«Оину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват менамояд. Яъне ҷавҳари Сада аз ҷанбаъҳои инсонпарваронона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси хурсандист, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ аз нав эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд. Ҷашн гирифтани баъзе аз онҳо манъ гардида буд ва як қисмашон фаромӯш шуда буду танҳо дар хотираҳо монда буданду халос.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари бисёрҷилдаи худ, «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон-ҳастии миллат» исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан доранд ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат ба мероси суннатии мардум баҳои баланд дода, барои омӯзиши ин фарҳангу таърихи гаронбаҳо даъват ба амал меоваранд, то имрӯзиён ба таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниён арҷ гузоранд.
Боиси хушбахтист, ки тавассути асарҳои шоистаи Пешвои миллат ва ташаббусҳои некбинонаашон расму ойинҳои фаромӯшшудаи ниёгон аз нав зинда гардиданд ва аҳли ҷомеа пазируфтанд.
Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллӣ Наврӯз, Меҳргон ва Сада хосса мебошанд. Сада ҷашни қадима аст. Марбут ба Хуршед ва тимсоли он-оташ мебошад. Ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад.
Доир ба таърихи пайдоиши Сада назарҳо гуногунанд. Масалан, Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» доир ба ҷашни Сада чунин ишора намудааст. «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу (чормағз), бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лаҳву (бозӣ) шодӣ кунанд. Ва низ гурӯҳе аз он бигузаранд, то ба сӯзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб…»(Ат-тафҳим.1973,с. 145)
Муаллифи «Фарҳанги Низом» вожаи садаро ба забонии форсӣ нисбат дода мегӯяд: «Сада номии ҷашнест, ки порсиён дар даҳуми баҳманмоҳ кунанд ва оташи бисёр афрӯзанд ва мулуку салотин мурғону ҷонварони саҳроиро гирифта дастаҳои гиёҳ бар пояшон баста оташ дар он бизананд ва раҳо кунанд, то дар ҳаво ва саҳро бидаванд ва шуълаҳои оташ дар кӯҳу биёбон бизананд».
Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Ривояте ҳаст, ки Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро бо море дучор меояд ва ба тарафи мор санге меандозад, санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта, онро гиромӣ медоштанд.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он санг боз.
(А. Фирдавсӣ)
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдан маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.
Дар ҳақиқат, қиссаи Ҳушанг аз пайдоиши ойини Сада баъдҳо хусусияти милливу маросимӣ гирифта, ба қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ ворид шуд ва дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла, тоҷикон мақому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмаҳои таърихӣ аз тарзи баргузорӣ ва арҷ гузоштанашон аз ҷониби шоҳон ва аҳолӣ ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд.
Тибқи гуфтаи устурашиносон Сада ба рамзҳои оташ, хуршед ва рӯшноиву торикӣ иртибот буданро ба худ таҷаллӣ менамояд ва он хоси эътиқоди одамони пешин буда, дар он армонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад. Шоирони адабиёти классик доир ба Сада шеъру достонҳою қасидаҳо офаридаанд.
Чунончи:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну в-аз Ҷам ёдгор аст.
Замин ин шаб гӯё кӯҳи Тӯр аст,
К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.
(Унсурӣ)
Ҷашни Сада амирро ҷашни кибор бошад,
Ин оини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
Ин оташе, ки гӯё нахле ба бор бошад,
Аслаш зи нур бошад,фаръаш зи мор бошад.
Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад,
Чун бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад.
(Манучеҳрӣ)
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипазиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.
(Фаррухӣ)
Омад, эй Сайиди аҳрор шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
(Манучеҳрӣ)
Сада ба мисли ҷашни Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорию созандагӣ мебошад. Сада ҷашни миллию мардумӣ буда, барои рушди боғдорию токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ, ободкорӣ мусоидат мекунад.
Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад. Ҷашни Сада муборак бошад!