АРЗИШҲОИ МИЛЛИРО ЭҲТИРОМ МЕГУЗОРЕМ

0 2

Санаи 24.02.2026 бо ташаббуси кафедраи “Биология” дар толори маҷлисгоҳи МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» дарси намунавии тарбиявӣ таҳти унвони «Ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ – ифодагари давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Абдураҳмонов Карим, мудири кафедраи “Биология” Шовализода Қ., омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро мудири кафедра Шовализода Қ. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо мақсад ва моҳияти баргузории дарси намунавии тарбиявӣ шинос кард. Қайд гардид, ки гиромидошти ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ яке аз заминаҳои муҳими таҳкими худшиносӣ ва давлатдории миллӣ ба шумор меравад.

Дар рафти чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯён бо маърӯза ва баромадҳо дар мавзуъҳои ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба суннату ойинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангии тоҷикона суханронӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ омили асосии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Чорабинии тарбиявӣ ба як ҳамоиши маърифатӣ ва тарғибгари арзишҳои миллии тоҷикӣ табдил ёфта, дар замири иштирокдорон ҳисси масъулиятшиносӣ ва худогоҳиро боз ҳам таҳким бахшид.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Абдураҳмонов Карим суханронӣ намуда, оид ба аҳамият ва зарурати баргузор намудани чунин чорабиниҳо, нақши онҳо дар болоравии ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллат ибрози андеша намуд. Зикр гардид, ки баргузории чунин дарсҳои намунавӣ бамаврид ва зарурӣ буда, барои тарбияи насли огоҳу ватандӯст мусоидат менамояд.

Шовализода Қ.

Мудири кафедраи “Биология”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.