Вакуола-органеллае мебошад, ки фақат барои ҳуҷайраи растанӣ хос аст. Вай дар баробари ҳосил шудани ҳуҷайраи нав ба амал меояд. Дар ҳуҷайраҳои меристемавӣ вакуола хеле хурд буда, онҳоро провакуола меноманд. Дар ҳучайраи пурраташаккулёфта фақат як вакуола дида мешавад, ки қариб 90% ҳаҷми онро иҷро мекунад.
Тонопласт.
Тонопласт-мембранае мебошад, ки ситоплазмаро аз шираи вакуолавӣ ҷудо мекунад. Тонопласт хеле тунук (15нм) буда, фақат дар зери заррабини электронӣ дида мешавад. Тонопласт аз се қабати молекулаҳо: аз берун ва дарун аз қабати сафедавӣ ва дар мобайн аз қабати липидӣ иборат аст. Тонопласт қобилияти гузаронандагии интихоби дошта дар интиқоли моддаҳои ба ҳуҷайра ва аз он ба берун вазифаи муҳимро иҷро мекунад.
Рибосомаҳо.
Ҷисмҳои дойрашакле, ки аз заррачаҳои рибонуклеопротеидӣ иборатанд. Онҳо асосан аз сафеда ва туршии рибонуклении махсус, ки рибосомалӣ (р-ТРН) номида мешавад, сохта шудаанд. Андозаи рибосомаҳо 19х15нм буда, диаметрашон ба 150-200 Ао баробар мебошад.
Митохондрия.
Митохондрия манбаи қувватдиҳандаи (энергетикии) ҳуҷайра мебошад. Дар он ҷараёни нафаскашӣ мегузарад. Таркиби асосии митохондрияҳо асосан аз липопротеидҳо иборат аст, ки онҳо аз 60-65% сафеда иборат мебошад.
Пластидҳо.
Хусусияти фарқкунандаи ҳуҷайраи растанӣ аз ҳайвон дар он аст, ки онҳо пластидҳо доранд. Пластидҳо се хел мешаванд: хлоропластҳо (сабз), хромопласт (сурху зарду норинҷӣ), лейкопластҳо (беранг).
Системаи мембранавии ҳуҷайра.
Дар ҳуҷайра мавҷуд будани мембранаро дар асри XIX пешгӯӣ мекарданд. Якум об дар тамоми табиат паҳн шудааст. Дар он намакҳо, қандҳо, спиртҳои содда, алдегидҳо, ккетонҳо ҳал мешаванд.
Саҳми зарабинии электронӣ дар омӯзиши мембрана хеле калон аст. Ба ғайр аз мушоҳидаҳо дар зери заррабинии электронӣ барои ҷудо кардани мембрана аз ҳуҷайра корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамин тавр мембранаҳои митохондрия, ки чин (кристалҳо) ҳосил мекунанд то 17-80% сафеда ва 20-25% липидҳо доранд.
Липидҳо – моддаҳои молекулаашон хурд буда ба равғанҳо тааллуқ доранд. Молекулаашон аз ду қисм: қисми заряди барқӣ дошта, ки на кам аз 1/4 ҳиссаи дарозии молекулаи онро ташкил мекунад; дуюмаш аз ду думчаи ангиштобии дарози безаряд иборат аст.
Сафедаҳо. Пайвастагиҳои калонмолекула буда вазни молекулавии онҳо аз якчанд ҳазор миллион ва аз ин ҳам зиёдтарро ташки медиҳанд. Лекин дар зери таъсири туршиҳо ҳамаи онҳо пайвастагии молекулаашон хурдтуршиҳои аминӣ таҷзия мешаванд. Ҳар як сафеда қобилият дорад, ки аз боқимондаи туршиҳои аминӣ дар пайдарҳамии муайян ва такрорнашаванда ҷойгир шавад.