ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ТАНИ ОДАМИ ШАРИФ АСТ, БА ҶОНИ ОДАМИЯТ»

0 2

Имрӯз, санаи 18.02.2026, дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони «Тани одами шариф аст, ба ҷони одамият» баргузор гардид. Дарси мазкур дар гурӯҳи 108 ихтисоси кори ҳамширагӣ аз ҷониби омӯзгори кафедраи Забон ва адабиёти тоҷик Гулбаҳори Соҳибназар, ки ҳамзамон сарпарастии ин гурӯҳро бар уҳда дорад, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва мазмунӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни дарс ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон, сардори шуъбаи илмию методӣ Абдураҳмонов Карим, раиси Шӯрои роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ Аламхонова Санавбар, омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории чунин дарси тарбиявӣ таҳкими ҳисси худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ дар замири ҷавонон буда, он ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои неки ниёгон равона гардидааст.

Зимни баромади худ омӯзгор Гулбаҳори Соҳибназар таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаю ободкоронаи Сарвари давлат — Эмомалӣ Раҳмон — ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардидааст.

Дар рафти дарс донишҷӯён дар васфи Ватан, Модар ва арзишҳои инсонӣ шеърҳо қироат намуда, суханони пурмазмуну ҳикматомез иброз доштанд. Ҳамчунин, омӯзгор аз таърихи давлатдории тоҷикон, мероси пурғановати ниёгон ва мақоми инсон дар ҷомеа андешаронӣ намуд.

Донишҷӯёни гурӯҳи 108-и кори ҳамширагӣ фаъолияти хуб нишон дода, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас ва асоснок доданд. Махсусан, донишҷӯи ҳамин гурӯҳ Мадаёмова С. дар мавзӯи «Инсондустӣ» шеърҳои таъсирбахш қироат намуд.

Дарси кушоди тарбиявӣ дар сатҳи баланди илмӣ ва тарбиявӣ баргузор гардида, аз ҷониби маъмурияти муассиса ба он баҳои баланд дода шуд. Соати тарбиявии имрӯза дар замири донишҷӯён ҳисси миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои ниёгон ва муносибати инсондӯстона нисбат ба дигаронро тақвият бахшид.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.