23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА КАФИЛИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ 0 2 Мубодила кардан 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил мегардад. Ин сана ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. 23 феврали соли 1993, дар марҳилаи ҳассоси таърихи навини давлатдорӣ, пояҳои нахустини Артиши миллӣ гузошта шуданд. Ин рӯйдод яке аз муҳимтарин қадамҳо дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар маҳсуб меёбад. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавон ба зарурати ташкили низоми мудофиавии мустақил рӯ ба рӯ гардид. Дар илми сиёсатшиносӣ ва давлатдорӣ Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун яке аз нишонаҳои асосии соҳибихтиёрӣ эътироф мешаванд. Давлате, ки артиши худро надорад, наметавонад амният ва суботи дохилиро ба таври комил таъмин намояд. Қувваҳои Мусаллаҳ вазифадоранд ҳифзи тамомияти арзӣ, муқовимат ба таҳдидҳои беруна, таъмини амнияти сарҳад ва саҳмгузорӣ дар суботи сиёсиву иҷтимоиро ба зимма гиранд. Аз нигоҳи назарияи амнияти миллӣ, устувории давлат ба се омили асосӣ вобаста аст: амнияти сиёсӣ, амнияти иқтисодӣ ва амнияти ҳарбӣ. Маҳз ҷузъи ҳарбӣ ҳамчун кафили ҳифзи ду омили дигар амал мекунад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд. Қабули қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дигар санадҳои меъёрӣ, ба ташаккули низоми муназзами мудофиавӣ мусоидат намуданд. Бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳила ба марҳила заминаи моддию техникӣ таҳким ёфта, шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар гардид. Бунёди қисмҳои ҳарбӣ, таъмиру навсозии инфрасохтор ва таъмин бо техникаву таҷҳизоти муосир аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим дар ин самт мебошанд. Ҷаҳони муосир бо таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯст. Терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки суботи минтақаро халалдор месозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва доштани сарҳади тӯлонӣ масъулияти бузургеро дар таъмини амнияти сарҳадӣ бар дӯш дорад. Дар чунин шароит омодагии баланди касбӣ, интизоми низомӣ ва сатҳи хуби таълимии хизматчиёни ҳарбӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад. Артиши миллӣ на танҳо неруи дифоӣ, балки мактаби ҷасорат, ватандӯстӣ ва тарбияи шаҳрвандии ҷавонон мебошад. Таҳкими иқтидори мудофиавӣ танҳо вазифаи сохторҳои ҳарбӣ нест. Ҷомеаи солим, ҷавонони босавод ва дорои ҳисси баланди худшиносӣ заминаи асосии артиши қавӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан ва омодагӣ ба ҳифзи он нақши муҳим мебозанд. Махсусан донишҷӯёни соҳаи тиб дар шароити имрӯза метавонанд дар ҳолатҳои фавқулода, офатҳои табиӣ ва вазъиятҳои изтирорӣ бо донишу малакаи худ ба ҷомеа ва ҳатто ба сохторҳои низомӣ кумак расонанд. Ҳамин гуна ҳамбастагии соҳаҳои гуногун заминаи устувории давлатро таъмин менамояд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи муназзам ва боэътимод табдил ёфтаанд. Сарбозону афсарони далер бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ хизмат мекунанд. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ посдори сулҳу субот ва ҳомии оромии шаҳрвандон мебошад. Таҷлили 23 феврал на танҳо арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, балки гиромидошти арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва давлатдории муосири тоҷикон аст. Маъмурият ва коллективи омӯзгорону донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” тамоми хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарону сарбозон, собиқадорони соҳаи ҳарбӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 23 феврал – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд. Ба ҳомиёни далеру шуҷои Ватан сиҳатмандии комил, иродаи қавӣ, сарбаландӣ ва муваффақият дар хизмати пуршарафашон орзумандем. Бигзор сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша пойдор бошад ва Парчами давлатии кишвар баланду парафшон бимонад! Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод! н.и.т., НАЗАРЗОДА Ҷумахон Шамс Директори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» 0 2 Мубодила кардан