Наврӯз дар маънои дигар оғози рӯзӣ нав аст.Яне эҳёи ҳама мавҷудоти зинда,ки ин робитаи миёни инсон ва табиатро инъикос мекунад.
Наврӯз ҳамчун пайки баҳор дар худ расму оин ва анъанаҳои хосе дорад,ки аксари онҳо дар рӯзҳои мо низ иҷро мешаванд ва ташаккул меёбанд.
Яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик,дар охири садаи ХХ ин истиқлолияти давлатӣ мебошад. Аз шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суннату оин,ҷашнҳои миллии тоҷикон,ки бо мурури замон қисман маън ва қисми дигараш ба гӯшаи фаромушӣ рафта буданд,аз нав гардиданд.
Наврӯз яке аз он ҷашнҳои миллии мо мебошад,ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон,эҳё гардида шукӯҳу шаҳомати хосаи худро пайдо кард. Чуноне ,ки зикр шуд,Наврӯз сунату оинҳои хеле хосае дорад,ки ҳар кадоми он, як шохаи зиндагии инсонҳоро таҷҷасум мекунад.
Бо фарорасии наврӯз аз ҳама аввал кӯдакон маросими гулгардониро ба ҷой меоранд.Бо ин амал наврасон гӯлҳои баҳориро хона ба хона тақсим карда,мардумро бо омад-омади баҳори нозанин ва наврӯзи Аҷам табрик мегӯянд.Дар ҷавоб ба ин амал соҳибхона ба кӯдакон ҳадяҳои худро тақдим мекунад.
Дигар расми наврӯзӣ ин ҳамон амалест,ки одамон ба ободкорӣ ва сафедкунии дару деворҳо даст мезананд.Ё ин,ки аз ҳоли беморон хабар мегиранд,агар кинаю адовате миёни онҳо бошад,якдигарро мебахшанд,зарфҳои шикастаро мепартоянд,гӯлханҳоро фурӯзон мекунанд, аз болои оташ меҷаҳанд.Ин ҳама амалҳо дорои мазмуни хос буда,таҷҷасумгарӣ зиндагии харрӯзаи одамон мебошанд. .
Тибқи суннату одати мардуми ориёӣ дар нахустин рӯзи наврӯзӣ дастархони пур аз нозу неъмат густурда мешавад.Дар рӯзҳои наврӯзӣ, гӯлдухтарон либоси миллӣ ба бар карда,дастурхони наврӯзӣ омода мекунанд ва дар атрофи он шеъру ғазалхонӣ мекунанд. Дастурхони наврӯзӣ асосан аз«ҳафт сину»,«ҳафт шин» иборат буда,инчунин бо хӯрокҳои хуби наврӯзӣ орро дода мешавад.Адади ҳафт дар забони бостонӣ маънои ҷовидони буданро ифода мекард.
Дар гузашта мардум ҳафтаҳо қабл аз наврӯз ,аз ҳар ҳафт дона сабза мерӯёниданд ва зарфҳои сабз шударо дар хонаҳо мегузоштанд.Ин нишонаи он буд,ки ҳамон сол барои мардум соли пурфайзу бобарор ва нек бошад.
Ин ҳама расму оинҳои наврӯзӣ, ки ба мо аз ниёгонамон ба мерос мондааст,ифодаи он мебошанд,ки Наврӯз ҷашнест,ки бо ҳама хусусиятҳояш амалҳои неку созандагӣ дорад.