САДА — ҶАШНИ РӮШНОӢ

0 2

Сада — яке аз ҷашнҳои куҳантарин ва бузургтарини мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад.

Воқеан ҳам баъди ба истиқлолият расидан, суннат ва ҷашнҳои миллие эҳё гардидаанд, ки садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, ва хушбахтона ба шарофати истиқлолият имрӯз ҷашни « Сада» дар тамоми ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Моҳияти ҷашни «Сада»-ро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.

Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад , ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.

Метавон гуфт, ки «Сада» пас аз 40 шабонарӯзи омадани шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарасти ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешавад.

Абдулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад.

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ

Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ

Яке ҷашн кард он шабу бода хурд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад, ва дар кӯҳсор мори сиёҳи дарозеро мебинад. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мигиранд. Мардум то он вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовадӣ мехонанд. Шоҳ Ҳушанг ба Худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.

Ин маросим ҷашни «Сада» номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта дар арафаи фаро расданаш гулханҳо меафрӯхтанд.

Абурайҳони Берунӣ низ дар »Китоб-ут-тафҳим» ҷашни Садаро ба рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамалакат ба оташафрӯзии ойини Сада нисбат медиҳад.

Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдодӣ, Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро ба афрӯхтани гулхан ва дар атрофи он рақсу бозӣ намудан бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз мегирифтанд.

Оиди шарҳи истилоҳи «Сада» дар сарчашмаҳои таърихиву абадӣ

андешаҳои гуногун зикр шуданд. Аз он ҷумла машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки «Сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз замони расидани Наврӯзро ифода мекунад.

Боиси ифтихору хушнудист, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин се ҷашни муқаддаси миллиро (Меҳргон, Сада ва Наврӯз)-ро ҷашнҳои расмии миллӣ эълом дошта, барои ҷашнгирии бошукӯҳи онҳо талоши самимӣ меварзад. Дар ҳақиқат барои зиндаву поянда доштани ин ҷашнҳо, ки дар роҳи худогоҳии миллӣ аҳамияти махсус доранд.

Хонандаи азиз , мутассифона ин ҷашни хеле зебои тоҷикон гармиву равшании хулро то андозае аз даст дода, дар садсолаи охир тира гаштаву рӯ ба нобуди ниҳодааст.

Ҷашни Сада ба ҳеҷ дину мазҳабе пвйвастагие надошта, як ҷашни миллии эронитабор ва ҳатто ҳамсоягони онҳо мебошанд. Дар даврони ҳозир зардуштиён Садаро ҷашн мегиранд, вале онро ба дини худ пайваст намедонанд.

Дар замони бостон шоми ҷашни Сада болои тепаву кӯҳҳо ва бомҳо баромада , аз ҳезуми хушк оташ меафрӯхтанд ва дар атрофи он таронаҳо хонда рафтани сармо ва расидани гарморо орзу мекарданд. Ҷашни Сада мисли дигар ҷашнҳои мардуми шаҳрнишину кӯҳанишини эронинажод бештар ба шароити иқлимӣ, рӯйдодҳои кайҳонӣ ва омодагириҳои кишоварзӣ вобастагӣ дорад.

Хоннадагони закифаҳм ин буд он маълумоти мухтасаре, ки дар бораи ҷашни Сада мо дастрас намуда ба Шумо гуфта додем. Аммо дар охири суҳбатамон зарӯр донистем, ки ин нуктаро қайд намоем, ки ҷашни Сада пайвастагие бо бовариҳои динӣ надошта, рӯзест арҷгузорӣ ба беҳтарин подошҳои Худованд — ба офтобу оташ, ки рушноиву гармӣ меоваранд.

Ҳамин тавр бо боври метавон гуфт, ки аз суҳбати имрӯзаамон қаноатманд гаштед, ва дар бораи дигар идҳои таърихиамон агар маълумот доштан хоҳед дари китобхонаи мо ҳама вақт барои Шумо кушодааст. Мо китобдорон пайваста барои хизматрасонӣ ба Шумо омода буда, барои адабиётҳои лозимаатонро сари вақт дастрасатон гардонидан тамоми сайъу кушишашамонро менамоем.

Рухшона Назарова

Омӯзгори кафедраи “Фарматсия”-и МДТ «Колеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.