НАҚШИ КИТОБ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ 0 1 Мубодила кардан Санаи 26.02.2026 тибқи мактуби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №05/505 аз 24.02.2026 ҷиҳати баргузор намудани аксияи ҷумҳуриявии “Китоб барои муҳофизони Ватан”, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, иқдоми муҳими фарҳангиву маърифатӣ амалӣ гардид. Ин иқдом ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафи он таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳарбӣ ва бедор намудани завқи китобхонӣ дар миёни сарбозон мебошад. Дар доираи ин аксия аз ҷониби маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” китобҳои дорои муҳтавои бадеӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ бо соядаст ба сарбозони Қисми ҳарбии 13483-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, инчунин ба як қатор донишҷӯёни “Коллеҷи милитсия” ва омӯзгорони муассиса туҳфа карда шуданд. Аксияи “Китоб барои муҳофизони Ватан” ҳамчун василаи муҳими тарбиявӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва омодасозии ҷавонон ба хизмати Ватан нақши назаррас дорад. Китоб дар ташаккули худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Тавассути мутолиаи китоб сарбозон бо таърихи давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва вазифаву масъулияти шаҳрвандӣ бештар ошно мегарданд. Ин иқдом на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки амали муҳим дар роҳи тарбияи шаҳрвандони масъул, ватандӯст ва омода ба ҳифзи истиқлолу амнияти кишвар мебошад. Ҳадафи асосии он ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, эҳтиром ба қонун ва муқаддасоти давлатӣ, инчунин таҳкими рӯҳияи хизмат ба Ватан дар қалби ҷавонон аст. ШУЪБАИ ТАРБИЯ Пеш 1 то 17 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан