Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст. Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Мероси фарҳангии ҳар миллат нишонаи рӯҳу ҳастии ӯст. Мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон, бо фарҳанги бостонии худ садсолаҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар ин росто, ҷашнҳои миллии Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон ҳамчун рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ, бозгӯи асли фарҳанги дерина ва тамаддунофари тоҷиконанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳои расмӣ, борҳо таъкид намудаанд, ки эҳё ва гиромидошти ин ҷашнҳои миллӣ на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки роҳи муҳими таҳкими ҳувият, ваҳдат ва худогоҳии миллӣ мебошад.
Сада ҷашни офтоб, рӯшноӣ, олами розҳои инсонӣ мебошад, ки аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон сарчашма гирифтааст. Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳр, муҳаббат ва рӯ овардан ба рӯшанист. Тавлиди оташ — таҷаллии нуру мазҳари ҳастӣ ва пирӯзии рушанӣ бар зулмот, адл бар беадолатӣ мебошад.
Бо гузашти замон ҷашни мазкури миллии мо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, ба таври зарурӣ ќайд намегардид. Маҳз дар замони Истиқлол бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон ҳамчун ҷашни миллӣ, ки дар даврони мухталифи таърихӣ анъанаҳои мардумӣ ба ҳисоб мерафт аз нав эҳё шуд. Сарвари давлат ба арзиш ва қимати ҷашнҳои миллӣ — аҷдодӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла қайд намудаанд «Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».
Боиси ифтихор аст, ки санаи 6 декабри соли 2023 бо ташаббуси ду кишвари ориёинажод- Тоҷикистон ва Эрон “Ҷашни Сада” аз тарафи созмони байналмилалии ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд, ки ин боз як қадами неки дигари меросбарони ин фарҳанги зебо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Сада, ки 50 рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил мегардад, ифодакунандаи неруи оташ, нур ва пайки бедории инсон аст. Дар Паёмҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат таъкид мешавад, ки эҳёи Сада — эҳёи донишу хирад, эҳтиром ба обу оташ ва эҳёи анъанаҳои созандаи ниёгон аст.
Бо ибтикори Пешвои миллат дар ҳама гӯшаю канори ҷумҳурӣ шуруъ аз соли 2018 Сада ҳамчун ҷашни ниёгон таҷлил мешавад.
Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ мекунанд, ба ҳамдигар таманниёт орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур намуда, ҳамаи онро ба оташ мепартоянд ва ҳамчун зуҳури аҳриманӣ аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаи миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангиашон ворид мешаванд ва то ба имрӯз идома меёбанд.
Хулоса, ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон танҳо маросими суннатӣ нестанд, балки таҷассумгари тамаддуни ҳазорсолаи тоҷикон, таърих, ахлоқ, эътиқод ва дониши зиндагисоз мебошанд. Пешвои миллат бо эҳёи ин арзишҳо миллати моро ба сӯи худшиносии амиқ ва ваҳдати пойдор раҳнамун месозанд.
Ҳифз ва эҳтироми ин ҷашнҳо вазифаи ҳар як фарзанди худогоҳи миллат аст, зеро тавассути онҳо мо фарҳанг, забон ва ҳастии миллии худро зинда медорем.