Тарбияи дурусти наврасон яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Наврасӣ давраи ҳассос ва сарнавиштсоз аст, зеро дар ҳамин марҳила ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва орзуҳои ҷавон ташакул меёбанд. Маҳз ба ҳамин масъала дахл карда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бо таассуф зикр намуданд: “Ҳамзамон ба ин, таъкид месозам, ки ҳамкории мақомоти давлатӣ ва чомеаи кишвар дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст”. Аз ин рӯ, зарурати дар таҳрири нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир қабул кардани қонуни зикршуда ба миён омад. Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳмияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд.
Аз ин лиҳоз, падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд. Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст. Зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор доранд. Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад.
Дар ин замина мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Муҳаммад Ғазолӣ чунин гуфтааст: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ”.
Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад Аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Баъзе падару модарон тарбияи фарзандони худро ба мактаб ҳавола намуда, чунин мепиндоранд, ки гӯё кори таълиму тарбия фақат вазифаи муассисаи таълимӣ мебошад.
Пеш аз ҳама, масъулияти асосӣ бар дӯши оила меафтад. Падару модар аввалин мураббиён ва намунаи ибрат барои фарзанд мебошанд. Муносибати гарм, муҳаббат, назорат ва ҳамзамон озодии оқилона ба наврас имкон медиҳад, ки худро боваринок ва мустақил эҳсос кунад. Агар дар оила фазои солим ҳукмфармо бошад, наврас низ бо ахлоқи ҳамида ва эҳтиром ба дигарон ба воя мерасад.
Баъди оила, мактаб ҷойгоҳи муҳим дорад. Омӯзгорон на танҳо дониш медиҳанд, балки дар ташаккули шахсият низ саҳм мегузоранд. Устод метавонад бо рафтору гуфтори худ барои хонанда намуна бошад. Таълим ва тарбия бояд якҷоя пеш раванд, зеро танҳо дониш бе ахлоқ ҷомеаро пеш намебарад.
Ҷомеа низ дар тарбияи наврсасон саҳми калон дорад. Дӯстону ҳамсолон, ҳамсоягон ва ҳатто расонаҳо ба андешаву рафтори наврас таъсир мерасонанд. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет метавонанд ҳам манфиатовар ва ҳам зараровар бошанд. Аз ин рӯ, назорат ва роҳнамоии дуруст хеле муҳим аст.
Давлат бо қабули қонунҳо, барномаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷавонон масъулияти худро иҷро мекунад. Масалан, дар Тоҷикситон таваҷҷуҳ ба сиёсати ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва наврасон равона шудаанд.
Гарчанде оила, мактаб, ҷомеа ва давлат масъулияти калон доранд, худи наврас низ бояд ҳисси масъулиятшиносӣ дошта бошад. Наврас бояд дарк кунад, ки рафтору кирдораш пеш аз ҳама ба ояндаи худи ӯ таъсир мерасонад. Қобилияти интихоб кардани дӯстони хуб, истифодаи дурусти вақт ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз худогоҳии ӯ вобаста аст. Тарбияи дуруст танҳо бо назорат не, балки бо бедор намудани виҷдон ва масъулияти шахсӣ самара медиҳад.
Дар баробари донишандӯзӣ, тарбияи маънавӣ аҳмияти калон дорад. Омӯзонидани эҳтиром ба калонсолон, дӯст доштани Ватан, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ ва инсондӯстӣ бояд аз кӯдакӣ оғоз гардад. Арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва анъанаҳои мардумӣ дар ташаккули шахсияти солим нақши муҳим мебозанд.