КОРРУПСИЯ – МОНЕАИ ҶИДДӢ ДАР РОҲИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

0 1

Коррупсия яке аз падидаҳои номатлубест, ки ба рушду нумӯи давлат таъсири манфӣ расонида, эътимоди мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ коҳиш медиҳад. Ин зуҳурот метавонад ба соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои муҳими ҷомеа зарари ҷиддӣ ворид намояд. Аз ҳамин ҷиҳат, мубориза бар зидди коррупсия яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Бо мақсади коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ ва таҳкими шаффофият дар идоракунии давлатӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 татбиқ шуда истодааст, ки ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти назорати ҷамъиятӣ ва рушди фарҳанги зиддикоррупсионӣ равона гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар халал ворид мекунад ва мубориза бо он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад». Ин суханон аҳамияти масъулияти шаҳрвандиро дар ин самт равшан месозанд.

Яке аз роҳҳои асосии пешгирии коррупсия ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Ҳар қадаре ки сатҳи донишу маърифат боло равад, ҳамон қадар эҳтимоли содир шудани амалҳои ғайриқонунӣ кам мегардад. Дар ин раванд, муассисаҳои таълимӣ нақши калидӣ мебозанд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ростқавлӣ, адолат ва эҳтиром ба қонун метавонад ҷомеаро аз чунин зуҳуроти манфӣ эмин нигоҳ дорад.

Ҳамзамон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ имконият медиҳад, ки тамоси мустақими шаҳрвандон бо мансабдорон коҳиш ёфта, омилҳои мусоидаткунандаи коррупсия бартараф гарданд. Шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва назорати ҷамъиятӣ аз омилҳои муҳими паст кардани сатҳи коррупсия ба ҳисоб мераванд.

Бояд қайд намуд, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин масъулияти умумимиллӣ буда, иштироки фаъоли тамоми қишрҳои ҷомеаро талаб мекунад. Ҳар як шаҳрванд бояд дар амал ба қонун эҳтиром гузошта, аз ҳар гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намояд.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки танҳо бо талошҳои муштарак, иродаи қавии сиёсӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мо метавонем ҷомеаи одилона, шаффоф ва пешрафтаро бунёд намоем. Зеро ҷомеаи бе коррупсия – ҷомеаи дорои адолат, эътимод ва рушди устувор мебошад.

Сабур Шарипов

Омӯзгори кафедраи «Забони русӣ»- и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.