешвои миллати мо, Сарвари кишвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз бо пешниҳод ва масъалагузориҳои Сарвари мо дар ҷаласаҳои СММ чандин барномаҳои байналмилалии марбут ба об – ин масъалаи барои инсоният хеле муҳим ва ҷиддӣ қабул гардидаву пайгирӣ карда мешаванд. Барномаҳое чунин, чун “Соли байналмиллалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амилиёт “Об барои ҳаёт, 2005 – 2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” аз ин зумра будаанд.
То ҳанӯз дар ҷараёни ин амалиёт ва ташаббусҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаҳои зиёди арзишнок андӯхта шудаанд. Дар ин раванд масъалаҳои идоракунии захираҳои об, беҳтар кардани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ ва беҳдошт, ҷорӣ кардани технологияи нави замонавӣ, маърифат оид ба табиат ва об ҷойи хосса ишғол мекунанд. Солҳои охир офатҳои табиӣ, афзоиши аҳолӣ, афзоиши талабот ба об, шиддати рақобат барои манбаъҳои об ин мушкилро афзунтар сохтаанд ва дахолати фаврии кишварҳоро тақозо доранд. Аз ин рӯ, саҳм ва ташаббусҳои Тоҷикистон ва Сарвари он аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб истиқбол гардидаву аксулсадои бештаре дар ҷаҳон пайдо мекунанд.
Бояд гуфт, ки пешниҳодҳои Сарвари тоҷикон безамина нестанд. Тоҷикистон тайи 15 соли охир барои ҳалли масъалаи дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб 1 миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Дар панҷ соли охир тақрибан 1.2 миллион нафар бо оби босифат ва 600 ҳазор нафар бо оби ошомидании бехатар таъмин гардиданд.
Ахиран Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 22 марти соли равон дар доираи биступанҷсолагии баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ки ҳар сол дар кишварҳои мухталиф таҷлил мегардад, таъкид намуданд, ки “об меҳвари асосии рушди устувор аст”.
Дар суханронии Пешвои миллати мо таъкид шуд: “Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад”. Ва вобаста ба ин иброз доштанд, ки ”захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”.
Дар ин раванд ҳамкорӣ бо бисёр кишварҳо вусъати тоза гирифта, аз таҷрибаи ҳосилшуда пешниҳоди навбатӣ доир ба таҳияи барномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об мавқеи меҳварӣ ишғол менамоянд, асоси мустаҳкам гузошт. Хусусияти хоси барномаи нави рушди устувор, чунонки Сарвари давлат таъкид намуданд, дар он аст, ки захираҳои об дар он ҳамчун унсури асосии рушд эътироф гардидаанд. Пешвои миллат дар ин замина ба ҳамаи кишварҳои ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти рақами 71/222, ки солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард, изҳори ташаккур намуданд.
Пешвои тоҷикон аз санади ниҳоии Панели рӯзи 14 март, ки таҳти унвони “Ҳар қатра об ба ҳисоб гирифта шудааст. Рӯзнома барои амал” доир гардид, ёдовар шуда, се қисми асосии онро муҳим шумурданд:
-
Асоснокӣ барои амал; 2. Рӯзномаи ҳамгироёнаи амал дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ; 3. Суръат бахшидан ба тағйирот, ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкории байналхалқӣ дар сатҳи глобалӣ.