РАФТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ

0 2

Имрӯз гурӯҳи тарғиботии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» иборат аз омӯзгорону кормандони масъул дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои деҳот ва ҳудуди шаҳр корҳои тарғиботӣ баргузор намуданд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ ҷалби хатмкунандагони синфҳои болоӣ ба ихтисосҳои тиббӣ, роҳнамоии касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо ҷиҳати интихоби дурусти касб арзёбӣ гардид. Зеро интихоби касби муносиб заминаи ояндаи дурахшони ҳар як ҷавон ба шумор меравад.

Зимни мулоқот намояндагони коллеҷ ба хонандагон дар бораи ихтисосҳои амалкунанда, шароити муосири таҳсил, пойгоҳи моддию техникӣ, синфхонаҳои таҷҳизонидашуда, озмоишгоҳҳо, инчунин фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ ва варзишии донишҷӯён маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамчунин оид ба имкониятҳои идомаи таҳсил дар зинаҳои болоӣ ва таъмини шуғл пас аз хатм шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ хонандагон ба саволҳои худ посухҳои дақиқу мушаххас гирифта, бо муҳтавои ихтисосҳои тиббӣ аз наздик шинос гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, онҳо барои ҳамкорӣ ва интихоби роҳи дурусти касбӣ ҳидоят гардиданд.

Лоҷварбии Амирзод

Котиби масъули комиссияи қабули МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.