АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ 0 2 Мубодила кардан «Мо артиши худро дар заминаи холӣ, дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ ва иқтисодӣ таъсис додем, вале имрӯз он ба як нерӯи пуриқтидор ва муназзами дифоӣ табдил ёфтааст.» Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ яке аз пояҳои асосии ҳар як давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Қувваҳои Мусаллаҳ рамзи қудрат, субот ва кафили амнияти миллӣ мебошанд. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, 23 феврали соли 1993 таъсиси расмии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил карда мешавад. Дар солҳои аввали истиқлолият Артиши миллӣ дар шароити душвор таъсис ёфта, тадриҷан ба неруи муназзаму қавӣ табдил ёфт. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ бисёр назаррас мебошад. Бо сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи доимӣ ба соҳаи мудофиа, заминаи устувори артиши касбӣ гузошта шуд. Имрӯз Артиши миллӣ ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амният ва суботи ҷомеаро ба уҳда дорад. Сарбозону афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, иродаи қавӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ хизмат менамоянд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва худшиносӣ буда, ҷавононро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбия мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон имрӯз бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, сатҳи омодагии ҷангии онҳо пайваста такмил дода мешавад. Машқҳои ҳарбӣ, боло бурдани савияи касбӣ ва таҳкими интизом барои ҳифзи сулҳу суботи кишвар заминаи боэътимод фароҳам меорад. Артиши миллӣ имрӯз яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва кафили амнияти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми афсарону сарбозони шуҷои Ватан, кормандони мақомоти ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик менамоем! Ба Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, иродаи мустаҳкам, рӯҳи баланди ватандӯстӣ, осмони софу ором ва барори кор орзу дорем. Бигзор ҳамеша дар иҷрои рисолати муқаддаси худ — ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини сулҳу суботи ҷомеа — муваффақу сарбаланд бошед. Артиши миллӣ ифтихори миллат ва сипари боэътимоди давлат аст. Бо вуҷуди Шумо сулҳу оромӣ, субот ва пешрафти Тоҷикистон таъмин мегардад. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ муборак бод! Оишаи Қувваталӣ Омӯзгори кафедраи «Кори ҳамширагӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» 0 2 Мубодила кардан