Афсонатерапия яке аз шаклҳои «нарм»-и коррексияи психологӣ ба шумор меравад. Ин метод аз ҷиҳати таъсири шиддатнок, иштироки протсессҳои хаёл, ҳаҷм ва шакли баёни мавод ба хусусиятҳои инкишофи психикии бачагон комилан мувофиқ мебошад.
Кӯдакон афсонаҳои дар синф хондашударо гӣш мекунанд, дар асоси саволҳои омӣзгор онро муҳокима мекунанд ва амсилаҳои (моделҳои) фаҳмиши худро пешниҳод менамоянд. Афсона на танҳо ба хусусиятҳои синнусолӣ мувофиқат мекунад, балки яке аз воситаҳои тавонои инкишоф низ мебошад. Ҳама унсурҳое, ки барои мазмуни афсона аҳамият доранд, шакли равшан пайдо мекунанд, образҳои ифоданок, низоъҳо ва баҳсҳо на дар ҷанҷолҳои дилгиркунанда, балки дар амалҳои мушаххас, аксар вақт рақобатпазир ба амал меоянд.
Ҳамин тариқ, забони ҷисмонӣ ва мушаххаси афсонаҳо барои бачаҳо роҳи дарки аёнӣ-амалӣ ва образӣ-аёнии олами муносибатҳои байниҳамдигарии одамонро кушода медиҳад.
Тавассути афсона фаҳмидану азсаргузаронидани мазмуни олами ботинии ҳар як шахс ба кӣдак имкон медиҳад, ки таҷрибаи худро дар равандҳои психикӣ дарк карда, ба маъно ва аҳамияти ҳар як он сарфаҳм равад.
Афсона воситаи тарбиявии аз хотирраванда нест. Он ҳам арзишҳои ахлоқӣ ва ҳам қоидаҳои рафторро интиқол медиҳад. Ва сахттарин ахлоқи саргузашти қаҳрамонон, тасвири забон онро ҷолибтар, қобили қабул ва бехатар мегардонад. Одам метавонад ногаҳон робитаи байни афсона ва рафтори худро дарк намояд. Вале, ҳисси таносуб дар ҳама чиз зарур аст. Бисёр чиз на аз чӣ гуфтан, балки чӣ гуна гуфтан вобастагӣ дорад. Таъсири маҷозии амиқ ва ба таври ҳайратангез устувор мегардад. Он ҳам ба қабатҳои рафтори равонӣ ва ҳам ба сохтори арзиши он таъсир мерасонад. Мо дар тадқиқоти худ на бештар ба вижагиҳои адабии афсона, балки бештар ба мазмуни маъноӣ ва мазмуни психологии протсесҳои офариниш ва дарки афсона таваҷҷӣҳ медиҳем.
Муҳаққиқ П.И.Яничев мазмуни афсонаҳои русиро таҳлил карда, як қатор тамоюлҳои равониро муайян намудааст, ки ҳангоми дарку азхудкунии афсона амалӣ ва мустаҳкам мешаванд. Ба ин зарурати автономӣ (мустақилият), зарурати салоҳият (дар қувва, тавоноӣ) ва зарурати фаъолият дохил мешаванд. Вай инчунин дар саршавии афсона қаҳрамонро пассив тавсиф мекунад ва танҳо шароити беруна ӣро водор месозад, ки фаъол гардад. Як далели ҷолиб ин аст, ки дар варианти занонаи зуҳури фаъолгардӣ аз ибтидо мавҷуд аст. Масалан, Золушка (духтарандар) меҳнатдӣст ва иҷрокунанда зоҳир мегардад.
Ҳангоми кор бо афсона дар мактаббачаи хурдсол талаботи вайрон кардани қоидаву монеаҳо ба амал меояд. Бе ин, аз кӣдакӣ ба калонсолӣ гузаштан ва омӣхтани масъулият барои кирдорҳои худ, «ва талаботи дар афсонаи хаёлӣ, ки ба шарофати он афсона миёнарави байни олами ботинии бача ва олами беруна, объективӣ мегардад, мумкин нест». Аксари муҳаққиқон дар афсонаҳои хаёлӣ маънои амиқ — инъикоси раванди ҳақиқати марзи воқеияти берунӣ ва ботиниро мебинанд.
Муҳаққиқи рус Е.Л.Дотсенко мафҳуми «фазои семантикӣ»-ро барои ҷавоб гардонидан ба саволи «раванди сохтани сарҳади байни оламҳо — дохилӣ ва берунӣ, ҳақиқӣ ва хаёлӣ чӣ тавр ба амал меояд?» истифода мебарад.
Ба андешаи Е.Л.Дотсенко, вақте афсона бо мазмуни мувофиқ ба хусусиятҳои вазъи зиндагии инсон дар лаҳзаи муайян офарида мешавад, бояд ду фазои семантикӣ — фазои афсонавӣ ва фазои муштарӣ инъикос ёбад. Маҳз дар фазои афсонавӣ одамони гуногун метавонанд маъно ва арзишҳоеро пайдо кунанд, ки ба онҳо наздику фаҳмоанд. Ин аз он сабаб ба амал меояд, ки афсонаҳо бо образҳои архетипалӣ ва намунаҳои гуфтории маъмулӣ («Буд набуд…», «як замонҳо…», «дар қадим…» ва ғайра) пур шудаанд, ки дар фазои махсуси афсона ҳолатҳои шартиро ба вуҷуд меоранд, зеро, дар онҳо воқеаҳое рух медиҳанд, ки дар таҷрибаи ҳаёти ҳар як шахс вуҷуд доранд. Шунавандаро ҳиссиёти махсус фаро мегирад, агар дар байни фазоҳои маъноии афсона ва шунаванда шабоҳат муқаррар карда шавад, аҳамияти маводи афсона эҳсос карда мешавад,. Натиҷаи кашфи ин шабоҳатро муҳаққиқ Е.Л.Дотсенко таъсири семантикӣ меномад.
Матни афсона низ аз аҳмият холӣ нест. Он танҳо бо маҷмӣи арзишҳо маҳдуд намегардад. Баръакс, хар як аҳмияти мазмуни афсонаро мактаббача шарҳ дода, фаҳмиши худро бештар мегардонад.
Барои ҳар як хонандаи синни хурди мактабӣ образу рамзҳои афсона, мазмуну мундариҷаи махсус дорад. Маҳз онҳо ба пайдоиши ҳиссиёти азсаргузаронӣ саҳм мегузоранд, ки тавассути онҳо идроку баҳагузорӣ таҷдиди назар мегардад. Маълумоти ғайришифоҳӣ, ки тавассути матни афсона ба таври шифоҳӣ гирифта мешавад, аксар вақт дар сатҳи бешуурона сурат мегирад. Гузашта аз ин, раванди дарки ин аз ҷониби кӯдак ҳеҷ мушкиле ба вуҷуд намеорад.