МАШҚИ СУБГОҲӢ ДАР МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ»

0 0

   Сӯбҳи рӯзи шанбеи 31-уми январи соли 2026 дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» машқи умумии пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ин чорабини ҳайҳати роҳбарият устодон ва донишҷӯёни муассиса фаъолона иштирок намуданд.

     Ҳадафи асосии баргузории ин машқ  таҳкими тарзи ҳаёти солим боло бурдани руҳияи варзишӣ ва бедор кардани неруи ҷисмонӣ. Машқҳои пагоҳирӯзӣ маҷмӯи тамринҳои ҷисмонӣ мебошанд, ки барои фаъол гардонидани организм ва баланд бардоштани қувваю нерӯи инсон иҷро карда мешаванд. Иҷрои мунтазами машқҳои пагоҳирӯзӣ ба беҳтар шудани саломатӣ ва омодагии ҷисмонӣ  мусоидат  мекунад. Тамринҳо таҳти роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва Мудофияи шаҳрвандӣ сурат гирифта, иштирокчиён маҷмӯи машқҳои гуногуни варзиширо иҷро мекунанд. Баргузории ин гуна барномаҳо ҷузъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти рушди варзиш миёни ҷавонон ба шумор меравад.

  Машқҳои пагоҳирӯзӣ минбаъд низ тибқи нақша идома хоҳанд  ёфт.

МАЪМУРИЯТИ  МУАССИСА

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.