АРТИШИ МИЛЛӢ-ИФТИХОР ВА МУҲОФИЗАТИ МИЛЛАТ

0 2

Санаи 20.02.2026 ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, узви Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Бозорзода Сафаралӣ оғоз гардида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Қайд гардид, ки ҳамасола 23-юми феврал дар саросари кишвар ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Таъкид шуд, ки ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси миллатро мебояд, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва садоқат ба халқу Ватан барои ҳифзи ҳар ваҷаб хоки муқаддаси кишвар омода бошад.Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимоди истиқлол, кафили амнияти миллӣ ва такягоҳи сулҳу суботи ҷомеа ба шумор мераванд. Зикр гардид, ки нақши муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон басо муҳим мебошад.Таъкид карда шуд, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, беҳтар намудани шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Боиси ифтихор аст, ки Артиши миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ тадриҷан ба як неруи муназзаму тавоно табдил ёфта, рисолати муқаддаси худро – ҳифзи амният ва оромии давлату миллатро сарбаландона иҷро менамояд.Дар ҷараёни чорабинӣ аз суханрониҳои Пешвои миллат иқтибос оварда шуд, ки таъкид менамоянд:«Ман боварӣ дорам, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ, вазифаи муқаддаси хешро дар самти ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу субот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона иҷро менамоянд».Ҳамзамон, аз ҷониби як қатор донишҷӯёни муассиса саҳначаҳои тарбиявӣ ва маърӯзаҳо бахшида ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, ки рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро дар дили ҳозирин боз ҳам таҳким бахшиданд.Дар фарҷоми чорабинӣ ба меҳмонон, омӯзгорон ва як қатор донишҷӯёни фаъол сипосномаҳо тақдим карда шуд.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.