СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ –ОМИЛИ МУҲИМ ДАР ПЕШРАФТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

0 1

Аз санаи 15 то 24 январи соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» барои мутахассисони ҷавон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Мақсади баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон, омӯзиши раванди низоми кредитии таҳсилот, таҳлили сифати таълим, сари вақт баррасӣ намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ, инчунин беҳтар намудани корҳои методӣ дар муассиса мебошад.

Семинари омӯзишӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои педагогӣ Маҳмудзода Қумриниссо оғоз гардида, иштирокчиён бо мақсад ва мазмуни семинар шинос карда шуданд ва ба иштирокдорони он барору муваффақият таманно карда шуд.

Дар семинар омӯзгорони соҳибтаҷриба, масъулини бахши таълим ва тарбия, инчунин мутахассисони корҳои методӣ аз ҷумла: муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода Қ., мутахассиси бахши таълим Сафарзода Ф., масъули бахши корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қ., мутахассиси корҳои методӣ Абдураҳмонов К., масъули корҳои таълиму тарбия Латипов С. ва Зайдуллозода С. дар мавзӯъҳои мубрам вобаста ба низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ва системаи кредитии таҳсилот баромад намуда, ба иштирокчиёни семинар маълумоти муфид ва тавсияҳои судманд пешниҳод карданд.

Дар рафти семинар иштирокчиён, бахусус мутахассисони ҷавон, бо саволҳои худ ба баромадкунандагон ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани раванди корҳои таълимию тарбиявӣ дар низоми кредитӣ муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ҳамин тариқ, семинари омӯзишӣ ба як баҳси васеи илмию методӣ табдил ёфта, мутахассисони ҷавон имконият пайдо намуданд, ки дар ҷараёни омӯзиш паҳлуҳои асосии низоми кредитии таҳсилотро аз худ карда, дар оянда барои беҳтар намудани фаъолияти омӯзгории худ аз он ба таври васеъ истифода баранд.

Дар фарҷоми семинар ҳамаи иштирокчиён бо шаҳодатномаҳои омӯзишӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.