Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ 13,5 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки барои таъмини пурраи эҳтиёҷоти кишвар ба нерӯи барқ ва ҳатто содироти он имконияти васеъ фароҳам меорад. Бо дарназардошти набудани захираҳои нафту газ ва маҳдудияти воридоти барқ аз дигар кишварҳо, рушди гидроэнергетика роҳи ягонаи ҳалли масъалаи таъминоти устувори энергетикӣ ба шумор меравад.
Имрӯз ҳар як фарди ватандӯст бояд дарк намояд, ки Роғун танҳо як иншооти техникӣ нест, балки рамзи ваҳдат, иттиҳод ва худшиносии миллӣ мебошад. Саҳмгузорӣ дар бунёди он — саҳмгузорӣ дар ободии Ватан аст.
Бо зӯри бозувон Ватан аз нав бино кунем,
Худро зи қайди панҷаи зулмат раҳо кунем.
Ба ҳар муроди худ ба Худо мерасем агар,
Меҳри Ватан чу дар дилу дар дида ҷо кунем.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки қудрату шаҳомати Роғун аллакай дар қалби мардум ҷой гирифтааст ва он ба рамзи рушду саодати миллат табдил ёфтааст. Роғун бунёд мешавад — зеро онро иродаи қавии миллат месозад.