МАВҚЕИ АФСОНА ДАР РАВАНДИ ИНКИШОФИ МАЪРИФАТИ ХОНАНДАГОНИ СИННИ ХУРДИ МАКТАБӢ

0 0

Афсона ҳамчун жанри маъмули эҷодиёти шифоҳии халқ аз давраҳои қадимтарин дар ҳаёти маънавии мардум яке аз мақомҳои марказиро ишғол мекард. Зеро он ба ҳаёти воқеӣ робитаи мустақим дошта, дар он мақсаду маром ва азму талош барои расидан ба орзую ормон тавассути образҳои ҷолиб ва забони басо сода таҷассум меёбад. Аз ин рӣ, афсона ҳанӣз дар ибтидои пайдоиши хеш дар байни васоити тарбиявии насли наврас ба сифати услуби муассир арзёбӣ мегардад.

Ҳангоми кор бо хонандагони синну соли хурди мактабӣ, афсонаҳои халқи тоҷик аҳамияти калон доранд. Афсона ҳолатҳои махсусро дарбар мегиранд, ки аз ҷониби хонандаи хурдсол хуб фаҳмида мешаванд ва барои ӣ актуалӣ мебошанд. Аз мазмуни афсона хонандаи синну соли хурди мактабӣ муносибатҳои байниҳамдигариро меомӣзад.

Солҳои охир як самти мустақили психологияи амалӣ — психотерапия ба вуҷуд омад, ки афсона дар он дарҳол шӣҳрати бузург пайдо кард.

Муҳаққиқи рус Т.Д.Зинкевич-Евстигнеева дар бораи афсона ҳамчун раванди ҷустуҷӣи маъно, фаҳмиши дониш дар бораи олами иҳотакарда ва низоми муносибатҳои байниҳамдигарӣ, ташаккули робитаи байни ҳодисаҳои афсона ва рафтор дар ҳаёти реалӣ, таъкид менамояд, ки ин ҷараёни ба воқеият табдил ёфтани маънои афсонаро дорад. Муҳаққиқ афсонаро ҳамчун раванди объективии ҳолатҳои мушаххас ва фаъолсозии потенсиали шахс, беҳтар кардани табиати ботинӣ ва олами атроф баррасӣ мекунад. «Афсона ин табобат тавассути муҳити махсуси афсона мебошад, ки дар он қисмҳои эҳтимолии шахсият, ҳамчун чизи амалинашуда, метавонад зоҳир шавад, орзу низ метавонад дар он амалӣ шавад ва аз ҳама муҳимаш, амният эҳсос мегардад ва накҳати Асрор дар он пайдо мешавад…».

Аввалин назарияҳои илмие, ки ба проблемаи афсона бахшида шуда буданд, ҳанӣз асри XVIII ташаккул ёфта буданд. Маҷмӣаи мақсадноки афсонаҳои халқиро бародарон Якоб ва Вилгелм Гримм коркард кардаанд, ки, баъдтар дар Фаронса низ ҳамин корро К.Перро ба анҷом мерасонад. Муҳаққиқон И.И.Гаман, Хердер ва К.Ф. Моритс бошанд, афсонаҳоро инъикоси рамзии эътиқодҳои қадимаи фаромӣшшуда медонистанд.

Муҳаққиқон дар инкишофи афсонаҳо чор давра ҷудо кардаанд:

1. Эҷодиёти шифоҳии халқ.

2. Ҷамъоварӣ ва таҳқиқи афсонаю асотирҳо (К.Г.Юнг, М.Л. Франс, Б.Беттелхейм, В.Пропп, Раҷаб Амонов, Клавдия Улуғзода, Додоҷон Обидов, Воҳид Асрорӣ, ҶононБобокалонова ва диг.).

3. Психотехникӣ (истифодаи афсона ҳамчун техника, ҳамчун асоси психодиагностика, коррексия ва инкишофи шахсият).

4. Интегративӣ, ки бо ташаккули мафҳуми терапияи мураккаби афсонавӣ, бо равиши маънавӣ ба афсона, бо «фаҳмидани терапияи афсонагӣ ҳамчун системаи таълимии идрок, дарки инсон, ки аз ҷониби наслҳои зиёди аҷдодони мо санҷида шудааст, вобаста аст».

Бодиққат мушоҳида кардани рафтори одам (сарфи назар аз синну сол) барои дарёфти посух ба саволи «ӣ дар лаҳзаи муайяни ҳаёти ботиниаш кадом ҷавобро меҷӣяд?, имкон фароҳам меорад. Ҷустуҷӣи ҷавоб метавонад дарозмуддат ва дардовар бошад, зеро фазои ботинӣ барои қабули он озод нест. Ин номутобиқатӣ рафторро «нокифоя» мегардонад. Масалан, мо чӣ тавр дар лаҳзаи душвор ба фарзандонамон кӣмак карда метавонем? Шояд ҷавоби мувофиқро дар афсонаҳо пайдо намоем?

Барои интихоби дурусти сюжети афсона мо бояд донем, ки афсона чиро дар бар мегирад.

Дар ин маврид, таҳлили гурӣҳи афсонаҳо муҳим аст. Низоми афсонаҳоро ба панҷ намуд ҷудо мекунанд: бадеӣ, дидактикӣ, психокоррексионӣ, психотерапевтӣ (муолиҷавӣ) ва медитативӣ.

Ба афсонаҳои бадеӣ, ки бо «хиради чандинасраи халқ» офарида шудаанд, афсонаҳои муаллифӣ дохил мешаванд. Маҳз ҳаминро одатан афсона, масал ва ҳикояҳо меноманд. Онҳо барои машварати равонӣ офарида нашудаанд, вале бомуваффақият ба он хизмат мекунанд.

Афсонаҳои бадеӣ метавонанд халқӣ ё муаллифӣ бошанд. Дар адабиётшиносӣ қадимтарин афсонаҳои халқиро асотир меноманд. Қадимтарин асоси асотиру афсонаҳо ягонагии инсону табиат мебошад. Дар баъзе афсонаҳо қаҳрамонони асосӣ ҳайвонанд, онҳо мисли одамон зиндагӣ, фикр ва рафтор мекунанд, ин афсонаҳо дар бораи ҳайвонот мебошанд. Дар дигар афсонаҳо қаҳрамонҳои асосӣ одаму махлуқоти хаёлӣ мебошанд, ки аксар вақт ёварони хуби қаҳрамонон ба шумор мераванд; ин афсонаҳо дар бораи саргузаштҳои аҷоиби масалан Самаки айёр ё Синбоди дарёгард нақл мекунанд, ки ҳамеша бо сеҳру ҷоду алоқаманданд. Сюжет метавонад печида ва пешгӣинашаванда бошад, вале анҷомаш ҳамеша хушбахтист, чунки ин афсонаҳо сеҳрангезанд. Афсонаҳое низ вуҷуд доранд, ки амалаш одатан дар хонаю ғорҳо сурат мегирад.

Қаҳрамонони асосӣ дар онҳо ё хоҷагидоранд, ё ҳаёташонро худашин хароб мекунанд, аммо онҳо ба шарофати ақлу заковат, далерӣ ва маккории худ метавонанд ғалаба ба даст оранд — ин афсонаҳои иҷтимоӣ ва ҳамарӣза мебошанд. Ҷодугарон, албастиён, ғулон, гургон ва дигар рӣҳҳои бад хонандагонро тарс медиҳанд — инҳо қаҳрамонони афсонаҳои «даҳшатнок» мебошанд. Онҳо қаҳрамони асосӣ набуда, бо рафтору кирдори худ таваҷҷӣҳро ба худ ҷалб менамоянд. Амалҳои онҳо оқибатҳои вазнин дорад ва танҳо хонандаи қавӣ ва асабҳои мустаҳкам ба онҳо тоб оварда метавонанд.

Афсонаҳои бадеии муаллифӣ пурҳаяҷон ва образӣ мебошанд. Онҳо барои фаҳмидани таҷрибаи ботинии хонандаи синни хурди мактабӣ кӣмак мерасонанд.

Афсонаҳои дидактикӣ барои пешниҳоди маводи таълимӣ эҷод карда мешаванд. Образи афсонавии олам тавассути истифодаи аломатҳои абстрактӣ (ҳарфҳо, садоҳо, рақамҳо ва ғ.) офарида мешаванд.

Барои таъсири нарм расонидан ба рафтори хонандаи хурдсол афсонаи психокоррексионӣ интихоб карда мешаванд. Зери мафҳуми «коррексия» дар вазъияти мазкур маънои «иваз кардани» услуби рафтори бесамар ва «ба кӣдак фаҳмонидани маънои ҳодисаи рухдода» фаҳмида мешавад.

Афсонатерапевтҳо бошанд ба истифодаи проблемаи ин намуди афсонаҳо — рафтори номуносиб, бесамар маҳдуд мешаванд.

Дар раванди ҷустуҷӣи маънои воқеаҳои гузашта ва вазъиятҳои проблемавӣ афсонаҳои психотерамевтӣ эҷод карда мешаванд. Аксарияти онҳо ба масъалаҳои ҳаёту мамот, муносибат нисбат ба талафу бурдбориҳо ва ҳодисаҳои такрорӣ бахшида шудаанд. Ин гуна афсонаҳо дар он мавриде кӣмак мерасонанд, ки ба фалсафаи рӣйдодҳо ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ гузаштан лозим меояд.

Барои эҷоди амсилаи (моделҳои) муносибатҳои байниҳамдигарии инкишофи неруи шахс, ҷамъ овардани таҷрибаи мусбии образҳо ва гирифтани фишори психоэмотсионалӣ афсонаҳои медитативӣ истифода бурда мешаванд. Дар ин гуна сюжетҳо зиддиятҳо ва қаҳрамонони бадхашм ба назар намерасанд, зеро мақсади асосии он муошират бо амсилаҳои (моделҳои) мусбати «идеалӣ»-и муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо олами гирду атроф ва одамони дигар мебошад.

Муҳаққиқи рус И.В.Вачков намуди дигари афсонаҳоро муаррифӣ мекунад: афсонаҳои психологӣ (психо-афсонаҳо). Мақсади чунин афсонаҳо ба хонандагони хурдсол кушодани умқи ҷаҳони ботинии худ, инкишоф додани худшиносӣ, шинос кардани ӣ бо мафҳумҳои асосии психологӣ ва дар роҳи ташаккули шахсияти ӣ расонидани кӣмак мебошад. Намунаи барҷастаи чунин афсонаҳо, афсонаҳои Д.Соколов ва А.В. Гнездилов мебошад [10].

Эҷоди ҳар як намуди афсона алгоритми худро дорад, зеро сохтани ягон сюжети афсонавӣ душворӣ надорад. Психолог афсонаҳоро барои ҳалли як масъалаи мушаххаси психокоррексионӣ ба таври инфиродӣ ва барои «як маротиба» истифода мебарад. Лекин сюжети афсонавиро такроран ва дар кор бо гурӣҳҳои гуногуни хонандагони хурдсол истифода бурдан мумкин аст.

Ба ақидаи муҳаққиқ И.В.Вачков, ин ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки механизмҳои зерини психологии таъсири афсонаҳо ба назар гирифта шаванд:

1. Афсонаҳои сеҳрангез инъикоси рамзии расму оинҳои қадимаи мардумӣ мебошанд. Бо бартараф кардани душвориҳои гуногун, қаҳрамон имкони тағйир додан — ба сатҳи дигари сифатӣ гузаштанро пайдо мекунад. Вай ба одами калонсол табдил меёбад. Анҷоми хушбахтонаи афсонаро қаҳрамоне медиҳад, ки намуди зоҳирии дигарро ба даст меорад.

2. Таҷрибаи амиқи ҳаёт тавассути бӣҳронҳои эмотсионалӣ, ки хоси шахси рушдёбанда мебошанд, афсонаро тасвир мекунанд. Ин метавонад таҷрибаи ҷисмонӣ бошад, ки бо гузаштан аз бӣҳронҳои психофизиологӣ алоқаманд аст. Афсонаҳо механизми мувофиқи худмуҳофизатии Манро дар бар мегиранд, ки дар сатҳи бешуурӣ амал мекунанд.

3. Ҳангоми таҷдиди ҳолатҳои бӣҳронии ҳаёт, афсона моро таълим медиҳад, ки тарсро эҳсос намуда, онро ба тасвирҳои мушаххаси афсонавӣ табдил диҳем. Он ба мо имкон медиҳад, ки масофаи заруриро дар муносибат ба эмотсияҳои манфӣ нигоҳ дорем ва хусусиятҳои равониро мустаҳкам намоем.

4. Дар афсона образҳо вазъияти воқеии ҳаётиро инъикос карда, меъёрҳои ахлоқӣ ва принсипҳои муносибати байниҳамдигарии одамонро дар шакли маҷозӣ такрор мекунанд ва механизми бешууронаро аз ҳисоби унсурҳои архетипӣ, ки барои ақл бегона мебошанд, истифода мебаранд.

5. Таъсири афсона ба инсон вақте ба вуҷуд меояд, ки байни фазои маънавии рӣҳ ва фазои маънавии афсона шабоҳат пайдо мешавад [9.476].

6. Таъсири афсона ба шунаванда бо ороиши эстетикӣ ва бадеияш таъсир мерасонад.

Механизми шашум махсусан ба афсонаҳои муаллифӣ дахл дорад, зеро аз тарафи мардум зиёда аз сад сол боз истифода мешаванд. Вобаста ба гуфтаҳои боло саволе ба миён меояд, ки: чаро аз ин қадар афсонаҳое, ки инсоният дар тӣли ҳазорсолаҳо офаридааст, дар фарҳангҳои гуногун ҳамагӣ чанде аз онҳо боқӣ мондаанд? Чаро афсонаҳои муаллифӣ умри зиёд надидаанд?

Муҳаққиқ И.В.Вачков чунин мешуморад, ки он афсонаҳо дар байни мардум боқӣ мондаанд, ки «сарфи назар аз муроҷиатпазирии худ, ба муҳимтарин механизмҳои психологӣ, дахл доштанд». Он сюжетҳое, ки ба бунёди муносибатҳои байни одамон мусоидат карданд, ба ташаккули шахсияти баркамол мусоидат карда, роҳҳои бешууронаи ҳалли бӣҳронҳои муҳимтарини ҳаётиро пешниҳод кардаанд. Дар байни афсонаҳои муаллифӣ потенсиали шабеҳро онҳое доранд, ки индивидуалӣ буда, ҳадди ақал пешгӣиҳои шахсии муаллифро дар бар мегиранд, яъне тибқи қонуну принсипҳои афсонаҳои халқӣ офарида шудаанд. Барои ҳамин ҳам афсонаҳои бародарон Гримм, Ч Перро, А. Пушкин ва Г. Андерсен машҳур гардидаанд.

Барои он ки афсонаи коррексионӣ ба мақсади худ расад, он бояд масъалаҳои марбут ба кӣдаконро дар бар гирад. Барои кӣдакони синни томактабӣ ва мактаббачагони хурдсол афсонаҳоро метавон ба се гурӣҳ тақсим намуд:

1.Афсонаҳое, ки мушкилоти муошират бо ҳамсолон ва калонсолонро инъикос мекунанд.

2. Афсонаҳое, ки ба рафъи тарс нигаронида шудаанд.

3. Афсонаҳои гуногун.

Ҳангоми ба кӣдакони синни томактабӣ шинос кардани маводи психологӣ онро амиқ коркард ва ба шаклҳое табдил додан лозим аст, ки барои хонандагон қобили қабул ва фаҳмо бошад.

Дар марҳилаҳои гуногуни кори афсонатерапиявӣ омӣзгор кӣдакро дар вазъиятҳои гуногун мушоҳида карда, ба амалҳои мақсаднок фаъолона ҷалб мекунад. Фарқ кардани интихоби сюжетҳои афсонавӣ, бо афсонаҳои интиқолшуда, ҳамчунин усулҳои махсуси кори психотерапевтӣ ҳангоми шунидани афсона, расмкашӣ ва ғ. бениҳоят муҳим аст.

Асрору муъҷизаҳо ва сеҳри олами афсона ҳамеша кӣдаконро ба худ ҷалб менамояд. Кӣдак бо шодӣ дар олами хаёлӣ ғарқ мешавад ва дар он эҷодкорона амал мекунад. Кӣдак ҳама чизеро, ки дар афсона рӣй медиҳад, ҳамчун воқеият дарк мекунад, зеро олами ботинии ӣ инро тақозо менамояд. Кӣдакон дар иҷрои супоришҳо фаъолтар мешаванд, ба қаҳрамонҳои афсонавӣ табдил меёбанд. Онҳо дар нақши маликаю шоҳзодаҳо, париҳо ва ҷодугарон, ҳайвонот ва паррандаҳо, дар амалҳои афсонавӣ бо камоли мамнуният иштирок мекунанд.

Дар мактаб кор бо афсонаҳои психологиро тавассути татбиқи стратегия ва намудҳои гуногуни ташкилӣ амалӣ кардан мумкин аст. Гузаронидани дарсҳои ҳарҳафтаинаи чиҳилдақиқаӣ, ки ба низоми дарсҳои муқаррарӣ дохил карда шудаанд, дар мактаби ибтидоӣ қулай аст. Барои ин шакли таълим барномаи «Алифбои психология» омода шудааст, ки муаллифони он И.В.Вачков ва А.Попова мебошанд. Барнома ба рушди худшиносии мактаббачагон тавассути афсонаи психологӣ нигаронида шудааст. Дар ин барнома бозӣ ва машқҳои гуногуни психотехникӣ, психогимнастикӣ, расмкашӣ, амсиласозӣ (моделсозӣ) тавассути пластилин ва вазифаҳои эҷодӣ истифода мешаванд.

Афсонатерапия яке аз шаклҳои «нарм»-и коррексияи психологӣ ба шумор меравад. Ин метод аз ҷиҳати таъсири шиддатнок, иштироки протсессҳои хаёл, ҳаҷм ва шакли баёни мавод ба хусусиятҳои инкишофи психикии бачагон комилан мувофиқ мебошад.

Кӯдакон афсонаҳои дар синф хондашударо гӣш мекунанд, дар асоси саволҳои омӣзгор онро муҳокима мекунанд ва амсилаҳои (моделҳои) фаҳмиши худро пешниҳод менамоянд. Афсона на танҳо ба хусусиятҳои синнусолӣ мувофиқат мекунад, балки яке аз воситаҳои тавонои инкишоф низ мебошад. Ҳама унсурҳое, ки барои мазмуни афсона аҳамият доранд, шакли равшан пайдо мекунанд, образҳои ифоданок, низоъҳо ва баҳсҳо на дар ҷанҷолҳои дилгиркунанда, балки дар амалҳои мушаххас, аксар вақт рақобатпазир ба амал меоянд.

Ҳамин тариқ, забони ҷисмонӣ ва мушаххаси афсонаҳо барои бачаҳо роҳи дарки аёнӣ-амалӣ ва образӣ-аёнии олами муносибатҳои байниҳамдигарии одамонро кушода медиҳад.

Тавассути афсона фаҳмидану азсаргузаронидани мазмуни олами ботинии ҳар як шахс ба кӣдак имкон медиҳад, ки таҷрибаи худро дар равандҳои психикӣ дарк карда, ба маъно ва аҳамияти ҳар як он сарфаҳм равад.

Афсона воситаи тарбиявии аз хотирраванда нест. Он ҳам арзишҳои ахлоқӣ ва ҳам қоидаҳои рафторро интиқол медиҳад. Ва сахттарин ахлоқи саргузашти қаҳрамонон, тасвири забон онро ҷолибтар, қобили қабул ва бехатар мегардонад. Одам метавонад ногаҳон робитаи байни афсона ва рафтори худро дарк намояд. Вале, ҳисси таносуб дар ҳама чиз зарур аст. Бисёр чиз на аз чӣ гуфтан, балки чӣ гуна гуфтан вобастагӣ дорад. Таъсири маҷозии амиқ ва ба таври ҳайратангез устувор мегардад. Он ҳам ба қабатҳои рафтори равонӣ ва ҳам ба сохтори арзиши он таъсир мерасонад. Мо дар тадқиқоти худ на бештар ба вижагиҳои адабии афсона, балки бештар ба мазмуни маъноӣ ва мазмуни психологии протсесҳои офариниш ва дарки афсона таваҷҷӣҳ медиҳем.

Муҳаққиқ П.И.Яничев мазмуни афсонаҳои русиро таҳлил карда, як қатор тамоюлҳои равониро муайян намудааст, ки ҳангоми дарку азхудкунии афсона амалӣ ва мустаҳкам мешаванд. Ба ин зарурати автономӣ (мустақилият), зарурати салоҳият (дар қувва, тавоноӣ) ва зарурати фаъолият дохил мешаванд. Вай инчунин дар саршавии афсона қаҳрамонро пассив тавсиф мекунад ва танҳо шароити беруна ӣро водор месозад, ки фаъол гардад. Як далели ҷолиб ин аст, ки дар варианти занонаи зуҳури фаъолгардӣ аз ибтидо мавҷуд аст. Масалан, Золушка (духтарандар) меҳнатдӣст ва иҷрокунанда зоҳир мегардад.

Ҳангоми кор бо афсона дар мактаббачаи хурдсол талаботи вайрон кардани қоидаву монеаҳо ба амал меояд. Бе ин, аз кӣдакӣ ба калонсолӣ гузаштан ва омӣхтани масъулият барои кирдорҳои худ, «ва талаботи дар афсонаи хаёлӣ, ки ба шарофати он афсона миёнарави байни олами ботинии бача ва олами беруна, объективӣ мегардад, мумкин нест». Аксари муҳаққиқон дар афсонаҳои хаёлӣ маънои амиқ — инъикоси раванди ҳақиқати марзи воқеияти берунӣ ва ботиниро мебинанд.

Муҳаққиқи рус Е.Л.Дотсенко мафҳуми «фазои семантикӣ»-ро барои ҷавоб гардонидан ба саволи «раванди сохтани сарҳади байни оламҳо — дохилӣ ва берунӣ, ҳақиқӣ ва хаёлӣ чӣ тавр ба амал меояд?» истифода мебарад.

Ба андешаи Е.Л.Дотсенко, вақте афсона бо мазмуни мувофиқ ба хусусиятҳои вазъи зиндагии инсон дар лаҳзаи муайян офарида мешавад, бояд ду фазои семантикӣ — фазои афсонавӣ ва фазои муштарӣ инъикос ёбад. Маҳз дар фазои афсонавӣ одамони гуногун метавонанд маъно ва арзишҳоеро пайдо кунанд, ки ба онҳо наздику фаҳмоанд. Ин аз он сабаб ба амал меояд, ки афсонаҳо бо образҳои архетипалӣ ва намунаҳои гуфтории маъмулӣ («Буд набуд…», «як замонҳо…», «дар қадим…» ва ғайра) пур шудаанд, ки дар фазои махсуси афсона ҳолатҳои шартиро ба вуҷуд меоранд, зеро, дар онҳо воқеаҳое рух медиҳанд, ки дар таҷрибаи ҳаёти ҳар як шахс вуҷуд доранд. Шунавандаро ҳиссиёти махсус фаро мегирад, агар дар байни фазоҳои маъноии афсона ва шунаванда шабоҳат муқаррар карда шавад, аҳамияти маводи афсона эҳсос карда мешавад,. Натиҷаи кашфи ин шабоҳатро муҳаққиқ Е.Л.Дотсенко таъсири семантикӣ меномад.

Матни афсона низ аз аҳмият холӣ нест. Он танҳо бо маҷмӣи арзишҳо маҳдуд намегардад. Баръакс, хар як аҳмияти мазмуни афсонаро мактаббача шарҳ дода, фаҳмиши худро бештар мегардонад.

Барои ҳар як хонандаи синни хурди мактабӣ образу рамзҳои афсона, мазмуну мундариҷаи махсус дорад. Маҳз онҳо ба пайдоиши ҳиссиёти азсаргузаронӣ саҳм мегузоранд, ки тавассути онҳо идроку баҳагузорӣ таҷдиди назар мегардад. Маълумоти ғайришифоҳӣ, ки тавассути матни афсона ба таври шифоҳӣ гирифта мешавад, аксар вақт дар сатҳи бешуурона сурат мегирад. Гузашта аз ин, раванди дарки ин аз ҷониби кӯдак ҳеҷ мушкиле ба вуҷуд намеорад.

Таҳлили афсонаҳои бадеӣ, муаллифӣ ва мардумӣ нишон медиҳанд, ки ҳарчанд онҳо дорои унсурҳои муносибатҳои тавассути иттилооти ғайриштфоҳӣ бошанд ҳам, дар ҳар сурат, шиддати пешниҳоди маводи бадеӣ барои муносиб гардонидани равандҳои персептивӣ дар кӣдакони ин синну сол ба таври кофӣ нест. Байни талаботи муҳити иҷтимоӣ нисбат ба сатҳи дарку фаҳмиши шахси дигар ва мавҷудияти ин малакаҳо дар робита ба танзими рафтори худ дар муносибатҳои байнишахсӣ ихтилофро ба миён меорад. Яке аз роҳҳои фаъол кардани захираҳои шахсӣ ва умуман потенсиали шахсият барои ислоҳи ин зиддият ин аст, ки кӣдакони ин синну сол хаёлан бояд бо роҳи ташкили шиддатнокии равандҳои дарки шахси дигар мусоидат мекунад, «тайёр» карда шаванд.

Ташаккули шахс ҳамчун воҳиди иҷтимоӣ тавассути нутқи шифоҳӣ ва ғайришифоҳӣ сурат мегирад. Бе таҳсилот хонандагони синну соли хурди мактабӣ наметавонад дар ҷомеа мавқеи худро дарёбанд. Бинобар ин, ба онҳо тавассути афсонаҳо дар бораи муҳити иҷтимоӣ ва муносибатҳои байни одамон маълумот додан оқилонатар аст. Барои ба даст овардани таҷриба дар шинохти иттилоотӣ шароити махсуси психологию педагогӣ фароҳам овардан, роҳнамоии фаъоли маърифатиро ташаккул додан ва таҷрибаи «афсона»-ҳои коркардшударо ба ҳолатҳои воқеии ҳаётӣ истифода бурдан лозим аст.

Дар рафти амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ оид ба афсонаҳо, бояд ҷанбаҳои асосии зерини равандҳои инкишофӣ риоя карда шаванд:

— фароҳам овардани шароит барои таъмини ҷанбаи мативатсионии фаъолияти мактаббачагони хурдсол бо истифода аз бозиҳо;

— инкишоф додани муоширати эмотсионалии мусбӣ бо мактаббачагони хурдсол;

— инкишоф додани шаклҳои гуногуни фаъолияти маърифатӣ;

— фароҳам овардани замина барои ташаккули фаҳмиши мувофиқ оид ба ангораҳои афсонавӣ.

Ҳар як дарс бояд аз қисми асосӣ, муқаддимавӣ ва ниҳоӣ иборат бошад.

Мақсади қисми муқаддимавӣ ин ҷалби диққати мактаббачагони хурдсол ва омоданамоии онҳо барои кор бо афсона мебошад. Дар қисми ниҳоӣ ҳаяҷони аз ҳад зиёди эҳсосотиро бартараф кардан лозим аст.

Мақсади асосӣ бартараф кардани монеааву душвориҳо дар муошират, инкишоф додани фаҳмиши беҳтар дар бораи худ ва дигарон, фароҳам овардани имконият барои баёни фикри худ ва рафъи фишори равонӣ мебошад.

Аз сабаби он ки ҳоло психикаи хонандагони синни хурди мактабӣ ба таври бояду шояд инкишоф наёфтааст, онҳо аз ҷиҳати зеҳнӣ, иродавӣ-эмотсионалӣ ноустуворанд. Аз ин рӣ, ба тарбияи малакаҳои рафтор, таҳияи усулҳои истифодаи дурусти ифодаи эмотсияву ҳолатҳои эмотсионалӣ тавассути рафтори ғайриштфоҳӣ диққати зиёд дода мешавад. Хонандагони синну соли хурди мактабӣ «дар афсона зиндагӣ» карда, бартараф кардани монеаву душвориҳо, муошират, нозукона ҳис кардани ҳамдигар, пайдо кардани ифоданокии мувофиқи ҷисмонии эмотсияҳо, ҳиссиёт ва ҳолатҳои гуногуни психологиро меомӣзанд.

Барои такмил додан ва ба кор андохтани воситаҳои инкишофи фаъолияти маърифатӣ дар мактаббачагони хурдсол этюдҳои пайвастаи афсонаҳо оид ба ифода ва зуҳури эҳсосоту эмотсияҳои гуногун истифода мешаванд.

Кор бо афсона на танҳо барои мактаббачаҳои хурдсол, балки барои омӣзгорон низ фоидаовар аст. Агар ин кор аз ҷониби омӣзгорон амалӣ карда шавад, он гоҳ онҳо ҷаҳони ботинии хонандагони хурдсолро амиқтар дарк мекунанд ва ба худбаҳодиҳии касбии онҳо таъсири калон мерасонад.

Ба андешаи инҷониб, ҳангоми таҳияи барномаҳои таълимӣ барои омӣзиши афсонаҳои халқи тоҷик, бояд қобилияти эътироф кардани рафтори ғайришифоҳӣ бо таҷрибаи муошират бо одамони дигар ва марҳила ба марҳила ташаккулёбии он муайян карда шавад. Бинобар ин, пешниҳод карда мешавад, ки барои инкишофи фаъолияти маърифатии хонандагони синну соли хурди мактабӣ барномаи таълимии бисёрмарҳила бо истифода аз афсонаҳо истифода бурда шавад.

Ҳамин тавр, истифодаи воситаҳои наву самараноки тарбияи мактаббачагони хурдсол, аз ҷумла афсона дар ҷараёни инкишофи маърифатии онҳо яке аз самтҳои муҳим ва далели хурсандибахши рушди илми психология дар даҳсолаҳои охири асри ХХI маҳсуб меёбад.

Сафарзода Файзалӣ Раҳмон,

Сардори шуъбаи таълими МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.