ҶАШНГИРИИ “РӮЗИ МОДАР”

0 33

     Санаи 3 – юми марти соли 2020 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ҷамъомади тантанавӣ, бахшида ба “Рӯзи модар” ташкилу баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур омӯзгорону донишҷӯён бо қироати шеъру таронаҳо дар васфи Зан-Модар суханронӣ намуданд. Ҳамчунин аз тарафи донишҷӯён як барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ гардонида шуд.

Эй кошки то абад намирад модар,
Ё ҳастии ҷовидон бигирад модар.
Меҳр аст саросару вуҷудаш то ҳаст,
Эй кош ки поён напазирад модар.

Чун меҳр, бузургу бенишонӣ модар,
Ороми дилу азизи ҷонӣ модар.
Эй кош ҳамеша ҷовидон мебудӣ,
Он қадр ки хубу меҳрубонӣ модар.

      Бе мубоҳиса ин суханҳо ба хотири модар барҳақ гуфта шудаанд. Зеро модар сарчашмаи ҳаёт ва тарбиятгари инсон аст. Меҳри модар ба фарзанд бо шири ӯ ва оғуши гармаш ворид гардида, то охири ҳаёташ боқӣ мемонад. Заҳмату бедорхобии гароне, ки модар барои ба воя расонидани фарзандаш мекашад ба ҳеҷ заҳмате баробар накарданист. Аз ин рӯ мо ҳама модаронро хеле дӯст медорем ва иззат мекунем. Ба ғайри тарбияту ба воя расонидани фарзанд зан дар рушди ҷомеа баробари мардон меҳнат намуда, дар ободию пешрафти он саҳми бузург доранд. Рӯзи байналхалқии занон аз таърихи муборизаи онҳо барои озодӣ сарчашма гирифтааст.

      8-уми марти соли 1857 дар шаҳри Ню-Йорк коргарзанони корхонаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ намуда, даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, ки он вақтҳо ба 16 соат баробар буд ва беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд аст. Ӯ гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд

         Соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид 8-уми мартро чун “Рӯзи байналхалқии занон” эълон намуд. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми март «Рӯзи Модар» эълон гардид. Тадбири мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати давлатии худ мақоми занро дар ҷойгоҳи хосае қарор додааст. Зимни ироаи Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо дарназардошти амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

     Пешрафти давлатро бе иштироки зан тасаввур намудан ғайриимкон аст, чунки ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Бонувону модарони тоҷик аз қадим заҳматкашу меҳнатқарин буданд ва имрӯзҳо низ онҳо дар баробари мардон барои пешрафту рушди ҷомеа хизматҳои шоиста намуда истодаанд. Модарон меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Модар пеш аз ҳама чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

     Аз ин рӯ духтарон, бонувон ва модарони гиромиқадр ҷашни Рӯзи модарро ба ҳамаи Шумо табрик гуфта, ба Шумо тансиҳатию саодатмандӣ ва сарбаландию хушбахтӣ таманно дорем.

         Идатон муборак бошад модарони азиз!

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.