Сада яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва пурқадимтарини мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки решаҳои он ба таърихи ҳазорсолаҳо пеш бармегардад. Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба чилрӯзагии ҷашни Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Ҷашни
Сада, ки бо номҳои ҷашни оташ, ҷашни зимистон ва садасӯзӣ низ ёд мешавад, ҳазорон сол пеш ба вуҷуд омада, аз куҳантарин идҳои мардуми ориёитабор аст. Сада аз ҷашнҳои миллии мост ва руҳияи миллиро таҳким бахшида, ифтихори мардумро тақвият медиҳад.
Бо шарофати Истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳуввияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2023 дар паёми шодбошӣ бахшида ба ҷашни Сада қайд карданд: “Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид. Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳангӣ асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст”. Дар “Наврӯзнома” омадааст, ки ҷашни Садаро тамоми подшоҳони Эрону Турон дар замонҳои қадим таҷлил мекарданд, вале баъд аз он тадриҷан фаромӯш шуд ва танҳо аз ҷониби зардуштиён ҷашн гирифта мешуд. Ин ҷашн ҳар сол дар фасли зимистон, тақрибан панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил гардида, рамзи пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва умед ба фарорасии баҳор мебошад. Маънои вожаи “ Сада” ба рақами “ сад” вобаста аст. Тибқи ривоятҳо, аз рӯзи Сада то фарорасии Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз боқӣ мемонад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт. Дар ин рӯз мардумон оташи бузург меафрӯхтанд, гирди он ҷамъ омада, суруд мехонданд, рақсу бозӣ мекарданд ва бо шодмонӣ сардиҳои зимистонро паси сар карданро таҷлил менамуданд. Оташ дар фарҳанги ниёгон нишонаи покӣ, гармӣ ва ҳаёт ба ҳисоб мерафт.
Сада на танҳо ҷашни оташ, балки ҷашни меҳнату ҳамбастагӣ низ буд. Деҳқонон ба мавсими нави киштукор омодагӣ мегирифтанд, чорводорон барои баҳор нақша мекашиданд ва мардум бо ниятҳои нек ба оянда менигаристанд. Ин ҷашн инсонро ба дӯст доштани табиат, эҳтироми унсурҳои ҳаёт ва ҳамзистии осоишта даъват мекунад.
Имрӯз низ ҷашни Сада ҳамчун як ҷузъи муҳими мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик эҳё гардида, бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарӣ ва оинҳои суннатӣ таҷлил мешавад. Он моро ба решаҳои таърихӣ пайваста, ҳисси худшиносӣ, ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва ваҳдати ҷомеаро тақвият мебахшад.Сада паёми рӯшноӣ ва умед аст паёме, ки аз гузашта ба имрӯз расида, моро ба сӯи ояндаи равшан раҳнамун месозад. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон расонандаи муждаи баҳор буд. Вобаста ба ин Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷлили ҷашни Сада таъкид намуда буданд: “Бовар дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард”.