ИСТИҚЛОЛИЯТ – МАСЪУЛИЯТИ ИМРӮЗ, УМЕДИ ФАРДО

0 2

(Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ)

«Истиқлолияти давлатӣ барои мо, тоҷикон, дастоварди бузургтарин ва неъмати беназир буда, моро водор месозад, ки ин неъмати олиро аз ҳамаи арзишҳои дигар азизу муқаддас ва баланду гиромӣ донем».

                                                  Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои ҳар як миллат танҳо як воқеаи таърихӣ нест, он оғози марҳилаи нав, имтиҳони бузурги давлатдорӣ ва имкони воқеии сохтани ояндаи худ мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар охири асри ХХ ба истиқлолияти давлатӣ расид, ин роҳ осон набуд. Аммо маҳз ҳамин роҳи пурпечутоб имрӯз кишварро ба сатҳи нави рушд ва эътимод ба фардо раҳнамун сохтааст.

Солҳои аввали истиқлолият барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии сиёсиву иқтисодӣ, ноустуворӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Иқтисодиёт фалаҷ гардида, истеҳсолот коҳиш ёфта, сатҳи зиндагии мардум ба маротиб паст гардида, ба марҳилаи хавфнок расида буд. Бо вуҷуди ин, таҳти сарварии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, рӯҳу иродаи қавию шикастнопазири мардум, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва талошҳои муттаҳидона имкон доданд, ки давлат аз ин буҳрони шадид раҳо ёбад.

Даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пеш гирифта, ба тадриҷ кишварамонро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ табдил диҳем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва бахту саодати миллатро таъмин намуд.

Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкорӣ ва расидан ба сатҳи зиндагии шоиста ва раҳоӣ ёфтан аз мушкилоти бебарқӣ, энергетикӣ ва танқисии маводи ғизоӣ буд.

Пӯшида нест, ки Тоҷикистон пас аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар сатҳи пасти тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва техникию технологӣ қарор дошт. Аз ин рӯ Ҳукумати кишвар бо саъю талошҳои пайваста барои бартараф намудани буҳрони фарогир барномаҳои мақсаднокро тариқи муътадилгардонии вазъи иқтисодӣ пай дар пай амалӣ намуд.

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози гардиши куллӣ, марҳилаи сифатан нави рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба шумор рафта, дар назди миллати тоҷик иҷрои вазифаҳои бисёр пурмасъулияти таърихиро ба миён гузошт.

Мардуми тоҷик бо ташаббус ва ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 35 соли истиқлолият ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, маданӣ ва техникӣ ноил гардиданд.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарин дар ин давра барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки соли 1997 дар шаҳри Москва ба даст омад. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳ ва ба Ватан баргардонидани гурезагон имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун намунаи нодир пазируфта шудааст. Маҳз ҳамин ваҳдат заминаи асосии рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардид.

Дар солҳои баъдӣ Тоҷикистон ба ислоҳоти амиқи сиёсиву иқтисодӣ оғоз намуд. Қабули Конститутсия, ташкили институтҳои давлатӣ, гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ҷорӣ намудани пули миллӣ — ҳамаи ин қадамҳо барои ташаккули давлатдории муосир нақши калидӣ бозиданд. Натиҷаи ин сиёсати пайгирона имрӯз ба таври равшан эҳсос мешаванд. Дар давоми ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда, ба яке аз кишварҳои босуръат тараққиёбанда табдил ёфтааст. Даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ дар соли 2000 то ба 65 миллиард сомонӣ дар соли 2026 расидааст.

Ҳамзамон сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 19 фоиз дар соли 2025 коҳиш ёфта, сатҳи зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар гардид. Ин рақамҳо танҳо нишондиҳанда нестанд, онҳо натиҷаи меҳнати софдилонаи мардум ва сиёсати дурусти давлатӣ мебошанд.

Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалисозии ҳадафҳои стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръат — бо ҷиддият идома медиҳад. Дар соҳаи энергетика сохтмони неругоҳҳои бузург, аз ҷумла «Роғун», иқтидори кишварро ба марҳилаи нав мебарорад.

Дар соҳаи нақлиёт, бунёди ҳазорон километр роҳ, пулҳо ва нақбҳо Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил медиҳад. Ин раванд на танҳо робитаҳои дохилиро беҳтар мекунад, балки имкониятҳои нави иқтисодиро барои кишвар фароҳам меорад.

Иқтисодиёти кишвар низ бо суръати баланд ба самти саноатикунонӣ ва рақамикунонӣ ҳаракат мекунад. Дар солҳои охир ҳазорон корхонаҳои истеҳсолӣ таъсис ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ чандин маротиба афзоиш ёфт.

Дар баробари ин, рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои муосир ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфтааст. Ҷорӣ гардидани хизматрасониҳои электронӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯйи иқтисоди муосир ҳаракат мекунад.

Истиқлолият, инчунин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намояд. Имрӯз кишвар бо садҳо давлатҳо муносибатҳои дипломатӣ дошта, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла об ва иқлим, ташаббусҳои муҳим пешниҳод мекунад.

Имрӯз, вақте мо ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар назар меандозем, равшан мегардад, ки истиқлол танҳо дастоварди гузашта нест, он масъулияти имрӯз ва умеди фардо мебошад. Ояндаи ватани азизи мо аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза мо ин неъмати муқаддасро ҳифз намуда, барои рушди минбаъдаи он заҳмат мекашем. Зеро истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки пояи давлатдории навин ва кафили пешрафти устувори кишвар аст.

Вобаста ба ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр хуб ифода кардаанд, ки: «Бо шарофати ин неъмати худодод, яъне истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки роҳи минбаъдаи пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро мустақилона муайян намоем».

Мо, омӯзгорон, мебояд ин суханони пурҳикматро сармашқи кори худ қарор дода, насли имрӯзро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, якпорчагӣ ва дӯст доштани арзишҳои миллӣ тарбия намоем ва номбардори миллати деринсол ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошем.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободии Ватан мисли ангуштони як даст, гулҳои як боғ, фарзандони як модар ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва аз миллати соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни худ ифтихор намоем.

Маҳмудзода Қ.Н., н. и. п., дотсент,

муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.