Ин нукта нишон медиҳад, ки ҳифзи сулҳу субот ва истиқлолият вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сарбозу афсар мебошад. Имрӯз хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мояи ифтихор аст. Хизмат дар артиш ҷавонро обутоб дода, ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ را тақвият мебахшад.
Артиши миллӣ такягоҳи боэътимоди давлат буда, дар таъмини амнияту суботи ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ҳар як сарбозу афсар бо садоқат ба Савганди ҳарбӣ ва эҳтиром ба Парчами давлатӣ хизмат намуда, шарафи миллатро ҳимоя мекунад.
Хулоса, Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди ҳарбӣ, балки сипари боэътимоди давлат, рамзи қудрат ва нишонаи ваҳдату истиқлолияти Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси ҳар яки мост ва пос доштани ин арзиши олӣ нишонаи худшиносии миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстист.
Убайдулои Рустам
Мудири кафедраи «Мудофиаи шаҳрвандӣ ва ОИҲ»- и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»