Нақши калидиро дар амалисозии сиёсати зидди коррупсия Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебозад. Ин ниҳод ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва тафтиш намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ фаъолият намуда, ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаро ба роҳ мемонад. Фаъолияти самараноки он ба таҳкими интизоми молиявӣ ва боло бурдани шаффофият дар сохторҳои давлатӣ мусоидат мекунад.
Бо вуҷуди ин, мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Пешгирии ин падида аз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи ахлоқии насли наврас оғоз меёбад. Муассисаҳои таълимӣ бояд дар руҳияи ростқавлӣ, адолатпарварӣ ва эҳтиром ба қонун ҷавононро тарбия намоянд. Зеро маҳз насли ояндасоз метавонад ҷомеаи солиму поквиҷдонро бунёд намояд.
Ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ яке аз роҳҳои самараноки коҳиши омилҳои коррупсионӣ ба ҳисоб меравад. Вақте ки хизматрасониҳо ба таври электронӣ ва шаффоф пешниҳод мегарданд, эҳтимоли дахолати омилҳои инсонӣ ва суиистифода кам мешавад. Ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилоотӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва бақайдгирии электронӣ ба рушди шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ мусоидат менамояд.
Илова бар ин, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма дар фош намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум муҳим аст. Ҳамкории зичи давлат ва ҷомеа метавонад фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба коррупсияро тақвият бахшад. Агар ҳар як шаҳрванд масъулияти шахсии худро дарк намояд ва нисбат ба қонун эҳтиром гузорад, замина барои коҳиши ин падида фароҳам мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки коррупсия на танҳо ба иқтисод, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ зарба мезанад. Он адолати иҷтимоиро халалдор карда, эътимоди мардумро коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, сиёсати зидди коррупсия на танҳо маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, балки як равандест, ки тағйири тафаккур ва фарҳанги ҷомеаро талаб мекунад.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки сиёсати зидди коррупсия – ин кафили рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ ва пойдории сулҳу субот мебошад. Танҳо бо иродаи қавии сиёсӣ, назорати муассир ва иштироки фаъоли ҷомеа метавон ба ҳадафҳои гузошташуда ноил гардид. Ҷомеаи шаффофу адолатпарвар асоси пешрафти давлат ва зиндагии шоистаи мардум аст.
н.и.п.,дотсент Маҳмудзода Қумринисо Нурали
муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»