САДА — ҶАШНИ ТАЪРИХӢ 0 3 Мубодила кардан Ҷашни Сада таърихи хеле қадима дошта, рамзи бедоршавии табиат буда, омодагии деҳқонро ба корҳои кишту кори баҳорӣ ифода мекунад ва маънии раҳоӣ аз сардӣ ва расидан ба гармиро дорад. Бино ба тадқиқоти олимон ва фолклоршиносон, пайдоиши ҷашни Сада ба замонҳои пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Нахустин маълумот дар бораи ин ҷашн дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ) ишора шудааст. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги Пешдодӣ нисбат медиҳад: Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард, Сада номи он ҷашни фархунда кард. Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор, Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр. Ҷашни Сада яке аз анъанаҳои неки ниёгон дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мебошад ва нишони волоияти тамаддуни тоҷикон маҳсуб меёбад. Он ҷашни мавсимӣ ва маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, ҳамчун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз таҷлил мегардид. Дар гузашта ва имрӯз мардум ин ҷашнро бо афрӯхтани гулханҳои бузург ҷашн мегиранд, зеро оташ дар фарҳанги ориёӣ рамзи покӣ, рӯшноӣ ва гармӣ ба шумор меравад. Тибқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ, мардум бо афрӯхтани оташ фаро расидани баҳор ва гармиро истиқбол менамуданд. Ҷашни Сада ба ягон дину ойин тааллуқ надошта, маҳсули тафаккури баланди ниёкони мо мебошад, ки аз дарки амиқи равандҳои табиат шаҳодат медиҳад. Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада андешаҳо гуногунанд. Бархе муҳаққиқон онро ба давраи ориёӣ нисбат медиҳанд, иддаи дигар бошад, онро қадимтар аз он мешуморанд. Ба ҳар сурат, моҳияти ҷашн бо рӯшноӣ, Хуршед ва оташ иртиботи зич дорад. Рӯшноии Хуршед сарчашмаи ҳаёт буда, ҳаракати тамоми мавҷудот ба он вобаста аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» таъкид менамоянд, ки дар мубориза бар зидди торикӣ ва неруҳои бад, оташ ва Хуршед барои инсони бостон муқаддас буданд. Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ нақши калидӣ дошта, ба ҷашни Сада низ вобастагии зич дорад. Ориёиён солро ба ду фасл — тобистони бузург (ҳафт моҳ) ва зимистони бузург (панҷ моҳ) ҷудо мекарданд, ки ин низ ба фалсафаи равшанӣ ва торикӣ иртибот дорад. Пас аз ба расмият даровардани ҷашни Сада, моҳи октябри соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, аз соли 2018 ин ҷашн ҳар сол 30-юми январ дар кишвар расман таҷлил мегардад. Маънии истилоҳи «Сада» низ гуногун шарҳ дода мешавад. Маъмултарин андеша ин аст, ки он аз шумораи «сад» гирифта шуда, ба панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз то Наврӯз ишора мекунад. Ҷашни Сада пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон ва баъд аз шаби Ялдо фаро мерасад. Бо фарорасии иди Сада мардуми тоҷик ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза намуда, боғу токзорҳоро яхобмонӣ мекунанд ва ба корҳои кишоварзӣ омодагӣ мебинанд. Таҷлили ҷашну суннатҳои миллӣ, аз қабили Сада, Наврӯз ва Меҳргон, барои ҳифз ва интиқоли арзишҳои фарҳангии тоҷикон ба насли оянда қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди худогоҳи ҷомеа мебошад. Суман Исломова Омӯзгори кафедраи “Забони тоҷикӣ”-и МДТ «Колеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 3 Мубодила кардан