НАҚШИ ЗАНОН ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ СИЁСӢ 0 2 Мубодила кардан Ҳар гуна таҳавулоти равандҳои сохти сиёсӣ-ҳуқуқии ҷомеа ғайриимкон аст, агар механизмҳои ин тағйирот тамоми гурӯҳҳо ва категорияҳои иҷтимоии аҳолиро фаро нагирад. Дар ин замина, наметавон муносибатҳои гендерро истисно кард, хусусан бо назардошти он ки ҳуқуқҳои сиёсии занон дар Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ эътирофи васеъ ёфтанд. Модарон дар фалсафаи Шарқ ҳамчун хусусиятҳои универсалии ҳастии инсонӣ эътироф шудаанд, бинобар ин лозим аст мақоми онҳоро низ ҳангоми таҳқиқи аломатҳо ва детерминантҳои иҷтимоиву психологӣ дар раванди идоракунии сиёсӣ ба инобат гирифт. Гарчанде имрӯз занон дар ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок намуда овоз медиҳанд инчунин худро ба мансабҳо пешниҳод мекунанд вале ҳамнуз ҳам масъалаи баробарии зану мард пурра ҳал нашудааст. Ҳанӯз ҳам дар баъзе соҳаҳо имкониятҳо ва шароити занон бо мардон баробар нест. Феминизм дар аввал ҳамчун як ҳаракати иҷтимоии эътирозӣ пайдо шуд. Занон талаб мекарданд, ки ҳуқуқҳояшон поймол нашавад ва онҳо низ мисли мардон ҳуқуқи иштирок дар идоракунии давлат ва ҷомеаро дошта бошанд. Яке аз ҳадафҳои асосӣ гирифтани ҳуқуқи овоздиҳӣ ва иштирок дар сиёсат. Баъдтар феминизм танҳо бо масъалаи ҳуқуқҳои сиёсӣ маҳдуд намонд. Он барои баробар кардани мавқеи иҷтимоии занон бо мардон дар ҳама соҳаҳо махсусан таҳсил, кор, иқтисод, фарҳанг ва оила мубориза бурд. Ба андешаи олимон Т.А. Алексеева ва М.М. Лебедева, феминизм кӯшиш мекард он тартиботи нобаробареро, ки дар ҷомеа байни занон ва мардон вуҷуд дошт ва дар давоми таърих қариб ба ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ таъсир расонда буд, аз байн барад [1, с. 9]. Дар натиҷа, бо шарофати феминизм дар таҳқиқоти илмӣ категорияи нави муҳим «гендер» пайдо шуд. Ҳоло, бо назардошти маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ки занон 1/3 кори пардохтшавандаро иҷро мекунанд ва ҳамзамон 10 % даромади глобалиро мегиранд ва 1 % дороиҳои глобалиро доранд, саволе пеш меояд: оё имконпазир аст, ки шаклҳои демократии сиёсӣ-ҳуқуқии давлатдорӣ бидуни ҷалби занон ба муассисаҳои расмӣ ва ғайриррасмии идоракунӣ ба вуҷуд оянд? Самти умумии таҳқиқот нишон медиҳад, ки иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ дар Тоҷикистон нисбат ба мардон камтар ба назар мерасад. Яъне ҳузури онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва сохторҳои сиёсӣ ҳанӯз ҳам камтар ба назар мерасад. Ин ҳолат метавонад ба нобаробарии муайян дар тақсимоти масъулият ва имкониятҳо миёни занон ва мардон оварда расонад. Эҳтимол, сабабҳои чунин вазъият бештар хусусияти таърихӣ ва иҷтимоӣ доранд. Дар давраҳои гузашта аксари сохторҳо ва ниҳодҳои сиёсиву ҳуқуқӣ асосан аз ҷониби мардон ташкил ва роҳбарӣ мешуданд. Имрӯз масъалаи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ҳамчун як самти муҳими рушди иҷтимоӣ баррасӣ мешавад ва тадриҷан имкониятҳои бештар барои иштироки фаъолонаи онҳо фароҳам мегардад. Дар баъзе таҳлилҳо қайд мешавад, ки муносибати миёни сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандон на ҳамеша ба сатҳи гуфтугӯи фаъол ва ҳамкории пайваста мерасад. Яъне имконият барои муоширати бештари мутақобилан судманд метавонад боз ҳам тақвият дода шавад. Тақвияти муколамаи созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа метавонад ба рушди устувори иҷтимоӣ ва баланд гардидани иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат намояд. Дар гузашта баъзе тартибу қоидаҳои иҷтимоӣ бештар зери таъсири анъана ва тасаввуроти таърихӣ шакл гирифта буданд [2.С.98]. Масалан, дар даврони шӯравӣ ва баъд аз истиқлолият тадриҷан кӯшиш мешуд, ки низоми баҳисобгирӣ ва идоракунӣ тамоми аҳолиро фаро гирад. Бо вуҷуди ин, дар баъзе ҳолатҳо таъсири нигоҳҳои суннатӣ дар амалияи идоракунӣ эҳсос мешуд. Агар ба ҷомеаи муосир назар афканем, метавон гуфт, ки занон барои фаъолият дар соҳаи сиёсӣ ва идоракунӣ бештар ба қоидаҳо ва муҳите мутобиқ мешаванд, ки дар тӯли таърих ташаккул ёфтааст. Ин гуна таҷриба на танҳо ба як кишвар маҳдуд нест. Дар сатҳи байналмилалӣ низ бисёр занони маъруфи сиёсат, аз ҷумла Маргарет Тэтчер, Индира Ганди, Беназир Бхутто ва Ҳиллари Клинтон, фаъолияти худро дар низомҳое анҷом додаанд, ки таърихан шакл гирифта буданд ва тадриҷан рушд мекарданд. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон гуфт, ки дар рафтори интихоботӣ омили гендерӣ ҳамеша таъсири ҳалкунанда надорад ва шаҳрвандон ҳангоми интихоби худ метавонанд ба омилҳои гуногун такя кунанд. Яъне ҷинс танҳо яке аз омилҳое мебошад, ки метавонад ба рафтори интихобкунандагон таъсир расонад. Дар баробари ин, гендер ҳамчун як унсури иҷтимоӣ ба ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва равандҳои иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, омӯзиши рафтори интихоботии шаҳрвандон бо назардошти омилҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шахсӣ сурат мегирад. Ба андешаи Г. Силласте, занон ҳамчун як гурӯҳи иҷтимоӣ дорои хусусиятҳои хоси худ мебошанд. Онҳо қисми муҳими ҷомеаро ташкил дода, дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ фаъолона иштирок мекунанд. Занон дар тӯли таърих нақшҳо ва вазифаҳои гуногуни муҳимро иҷро намудаанд ва дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд. Дар айни замон, ин масъала бештар аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ мешавад ва барои пешгирии ҳар гуна мушкилоти сиёсӣ ё иҷтимоӣ, муносибати мувозинатнок ва оромона муҳим арзёбӣ мегардад Таърихан дар аксари кишварҳо вазифаҳои сатҳи олии ҳокимият асосан ба намояндагони ҷинси мард тааллуқ дошт. Ин раванд натиҷаи фарҳанг, анъана ва тарзи ташаккули ҳокимияти сиёсӣ мебошад, ки занонро дар мақомҳои роҳбарӣ камтар дидаанд. Бо вуҷуди ин, дар давоми якчанд даҳсолаҳо ба таври оҳистагӣ эҳсос мешавад, ки вазъи занон дар низоми сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ тағйир меёбад. Дар сатҳи академияи хизмати давлатӣ ҳамоҳанг бо талаботи замони муосир, сол ба сол ҳиссаи заноне, ки дар самти «идоракунии давлатӣ ва сиёсӣ» таҳсил мекунанд, афзоиш меёбад. Ин раванд нишон медиҳад, ки занон на танҳо дар сатҳи таҳсилот, балки дар ояндаи наздик имкони ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ ва таъсиргузорӣ ба сиёсатро доранд. Бо вуҷуди ин, стереотипҳо ва тасаввуроти пешакӣ дар ҷомеа то ҳол қавӣ боқӣ мондаанд. Бисёре аз мардум ҳанӯз низ бовар доранд, ки ҷойи занон дар соҳаи сиёсӣ нест ва онҳо бояд бештар ба касбҳои анъанавӣ, ба мисли табибӣ, омӯзгорӣ ё фурӯшандагӣ машғул шаванд. Ин тафаккури пешакӣ, ки дар гузашта ҳам вуҷуд дошт, маҳдудиятҳо эҷод мекунад ва боиси камтаҷрибавӣ ва нопуррагии иштироки занон дар мақомҳои роҳбарӣ мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба тағйироти замони муосир, масъалаи иштироки занон дар сиёсат рӯз аз рӯз аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ин на танҳо барои баробарии ҷинсӣ муҳим аст, балки ба беҳтар шудани самаранокии идоракунӣ, ҷалби фикрҳои гуногун ва таҳкими демократия низ мусоидат мекунад. Иштироки фаъолонаи занон дар соҳаи сиёсӣ метавонад боиси эҷоди равандҳои нав, таъмини шаффофият ва ба вуҷуд овардани муҳити идоракунии демократӣ ва мутаносиб гардад. Имрӯз занон фаъолона вазифаҳои роҳбарикунандаро дар сатҳҳои гуногун ишғол мекунанд ва дар соҳаҳои тиҷорат низ муваффақиятҳои назаррас нишон медиҳанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки нақши занон дар сохтори иҷтимоӣ тадриҷан қавитар шуда истодааст ва эҳтимол дорад, ки дар ояндаи наздик ҷомеа ба марҳилае бирасад, ки иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ боз ҳам тақвият ёбад. [6]. Ҳамин ҷиҳати омӯзиши сифатҳои корӣ ва роҳбарии занон яке аз вазифаҳои муҳимтарини илмҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Фаҳмидани омилҳо ва хусусиятҳои роҳбарии занон, роҳҳои пешбурди онҳо ва таъсири онҳо ба ҷамоа ва муассисаҳои сиёсӣ имконият медиҳад, ки равандҳои баробариро дар ҷомеа таҳким бахшад ва иштироки самараноки занонро дар идоракунии давлатӣ таъмин намояд. Ҳуқуқ ба иштирок дар идоракунии давлат барои занон дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон эълон шудааст ва дар як қатор санадҳои муҳими байналмилалӣ низ ин ҳуқуқ мустаҳкам мегардад. Аз ҷумла, ин санадҳо чунинанд: Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои сиёсии занон (1952), ки ҳуқуқи занонро барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ эътироф менамояд, Эъломия оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон (1967), ки зидди ҳама гуна шаклҳои беадолатӣ қарор мегирад, Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон (1979), ки ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии занонро таъмин менамояд ва Платформаи амалҳои Пекин (1995), ки стратегияи байналмилалиро барои баробарии ҷинсӣ ва таҳкими нақши занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт муқаррар мекунад. Иштироки фаъолонаи занон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ ҳам барои таъмин намудани баробарии ҷинсӣ ва ҳам барои рушди ҷомеа аҳамияти стратегӣ дорад. Омӯзиши ин масъала имконият медиҳад, ки роҳҳои самараноки мусоидат ба иштироки занон ва таҳкими нақши онҳо дар ҷомеа муайян гардад. Бо иртибот ба ҳамгироии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири меъёрҳои байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ низ ба назар мерасад. Дар солҳои охир як қатор санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки ба баланд бардоштани мақоми занон ва таъмин намудани баробарии гендерӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи баробарии ҳуқуқии мардон ва занон муқаррар гардидааст [7.С.9]. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини баробарии ҷинсӣ ва мусоидат ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ як қатор қонунҳо ва стратегияҳо қабул шудаанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии ҳуқуқи мардон ва занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» қабул гардида, роҳро барои ҳимояи ҳуқуқҳои занон ва мусоидат ба иштироки онҳо дар тамоми соҳаҳо ҳамвор мекунад. Ҳамзамон, стратегияҳои миллӣ оид ба фаъолгардонии нақши занон амалӣ мешаванд, ки марҳилаҳои солҳои 2011–2020 ва 2021–2040-ро дар бар мегиранд. Ин санадҳо нишон медиҳанд, ки давлат ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва идоракунӣ аҳамияти махсус медиҳад. Дар соҳаи меҳнат низ қонунгузорӣ баробарии имкониятҳоро таъкид мекунад ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъизро дар муносибатҳои меҳнатӣ пешбинӣ менамояд [6.С.54]. Мавҷудияти омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад имкониятҳои занонро дар иштирок дар равандҳои сиёсӣ ва идоракунӣ маҳдуд намояд. Иштироки занон дар идоракунӣ танҳо бо дарёфти вазифаҳои роҳбарӣ, қабули қарорҳо ё пешрафти мансабӣ маҳдуд намешавад. Вақте занон имконияти баробар барои иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиро мегиранд, ин ба рушди умумии ҷомеа низ таъсири мустақим мегузорад[8]. Иштироки занон на танҳо баробарии ҷинсӣ ва адолатро таъмин мекунад, балки ба самаранокии идоракунӣ, таҳкими демократия ва пешрафти иқтисодӣ низ мусоидат менамояд. Дар раванди музокирот занон одатан камтар ба низоъ мераванд ва кӯшиш мекунанд роҳҳои созиш ва компромиссро ҷустуҷӯ намоянд. Онҳо дар муқоиса бо мардон бештар бо ҳассос ба муҳити атроф менигаранд ва аз қабули қарорҳои беасосе, ки мухолифи андеша ва эҳсоси дигарон ҳастанд, худдорӣ менамоянд. Ҳамзамон, занон одатан дар ташкил ва танзими равандҳои ҳаррӯза фаолтар мебошанд ва ба ҷузъиёти хурд, ба монанди вақти иҷрои вазифаҳо ва назорати сифати онҳо диққати бештар медиҳанд. Ин хусусиятҳо ба фаъолияти коллектив ва самаранокии кор таъсири мусбат мерасонанд, зеро равандҳои корӣ бо тартибот ва ҳамоҳангӣ пеш меравад. Барои он ки шахс роҳбари хуб гардад, новобаста аз ҷинс, бояд дорои як қатор сифатҳои муҳим бошад: характери қавӣ, масъулияти инфиродӣ барои натиҷа, ҳисси баланди кордонӣ, қобилияти баланди меҳнат ва фаъолият, инчунин санъати илҳом бахшидан ва роҳнамоӣ кардани коллектив. Дар ҷаҳони муосир ин хусусиятҳо на танҳо ба мардон, балки ба занон низ хос мебошанд, ва таҷриба нишон медиҳад, ки роҳбарони зан метавонанд дар ҳаллу фасли мушкилот ва бартараф кардани конфлитҳо самаранок бошанд. Барои бартараф кардани стереотипи маъмулии иҷтимоӣ, ки гӯё ҷойгоҳи зан дар идоракунӣ маҳдуд аст, метавон ба таърих муроҷиат кард. Дар тӯли асрҳо занон борҳо ба қудрат расида, на танҳо таъсиргузор ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, балки ба сарнавишти давлатҳо низ мебошанд. Аз ҷумла, Клеопатра, ки Мисрро дар даврони ноором идора кард, Княгиня Ольга, ки роҳбарии Киевская Русс-ро устувор сохт, Жанна д’Арк, ки ҷангҳои миллиро роҳбарӣ намуд, Елизавета I ва Екатерина II, ки давлатҳои худро ба сатҳи абарқудрат расониданд, ва дар асри ХХ Индира Ганди ва Маргарет Тэтчер, ки сиёсати ҷаҳониро таҳти таъсир қарор доданд. Ҳамаи онҳо нишон доданд, ки қобилият ва раҳбарӣ ҷинс намешиносад, ва таъсири занон ба таърих ва пешрафти ҷомеа беназир аст. Дар таърихи идоракунии муосир низ метавон мисолҳои занони барҷастаро овард, ки вазифаҳои баландро ишғол кардаанд. Аз ҷумла, Озода Раҳмон раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Валентина Матвиенко, ки раиси Шӯрои Федератсияи Русия мебошад, Элла Памфилова, раиси Комиссияи марказии интихоботӣ, ва Эльвира Набиуллина, президенти Бонки марказии Русия [10]. Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки занон на танҳо дар сатҳи маҳаллӣ, балки дар сатҳи давлатдорӣ низ мақоми муҳим доранд ва метавонанд нақши роҳбариро бо масъулият ва қавӣ иҷро намоянд. Феминизатсияи ҷомеа яке аз хусусиятҳои муҳими замони муосир ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳиссаи занон дар сохтори аҳолӣ ва идоракунӣ дар бисёр кишварҳо рӯ ба афзоиш мебошад. Дар давоми даҳсолаи охир саҳми занон дар ҳайати сохторҳои намояндагии давлатӣ афзоиш ёфтааст. Агар нишондиҳандаҳои намояндагии занонро дар низоми идоракунии сатҳи минтақавӣ таҳлил намоем (бо мисоли воҳидҳои маъмурӣ), метавон дид, ки ҳиссаи онҳо ҳанӯз ҳам нисбатан кам аст, аммо дар баъзе кумитаҳо ва сохторҳои роҳбарикунанда занон вазифаи роҳбариро иҷро мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки бо вуҷуди пешрафт, баробарии ҷинсӣ дар идоракунӣ ҳанӯз пурра таъмин нашудааст ва барномаи ҳавасмандкунӣ ва дастгирии занон дар сатҳҳои роҳбарӣ муҳим аст. Дар ҷаҳони муосир ҳадди ақал ду назария дар робита ба занон дар идоракунӣ вуҷуд дорад. Дар назарияи аввал, дар сиёсат услуби махсуси занона вуҷуд дорад, ки бо диққати зиёд ба шахс ва масъалаҳои иҷтимоӣ тавсиф мешавад. Гуфта мешавад, ки ин услуб ором ва сулҳҷӯёна аст, зеро занон ба истифодаи қувва, оғоз кардани ҷангҳо ва низоъҳо майл надоранд. Ин назария бо таҳқиқоти психологияи гендерӣ ва муқоисаи роҳбарии мардон ва занон дастгирӣ мешавад, ки нишон медиҳад занон бештар ба ҳамоҳангӣ ва мубодилаи масоили иҷтимоӣ аҳамият медиҳанд. Дар баъзе таҳқиқот, аз ҷумла таҳқиқоти Э.С. Чугунова ва Ф.Н. Портнова, фарқият дар муносибати роҳбарони мард ва зан ба фаъолияти корӣ нишон дода шудааст. Тибқи ин таҳқиқот, мардон бештар ба самаранокии кори касбӣ, натиҷаҳои кор ва тартиби фаъолияти даста аҳамият медиҳанд.Дар навбати худ, бисёр занони роҳбар бештар ба муносибатҳои хуби корӣ, ахлоқи касбӣ ва муоширати самаранок бо одамон диққат медиҳанд. Ин фарқиятҳо бештар бо хусусиятҳои иҷтимоӣ, таҷрибаи шахсӣ ва шароити фаъолияти роҳбарӣ вобаста дониста мешаванд, на бо бартарии яке аз ҷинсҳо [9]. Дар вазифаҳои оддӣ ва вазъиятҳои сохторёфта, инчунин дар ҳолатҳои ноаён ва мушкил, услуби идоракунии мардона самараноктар ҳисобида мешавад, дар ҳоле ки дар шароити муқаррарӣ ва равандҳои муқаррарии корӣ услуби занона самараноктар аст. Аммо тибқи натиҷаҳои санҷиши Блейк-Моутон, ҳам барои мард ва ҳам барои роҳбари зан дар таҳлилу тасдиқи қарорҳои идоракунӣ аввалан манфиатҳо ва вазифаҳои ширкат аҳамият доранд, на шахс. Масъалаи иштироки занон дар хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити имрӯза баланд бардоштани нақш ва мавқеи занон дар идоракунии давлатӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шудааст. Бо назардошти аҳамияти ин масъала, давлат ва ҷомеа ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки занон дар фаъолияти идоракунӣ ва қабули қарорҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Айни замон стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди ҷомеа ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии занон равона гардидаанд. Яке аз самтҳои асосии ин сиёсат мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳо ва стандартҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Ин раванд ба таҳкими заминаи ҳуқуқӣ барои таъмини баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар хизмати давлатӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, эҷоди шароити зарурии ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ барои амалӣ гардидани принсипи конститутсионии баробарии ҳуқуқу имкониятҳо байни мардон ва занон аҳамияти калон дорад. Қабули қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар ин самт ба рушди имкониятҳои занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар идоракунии давлатӣ ва сиёсӣ, мусоидат менамояд. Тадбирҳои амалӣ ва ислоҳоти дар ин самт роҳандозишуда имкон медиҳанд, ки занон на танҳо дар сатҳи умумимиллӣ, балки дар сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ низ мавқеи фаъол ишғол намоянд. Иштироки васеи занон дар идоракунии давлатӣ ба баланд гардидани самаранокии фаъолияти идоракунӣ, таҳкими демократия ва рушди устувори ҷомеа мусоидат мекунад. Дар солҳои охир мушоҳида мешавад, ки шумораи занон дар хизмати давлатӣ афзоиш ёфтааст, ки бо равандҳои демографӣ ва тағйироти иҷтимоӣ вобаста аст. Бо вуҷуди афзоиши шумораи занон, бояд қайд кард, ки дар сиёсати кадрии ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба таври комил ба равишҳои гендерӣ ва ба нақши афзояндаи занон диққат дода мешавад.Ҳамин тавр, дар шароити васеъшавии шумораи занон, ки ба хизмати давлатӣ ҷалб мешаванд, зарур аст, ки баъзе принсипҳои ташкил ва истифодаи қувваҳо ва воситаҳои мақомоти давлатӣ бозбинӣ карда шаванд. Ин бозбинӣ бояд ҳамоҳангсозии ҳуқуқҳои шахс бо вазифаҳои хизматӣ, оилавӣ ва дигар вазифаҳои иҷтимоӣ ва касбиро таъмин намояд. Дар ин замина риояи пурраи ҳуқуқҳои конститутсионӣ, шаҳрвандӣ, меҳнатӣ ва оилавии занони корманд, ки аз ҷониби Конститутсияи Тоҷикистон ва қонунҳои миллӣ кафолат дода шудаанд, бе эҷоди механизми амалӣ намудани онҳо дар системаи хизмати давлатӣ ғайриимкон аст. Бояд таъкид кард, ки чунин механизми амалӣ метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад аз ҷумла ҳуқуқи баробар ба таъинот ва пешбарӣ, имкониятҳои мусоид барои ҳамоҳангсозии вазифаҳои оилавӣ ва касбӣ, дастгирӣ ва омӯзиши роҳбарии занон дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бидуни чунин тадбирҳо, занон метавонанд бо мушкилоти равонӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шаванд, ки самаранокии фаъолияти онҳо дар мақомоти давлатӣ коҳиш меёбад. Ин раванд инчунин бо тенденсияҳои ҷаҳонӣ ҳамоҳангӣ дорад: афзоиши иштироки занон дар идоракунӣ ва вазифаҳои раҳбарӣ ба нишондодҳои гендерӣ ва баробарии иҷтимоӣ мувофиқат мекунад. Дар маҷмӯъ, фароҳам овардани шароит барои иштироки пурра ва самараноки занон дар хизмати давлатӣ на танҳо масъалаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, балки омили муҳими стратегӣ барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зеро иштироки фаъолонаи занон дар равандҳои идоракунӣ ва қабули қарорҳо ба гуногунандешӣ, шаффофият ва мутавозин гардидани сиёсати давлатӣ мусоидат мекунад. Ҳузури занон дар сохторҳои идоракунии давлатӣ инчунин ба беҳтар шудани сифати хизматрасонии давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва таҳкими принсипҳои демократӣ замина мегузорад. Аз ин рӯ, дастгирии сиёсати баробарии гендерӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва малакаҳои роҳбарии занон, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои рушди касбии онҳо яке аз вазифаҳои муҳим дар роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа ба шумор меравад. Шаҳноз Носирзолда Омӯзгори кафедраи «Фанҳои ҷамъиятӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А» 0 2 Мубодила кардан